Муносибати густурда бо Хитой аз дастовардҳои дипломатияи тоҷик мебошад

№29 (3666) 14.03.2017

БиблиотекаБа шарофати Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯз то рӯз мавқеъ ва манзалати худро дар арсаи байналмилалӣ устувор намуда истодааст. Пас аз эълон гардидани Истиқлолияти давлатӣ, 9 сентябри соли 1991, кишвари мо муносибатҳои дипломатии худро бо кишварҳои хориҷӣ оғоз бахшид ва ба зудӣ муваффақ ҳам гардид. Танҳо то охири соли 1992 кишвари моро беш аз 50 давлати дунё ба расмият шинохт. Имрӯз бошад, Тоҷикистон тақрибан бо 152 кишвари дунё робитаҳои сиёсию дипломатӣ ва тиҷоратию иқтисодӣ дорад. Дар баробари ин, Тоҷикистон ба узвияти бонуфузтарин созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (26 феврали соли 1992), Созмони Милали Муттаҳид (2 марти соли 1992), Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (апрели соли 1992), Созмони Конфронси Исломӣ (1 декабри соли 1992) ва Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (18 январи соли 1993) пазируфта шуд.

Имсол аз барқарории муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аксари кишварҳои хориҷӣ бисту панҷ сол пур мешавад. Яке аз чунин кишварҳо, ки пайванди дӯстиву риштаи ҳамкорӣ бо он самараи нек овардааст, Ҷумҳурии Халқии Хитой мебошад. Муносибати мо бо ин давлати бузурги ҷаҳон 4 январи соли 1992 барқарор гардид ва Сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро 13 марти соли 1992 оғоз кард. Баъдтар, аниқтараш 7 апрели соли 1997, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Хитой, дар шаҳри Пекин ба фаъолият шурӯъ намуд.

Мавриди зикр аст, ки нахустин сафари расмии Роҳбари давлат, он вақт Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хориҷи кишвар ба Ҷумҳурии Халқии Хитой сурат гирифта буд. Зимни сафари мазкур, 7-11 марти соли 1993, Эъломияи муштарак дар бораи принсипҳои асосии муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой аз тарафи роҳбарони ду давлат ба имзо расид. Ғайр аз ин, ҳашт созишнома ва ду протокол дар бораи ҳамкории дуҷониба имзо шуд. Тадриҷан 200 санади меъёрии ҳуқуқӣ барои ҳамкории дуҷониба роҳ кушоданд. Имрӯз Ҷумҳурии Халқии Хитой шарики стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкиму густариши робитаҳои дӯстона миёни онҳо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии давлати мо ба ҳисоб меравад. Ҳоло ҳаҷми мубодилаи молу маҳсулот миёни ду кишвар ба беш аз 1 миллиард доллари амрикоӣ расидааст, ки ин мавқеи аввали Хитойро дар байни сегонаи бузургтарин шарикони тиҷоратии Тоҷикистон таъмин менамояд.

Ба хотири тавсеаи бештари муносибатҳо дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, баъд аз мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави замонавӣ, 24 январи соли 2013 гӯшаи фарҳанги Хитой ифтитоҳ ёфт. Гӯшаи мазкур дорои 8000 нусха китоб ва 2000 нусха маҷалла бо забонҳои чинӣ ва русӣ буда, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Аз оғози фаъолият то ба имрӯз 6850 нафар хонанда аз хизматрасонии гӯшаи мазкур баҳравар гардида, дар бораи фарҳанги волои ин кишвари бостонӣ, вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ, ҷуғрофӣ ва тарзи зиндагии мардуми куҳанбунёди он маълумоти муфид пайдо карданд. Шумораи зиёди хонандагон ба курсҳои омӯзишии забони чинӣ, ки ин гӯша ба тариқи ройгон ташкил кард, фаро гирифта шуданд. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар 112 мактаби олии Хитой беш аз 2 ҳазор донишҷӯйи тоҷик таҳсил мекунанд. Ҷониби Хитой барои мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои гуногун курсҳои омӯзишӣ, семинарҳо ташкил менамояд. Ҳамчунин, дар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшҳои омӯзиши забони чинӣ низ фаъоланд.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ҳамкориҳо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус кишварҳои ҳамсояву пешрафта зарурати замон аст. Дар ин бобат муносибатҳои густурда бо Ҷумҳурии Халқии Хитой, бешубҳа, аз дастовардҳои дипломатияи тоҷик ба шумор меравад.

С. Сафаров,

муовини якуми директори ­Китобхонаи миллии Тоҷикистон