Созмони ҳамкории Шанхай. Ҷараёни ҳамроҳшавӣ ба он идома дорад

№58 (3538) 05.05.2016

news_20140305110647_23728-29 апрели соли 2016 дар шаҳри Душанбе бо ҳузури 120 меҳмони баландпоя аз 20 кишвари ҷаҳон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ҷаласаи ёздаҳуми Форуми Созмони ҳамкории Шанхай доир гашт. Он бо табрикоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки онро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Азамшо Шарифӣ қироат кард, оғоз ёфт. 

Форуми Созмони ҳамкории Шанхай бори дуюм аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад. Вазифа ва ҳадафи он таҳлили амиқи самтҳои асосии фаъолияти ниҳоди мазкур, пешбинии масъалаҳо, имкониятҳои рушди созмон ва таъмини фаъолияти он мебошад. Ҳамоиши Душанбе на танҳо барои кишварҳои узви СҲШ, балки тамоми минтақа як рӯйдоди муҳими сиёсию таҳлилӣ мебошад. Дар ҳашт ҷаласаи ҳамоиши Душанбе, ки тайи ду рӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуд, масъалаҳои муҳим, аз қабили нақш ва ҷойгоҳи СҲШ дар мубориза бо таҳдидҳои муосири глобалӣ, аз ҷумла терроризм ва экстремизми динӣ, дурнамои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ дар ҳавзаи кишварҳои созмон, масъалаҳои истифодаи оқилонаи обу энергетика дар минтақа, рушди ҳамкорӣ дар бахши нақлиёту коммуникатсия, ояндаи ҳамкориҳои илмию омӯзишӣ дар доираи Форуми ҷавонони СҲШ, дурнамои тавсеаи СҲШ ва ҳамкориҳои самараноки он бо созмонҳои дигари минтақавӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Коршиносон аз кишварҳои узви СҲШ омилҳои асосии рушди ифротгаройӣ ва терроризм, сатҳ ва миқёси воқеии ин хатарҳо, роҳҳои муассири мубориза бо он, нақши Маркази зиддитеррористии СҲШ дар ин самтро омӯхта, ҷиҳати ҳалли масоили Афғонистон ва зарурати фаъолсозии гурӯҳи муштараки «СҲШ — Афғонистон» табодули назар намуданд.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Х. Холиқназар доир ба тадбирҳои муқовимат ба экстремизм ва тундгароии динӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ маърӯза кард.

Узви доимии Раёсати маркази тадқиқотии хитойии Созмони ҳамкории Шанхай Дэн Сяосин густариши ҳамкорӣ дар доираи созмони мазкурро ҷавобгӯйи манфиатҳои давлатҳои минтақа ҳисобид.

- Таҳдиди хатар ба Осиёи Марказӣ зиёд шудааст, ки ин, пеш аз ҳама, ба Афғонистон ворид шудан ва мавқеъ гирифтани давлати ба номи исломӣ вобаста аст, — гуфт Дэн Сяосин. Аз нигоҳи ӯ размандагони давлати исломӣ аз толибони Афғонистон хатари бештар доранд, толибон дар Афғонистон ҳокимияти худро барпо карданӣ ҳастанд, аммо давлати исломӣ бо роҳи зӯрӣ мехоҳад хилофатро ташкил диҳад, ки ҳудуди зиёд, аз ҷумла Осиёи Марказиро низ фаро мегирад.

- Ҳоло маълум нест, ки теъдоди размандагон дар Афғонистон чанд нафарро ташкил медиҳад, аммо ташвишовар аст, ки ба гурӯҳҳои террористӣ шаҳрвандони дигар давлатҳо, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ҳар роҳу восита шомил мешаванд, — афзуд Дэн Сяосин ва илова кард: — Қисме аз онҳо ба кишварҳои худ баргашта, бо фармоиши хоҷагонашон даст ба тахрибкорӣ мезананд.

Аз ин рӯ, вазъ тақозо дорад, ки муқовиматро дар ин самт пурзӯр намоем. Дар ин самт ҳамкориҳои Созмони ҳамкории Шанхай бо Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ бояд самаранок бошад.

- Боиси эътироф аст, ки Ҷумҳурии Исломии Афғонистон то соли 2010 майли зиёд ба Ғарб дошт, — гуфт дотсенти кафедраи сиёсати ҷаҳонии Институти давлатии муносибатҳои байналмилалии Москва ­И. А. Сафранчук ва идома бахшид: — Шурӯъ аз ҳамин сол Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамкориҳои худро бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Созмони ҳамкории Шанхай тақвият бахшид. Аммо созмони мазкур дар ибтидо ба қазияи Афғонистон таваҷҷуҳи камтар дошт. Ҳарчанд дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай Гурӯҳи алоқа доир ба Афғонис­тон ташкил шуда бошад ҳам, фаъолияти муассир надошт. Ҳол он ки маҳз аз Афғонистон ба кишварҳои ҳамсоя хатари терроризм таҳдид мекунад. Ҳоло давлатҳои Осиёи Марказӣ барои пешгирии таҳдид ва хатари гурӯҳҳои террористӣ роҳу воситаҳои гуногуни ба худ хосро истифода мебаранд. Чунончӣ, Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳифзи сарҳади давлатӣ танҳо ба неруҳои ҳарбии худ такя дорад.

Туркманистон дар масъалаи ҳифзи сарҳад ва муътадил гардондани амнияти минтақа бо роҳи гуфтушунид аз СММ (Туркманистон дар Осиёи Марказӣ ягона давлатест, ки расман статуси бетарафӣ дорад) истифода бурдан мехоҳад. Ба ибораи дигар, Туркманистон мақсад дорад, ки танҳо бо гуфтушунид ва муколама пеши роҳи хатарро гирад. Аммо бад шудани вазъ дар сарҳади Туркманистону Афғонистон зарурати аз неруи ҳарбӣ истифода бурданро тақозо дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзи марз бо Афғонистон асосан ба неруҳои ҳарбии миллӣ такя мекунад, аммо ҳамкории зичро бо созмонҳои амниятии минтақа, қабл аз ҳама бо Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ба роҳ мондааст.

Мақомоти доимоамалкунандаи Созмони ҳамкории Шанхай сохтори минтақавии зиддитеррористӣ мебошад. Ин сохтор дар асоси Конвенсияи Шанхай барои мубориза бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротгаройӣ 15 июни соли 2001 таъсис ёфтааст. Намояндаи Комитети иҷроияи сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай Артур Голованов иттилоъ дод, ки солҳои 2013-2015 аз ҷониби ин сохтор дар натиҷаи ҳамкориҳои муштараки мақомоти дахлдор 500 амали террористӣ ошкор ва пешгирӣ шуд. 440 пойгоҳи тайёрии низомии террористон барҳам хӯрда, зиёда аз 1000 нафар террорист безарару дастгир шуд ва аз онҳо 5 ҳазор яроқи оташфишон, 46 тонна маводи тарканда ва дигар лавозимоти ҷангӣ дарёфту мусодира гардид.

Масъалаи табдили «Панҷгонаи Шанхай» ба Созмони ҳамкории Шанхай ҳангоми мулоқоти сарони давлатҳо (5 июли соли 2000) дар шаҳри Душанбе ба миён гузошта шуд. Дертар дар маҳфили сиёсӣ, 15 июни соли 2001, Созмони ҳамкории Шанхай дар ҳайати Ҷумҳурии Халқии Хитой, Федератсияи Россия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ташкил шуд.

Баъди ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон ба ин созмон «Панҷгонаи Шанхай» ба «Шашгонаи Шанхай» табдил ёфт.

Ҳоло як қатор кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Ҳиндустон, Покистон, Беларус, Туркия, Афғонистон, Эрон, Арманистон, Озарбойҷон, Муғулистон, Камбоҷа, Шри-Ланка, Непал ба унвони кишварҳои нозир ва ё шарикони муколама дар он ширкат менамоянд. Мувофиқи қарори сарони давлатҳои узви СҲШ, аз соли 2015, дар назар аст, ки ояндаи наздик барои узвияти Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон ба ин созмон шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад. Таваҷҷуҳи зиёди кишварҳои ҷаҳон ба СҲШ баёнгари обрӯи афзояндаи ин созмон аст. Баргузории форуми мазкур дар пойтахти кишвари соҳибистиқлоли мо қадами навбатӣ ба сӯи тақвияти ҷойгоҳи байналмилалии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дар охири ҷаласаи ёздаҳуми Форуми Созмони ҳамкории Шанхай Протокол ба имзо расид.

 Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»