25 январи соли 2017 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд» ба имзо расид.
Лоиҳаи қарори мазкур дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 январи соли 2017 аз ҷониби аъзои Ҳукумати мамлакат баррасӣ ва тасдиқ гардид. Мақсад аз он мукаммал намудани низоми барасмиятдарорӣ ва додани раводид, раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд мебошад, ки аз 1 июни соли 2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намуда истодааст. Барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи пешниҳоди ҳуҷҷатҳо, баҳри дастрас кардани раводид, шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд ба намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва барои тамдиди раводид ба Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
www.president.tj