Тоҷикистон: Аз харобиву нооромӣ то қуллаҳои баланди рушд

№ 26.08.2016

Дар конференсияе, ки 25 августи соли равон зери унвони «Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 25 соли Истиқлолияти давлатӣ»  бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, масъулини вазорату идораҳо оид ба рушди инкишофи соҳаҳои ҷудогона маълумот доданд. Директори Марказ Худобердӣ Холиқназар гуфт, ки дар арафаи 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шудани конференсияи мазкур аҳамияти бузург дорад, зеро  ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ  дар баробари муҳимтарин дастоварди сиёсии кишвар ба шумор рафтанаш, ҳамзамон рӯйдоди тақдирсоз мебошад, ки дар ҳошияи он Тоҷикистон бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист аз харобиву нооромӣ ба зинаҳои баланди рушд мушарраф гардад. Аз ин рӯ, ҳифз ва арҷгузории дастовардҳои даврони истиқлолият на камтар аз ҳифз ва арҷгузорӣ ба Истиқлолияти давлатӣ аст.

Намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобошоҳзода Маҳмадшариф доир ба дастовардҳои Тоҷикистон соҳибистиқлол бо роҳбарии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда,  гуфт, ки бақои миллат ба истиқлолияти он вобастагӣ дорад. Вакили  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода низ оид ба ташаккули низоми сиёсӣ ва қонунгузории кишвар суханронии пурмуҳтаво кард. Ҳамин тариқ, намояндагони Суди Олӣ,  Шӯрои ҷамъиятӣ, вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, нақлиёт, саноат ва технологияҳои нав, маориф ва илм ва Бонки миллии Тоҷикистон дар мавзӯи конференсия андешаронӣ намуданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»