Туҳфаҳои раиси вилоят ба мактаббачагони ВМКБ

№119-120 (3420-3421) 07.09.2015

Дар арафаи ҷашни 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо шароити зисти фарзандони оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар лагери «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ба истироҳат фаро гирифта шудаанд, шинос гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар остонаи Рӯзи дониш муҳассилини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро шодбош гуфта, онҳоро бо хониши хубу аъло ҳидоят намуд. Таъкид бояд кард, ки барои таҳсили хонандагон беҳтарин шароити хониш ва синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо технологияҳои замонавӣ дар истироҳатгоҳ омода шудааст ва онҳо соли нави хонишро дар ин ҷо оғоз менамоянд. То сохта ба охир расонидани манзилҳои истиқоматии оилаҳояшон онҳо дар вилояти Суғд ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Дар остонаи соли нави хониш мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои  кӯдакону наврасон маҳфилу мулоқоти шавқовар ороста, ба 110 нафар фарзандони оилаҳои аз офати табиӣ зарардида сару либоси мактабӣ, пойафзол, ҷузвдон, китобҳои дарсӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ туҳфа намуд.

Шафоат Султонсалимшоева ва Қурбонбегим Чоршанбиева — хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и ба номи Раҷаббек Нафасбекови деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон аз номи тамоми наврасон миннатдориашонро ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ изҳор доштанд.

Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум»