Тундбоди сахт дар Кӯлоб

№ 14.06.2016

k05_24786107КӮЛОБ. Шоми 10-уми июн тӯли як соат шаҳри Кӯлобро  тундбоди мудҳише  фаро гирифт. Дар натиҷаи вазиши сахти бод қисмате аз болопӯшҳои хонаҳо парида, садҳо дарахтон, аз   қабили сӯзанбаргҳои азим, решакан шуданд ва бисёре аз  шиору овезаҳои кӯчаву хиёбонҳо  кандаву хароб гардиданд.

Айни ҳол мақомоти дахлдор вобаста ба муроҷиати шаҳрвандон ва  ташкилоту муассисаҳои осебдида машғули муайян кардани сатҳи аз тундбод зарар дидани хоҷагиҳои шахсию давлатианд. Мутахассиси шуъбаи суғуртаи шаҳри Кӯлоб Темур Маҳмадқулов зимни суҳбат гуфт, ки  аз кӯчаи  ба номи Содиқов, Хатти роҳи оҳан, Корвонгузар ва  дигар кӯчаҳо дар хусуси аз шиддати  тунбод канда шудани болопӯшҳои хонаҳояшон хабар доданд.

 Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ«Садои мардум»