Ба «Садои мардум» ҷавоб омад

Тут гуфт, бед фаҳмиданд

№151 (3631) 10.12.2016

Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи сокини шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Музаффар Хоҷаевро, ки таҳти унвони «Айб дар ош аст ё дар мош?» дар рӯзномаи «Садои мардум» аз 24 майи соли 2016, №67 (3547) нашр шудааст, баррасӣ намуда, муайян кард:

 Таъин ва бозҳисобии нафақаи М. Хоҷаев аз рӯи асноди нафақавӣ ва ҳуҷҷатҳои дар он маҳфузбуда мавриди таҳлил қарор дода шуд. Таҳлил нишон дод, ки номбурда моҳи декабри соли 2014 барои таъини нафақа ба Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муроҷиат намудааст. Аз сабаби мутобиқ набудани музди меҳнат ва фаъолияти кории 24 моҳи охири пеш аз муроҷиат ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар КМДҶ — и «Тиллои Тоҷик» сурат гирифтааст, таъини нафақаи ӯ бо дарназардошти собиқаи кории 31 — сола аз рӯи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол ҳисоб ва таъин карда шудааст.

Яъне, барои фаъолияти кории 25-сола ба андозаи 100 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол, ки дар ҳамон давра 130 сомониро ташкил менамуд ва барои ҳар соли зиёда аз 25 — солаи корӣ 1 фоизӣ аз андозаи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол, — 7,80 сомонӣ ва дар маҷмӯъ 137, 80 сомонӣ таъин карда шудааст, ки дуруст мебошад.

Қайд намудан лозим аст, ки тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» нафақаи меҳнатӣ аз рӯи музди миёнаи меҳнати 24 моҳи пай дар пайи пеш аз корро қатъ намудан ва барои давомдиҳандагони кор бошад, аз рӯи 24 моҳи пай дар пай пеш аз муроҷиат ба нафақа ё ин ки панҷсолаи пай дар пайи (бо интихоби шахси барои таъини нафақа муроҷиаткунанда) тамоми давраи фаъолияти меҳнатӣ, ки ба таъмини нафақаи хизмати дарозмуддат ҳуқуқ медиҳад, ҳисоб ва таъин карда мешавад. Дар сурати мутобиқ набудани маълумотномаи музди меҳнати пешниҳодшуда ба талаботи зикр­гардида ва ё пешниҳод нагардидани маълумотномаи музди меҳнат, андозаи нафақа бо дарназардошти собиқаи кории мавҷуда аз рӯи ҳадди ақали нафақа ҳисоб карда мешавад.

Муқаррароти қисми чоруми моддаи 71 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки ба моддаи 23 ҳамин қонун истинод мекунад, нисбат ба нафақаҳои меҳнатӣ «аз рӯи маъюбӣ ва барои маҳрум шудан аз саробон пешбинӣ гардидаанд».

Натиҷаи таҳлил собит намуд, ки таъин ва бозҳисобии нафақаи Музаффар Хоҷаев аз рӯи ҳуҷҷатҳои дар асноди нафақавии мавҷудбуда, бо риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа сурат гирифтааст.

 Н. ОДИНАЗОДА, муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   

Аз идора. Музаффар Хоҷаев бо истифода аз банди 4 моддаи 71 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2012 №823 «Агар шахси барои нафақа муроҷиаткарда аз 24 моҳ камтар собиқаи корӣ дошта бошад ва он ба талаботи моддаи 23-юми қонуни мазкур мутобиқ аст, музди моҳонаи миёна бо роҳи тақсими маблағи умумии музди моҳҳои тақвимии кор ба шумораи ин моҳҳо муайян карда мешавад», хостааст шарҳи онро, ки ба истилоҳҳои соҳавӣ баён шудааст, фаҳмад. Бинобар ин, ба идораи рӯзномаи «Садои мардум» муроҷиат кардааст. Панҷ моҳ аст, ки дар интизори ҷавоби номааш аст, то бидонад Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ тасмим мегирад?

Ба ӯ шарҳи зиёд лозим нест, чунки таъину ҳисоби нафақаро ба ӯ борҳо фаҳмондаанду дигар ба он ниёз надорад. Ба пиндори ӯ, банди 4 моддаи 71 дархӯри манзури ӯст. Агар не, пас ин банд барои кадом гурӯҳи пиронсолон таъин шудааст, ки дар  таркиби ҳамин модда норавшан мондааст?

Дар ин банд навишта нашудааст, ки «аз рӯи маъюбӣ ва барои маҳрум шудан аз саробон». Ин маъниро аз куҷо иқтибос овардаанд, муаллифони ҷавоб бояд мушаххастар намоянд. Пурсиши Музаффар Хоҷаев дар бораи фарқи «музди миёнаи моҳона» аз «музди моҳонаи миёна» низ беҷавоб мондааст.

Манзур аз ишора ба банди мазкур ин буд, ки меҳнати чандинсолаи М. Хоҷаев дифоъ карда шавад. Набояд бо як ҷурм шахс аз нафақаи барои хизмати дарозмуддат бенасиб монад.

Ҳоло аз муҳтавои ҷавоби мақомоти масъул М. Хоҷаев бо 45 сол собиқаи корӣ дар истеҳсолот ба шахсе баробар дониста мешавад, ки ягон сол собиқаи корӣ надорад ё худ дар ҷамъият танро ба кор надодааст

Воқеан, агар ҳамин хел бошад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро зарурати таҳриру тағйир додан пеш меояд, то кор бар зарари нафақагир анҷом наёбад. Ҳоло бо 45 сол собиқаи корӣ ба Хоҷаев Музаффар 184,60 сомонӣ нафақа таъин шудааст. Магар ин аз рӯи адлу инсоф аст?