6 ноябр –Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳуҷҷате, ки ифодакунандаи иродаи мардум аст

№140-141 (3125-3126) 04.11.2013

Аз соли 1994 инҷониб шашуми ноябр дар кишвар ҳамчун Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯй ба тамоми талаботи шаҳрвандон ва ҷомеа таҳия ва қабул гардида, дар он ба маънои томаш иродаи мардуми кишвар ифода ёфтааст. Таҷрибаи ҷаҳонӣ гувоҳи он аст, ки Конститутсия, қабл аз ҳама, асосҳои сохтори конститутсионӣ ва ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрвандро муқаррар намуда, низоми мақомоти ҳокимияти давлатиро муайян месозад. Агар ин ҳуҷҷати муҳимро амиқ мавриди омӯзиш қарор диҳем, дурустии суханони коршиносон бобати яке аз конститутсияҳои беҳтарини олам маҳсуб ёфтани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар собит мегардад. Масалан, боби якуми  он, ки «Асосҳои сохтори конститутсионӣ» ном дорад, дар он Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон шудааст. Дар моддаи 9 тартиби амалишавии ҳокимияти давлатӣ муайян шудааст, ки дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад.

Агар ба таърих назар андозем, маълум мегардад, ки пеш аз соҳибистиқлолии кишварамон чор маротиба Конститутсия қабул гардида буд. Ибтидои солҳои навадуми асри гузашта дар ҳаёти ҷамъиятӣ- сиёсии  давлати мо тағйироти куллӣ ба амал омад. Ин вазъияти баамаломадаи ҷамъиятӣ-сиёсиро ба назар гирифта, 9 сентябри соли 1991 Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум)  Изҳороти Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуда буд.

Изҳороти қабулшуда боиси он гардид, ки Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори махсуси худро «Дар бораи эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул намуда, матни Изҳороти Шӯрои Олиро дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул донист. Худи ҳамон рӯзи таърихӣ, яъне 9 сентябри соли 1991, тағйиру иловаҳои марбута ба Конститутсияи (Қонуни асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ворид гардиданд ва воқеияти истиқлоли Тоҷикистонро ба сатҳи меъёри конститутсионӣ расонида, ба он аз нигоҳи ҳуқуқӣ хусусияти баргаштнопазир дода шуд.

Минбаъд бо Қарори Иҷлосияи ҳабдаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссия оид ба тайёр намудани лоиҳаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов тасдиқ гардид.Аз ин бармеояд, ки дар саргаҳи таҳия ва қабули ин ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсоз низ фарзанди фарзонаи миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доштааст. Аз ин нуқтаи назар, ба номи ин абармард рабт додани тамоми пешравӣ ва дастовардҳои кишвари азизамон муболиға набуда, воқеиятест, ки наметавон онро инкор сохт.

Маҳз бо ҷаҳду талошҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷалби беҳтарин неруҳои зеҳнии кишвар лоиҳаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод гардид. Шашуми  ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки он далели возеҳи дар ҷодаи демократия собитқадам будани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Баъди мавриди амал қарор гирифтани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 марти соли 1995 «Дар бораи нақшаи ташкили кор ҷиҳати мутобиқгардонии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор қабул намуд, ки мутобиқи он бояд қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми нави ҳуқуқӣ мутобиқ гардонида мешуд. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз конститутсияҳои то ин давра амалкунанда бо якчанд хусусиятҳои хоси худ фарқ менамояд. Қабл аз ҳама, он дар натиҷаи таҳлилу омӯзиши инкишофи конститутсионии давлатҳои хориҷӣ, мутобиқ ба меъёрҳои умумии эътирофгардидаи байналмилалӣ, инчунин, бо назардошти анъана ва хусусиятҳои хоси миллӣ, таҳия ва аз тарафи халқи Тоҷикистон тавассути раъйпурсӣ озодона қабул гардид. Баъдан, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  соҳибистиқлолии давлатиро расмӣ гардонида, таҳкурсии таҳкими минбаъдаи онро таъмин намуд.

Қобили зикр аст, ки меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми ҳуқуқии ҷомеа эътибори олии ҳуқуқӣ доранд ва мустақиман амал мекунанд. Муқаррар гардидааст, ки тамоми дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд дар асос ва мутобиқи он қабул карда шаванд ва ба меъёрҳояш мухолифат накунанд.

Яке аз дастовардҳои асосии дар сатҳи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда муқаррароти меъёри моддаи 5 мебошад, ки тибқи он инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ дониста мешаванд. Муқаррар шудааст, ки ҳаёт, қадр, номус ва дигар хусусиятҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.Гуфтан бамаврид аст, ки  ба даст овардани сулҳу оромӣ, ризоияту ваҳдати миллӣ яке аз хусусиятҳои асосии ин ҳуҷҷати муҳим маҳсуб меёбад. Маҳз меъёрҳои он мусоидат намуданд, ки сулҳу оромӣ ва ризоияти миллӣ заминаи муҳимтарини субот ва пешравии ҷомеаи мо гарданд.

Ба шарофати Конститутсия  дар мамлакат асосҳои низоми ҳуқуқии нави давлат муайян гаштанд. Дар таҷрибаи қонунгузорӣ  бори аввал қабули қонунҳои конститутсионӣ пешбинӣ шуд. Тибқи меъёри муқаррарнамудаи моддаи 61-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ оид ба масъалаҳое қабул карда мешаванд, ки маҳз Конститутсия  муайян намудааст. Қонунҳои конститутсионӣ, бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон қабул мегарданд ва Маҷлиси миллӣ  бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои худ онро ҷонибдорӣ мекунад. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо низоми  ҳуқуқии ҷомеаро мушаххас  намуд, балки мақоми амаликунандаи он ва тартиби қабули қонунҳоро низ пешбинӣ кард. Дар таърихи парламентаризми давлат бори аввал Парламенти думаҷлиса ба фаъолият шуруъ намуд. Муқаррар гардид, ки қонунҳоро Маҷлиси намояндагон қабул намуда, ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод менамояд. Маҷлиси миллӣ қонунро бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои худ ҷонибдорӣ мекунад. Ҳамчунин Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи меъёри конститутсионӣ субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузориро  муқаррар намуд. Мутобиқи моддаи 58 узви Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доранд.

Омили дигари муҳим он аст, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби пешниҳоди лоиҳаи ду қонунро алоҳида муайян  кардааст. Мутобиқи он лоиҳаи қонун дар бораи авф танҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда мешавад. Лоиҳаи қонун дар бораи буҷет оид ба муқаррар ва бекор кардани андозҳо бошад, танҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда мешавад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи авф ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатӣ танҳо аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, барои имзо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

Дар маҷмуъ, низоми ҳуқуқие, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, хеле дақиқ ва мушаххас буда, он ифодакунандаи иродаи тамоми қишрҳои ҷомеа мебошад.

Насиба Шарипова, сармутахассиси Маркази ҷумҳуриявии экспертизаҳои судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон