Ба истиқболи 20-умин солгарди қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои асосии инсон – нахустзаминаи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол

№27-28 (3173-3174) 20.03.2014

Яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлолият ин қабули Конститутсияи соли 1994-и Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Нақши таърихии ин санади тақдирсоз, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки он давлатдории навини моро тибқи меъёрҳои умумиэътирофшудаи байналмилалӣ, хусусиятҳои миллию таърихии давлатдории мо ба расмият даровард. Ин рӯйдод шароит фароҳам овард, ки  Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар радифи дигар давлатҳои дунё қадамҳои устувори худро паи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ гузорад. Ин ва дигар арзишҳои Конститутсияи мо буд, ки он ба сифати яке аз конститутсияҳои беҳтарин аз ҷониби мутахассисони байналмилалӣ эътироф гардид.

Ҳуқуқу озодиҳои инсон арзиши бунёдии Конститутсияи мо мебошад. Меъёрҳои Конститутсия аз аввал то ба охир ба эътирофу эҳтиром ва ҳимояву ҳифзи ҳуқуқи инсон равона шудаанд. Аз ҷумла, дар муқаддимаи он чунин гуфта шудааст: «Мо, халқи Тоҷикистон… озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда… ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем».

Моҳияти давлат, ки дар моддаи якуми он омадааст – давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ низ тасдиқи гуфтаҳои болост. Ифодаи идомаи ин арзишҳо дар моддаи панҷуми он баён шудааст: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд». Дар ин калимаҳо як ҷаҳон маъно ғунҷонида шудааст. Ин ҷо, пеш аз ҳама воло, боло ва дар сатҳи ниҳоят баланд қарор доштани инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ пеши рӯ меояд. Ин воқеиятро ба роҳбарӣ гирифта, моддаи 14 Конститутсия чунин муқаррар мекунад: «Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд.

Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд».

Дар ин ифода арзишҳои асосии ҳуқуқи инсон баён гардидааст. Қабл аз ҳама ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҳамбастагии қонунҳои миллӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ҳифз карда мешаванд. Лозим ба ёдоварист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гаштанаш, ҷонибдории худро ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии ҳуқуқи инсон изҳор намуда, аксарияти кулли ин санадҳоро ба тасвиб расонида, вобаста ба иҷрои онҳо Маърӯзаҳои худро пайваста пешниҳод ва ҳимоя менамояд. Танҳо дар соли 2013 ду маърӯзаи муҳими соҳаи ҳуқуқи инсони кишвар доир ба Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва Конвенсия дар бораи рафъи тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон дар кумитаҳои дахлдори СММ баррасӣ ва ҳимоя гардид. Муҳокимаҳо нишон доданд, ки дар Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд ва пайваста иқдомҳои нави дигар амалӣ мешаванд.

Гуфтаҳои болоро ба инобат гирифта, ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд дар боби дуюми Конститутсия баъд аз боби аввал, ки ба асосҳои сохтори конститутсионӣ бахшида шудааст, ҷой дода шудааст. Албатта, ин тасодуф нест. Ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд муайянкунандаи мақсад ва мазмуни қонунҳо, аз ҷумла Конститутсия мебошад.

Боби дуюми Конститутсия, ки ба ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд дахл дорад, яке аз бобҳои калон буда, аз 100 моддаи Конститутсия 34-тои онро дар бар гирифтааст. Дар ин боб ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ, шаҳрвандӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ифода ёфта, вазифаҳои асосии онҳо низ сабт шудаанд. Ин ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои асосии инсон, бо дарназардошти меъёрҳои умумиэътирофшудаи байналмилалӣ ва таҷрибаи давлатҳои демократии муосир, дарҷ гардидаанд.

Албатта, инсон, ки дар ҷомеа зиндагӣ ва фаъолият менамояд, вазифаҳои зиёдеро бар дӯш дорад. Дар моддаҳои 42-45 Конститутсия вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд ба ин тарз муқаррар шудааст (мазмунан) …Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд; Ватан, манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии давлатро ҳифз намояд; ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангиро муқаддас шуморад; андоз ва пардохтҳоро супорад ва ғайра. Ин вазифаҳо барои оромию субот, қонунияту тартибот, пешрафту тараққиёти ҷомеа ва эҳтирому эътибори ҳар шахс зарур мебошанд.

Бояд зикр кард, ки ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, ки дар Конститутсия муқаррар шудаанд, раҳнамо ва сарчашмаи қонунгузории амалкунанда мебошанд. Баҳри амалӣ шудани меъёрҳои Конститутсия дар тӯли ин солҳо (20 сол) дар Тоҷикистон дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа қонунҳо, кодексҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидаанд, ки онҳо барои таҳкиму пешрафт ва ҳимояву ҳифзи ҳуқуқи инсон равона шудаанд.

Зариф АЛИЗОДА, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон