Ваҳдати миллӣ-баёнгари ҳамдилию ҳамзистӣ

№88 (3389) 27.06.2015

 «Муваффақияти бузургтарини бадастовардаи мо ҳамин аст, ки ваҳдати миллати тоҷик ва якпорчагии қаламрави Тоҷикистонро ҳифз карда тавонистем ва бо кумаки фаъолонаи ҷомеаи ҷаҳон ба мо муяссар гашт, ки ба ҷанги дохилӣ хотима дода, сулҳу созгорӣ ва адолатро дар мамлакат барқарор созем.».

Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалӣ бахшида ба панҷумин солгарди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва намунаи ибрати он барои Афғонистон

17 июни соли 2002, шаҳри Душанбе

«Ваҳдати миллӣ сутуне мебошад, ки  давлат ва миллати моро  пойдору устувор нигоҳ медорад ва вазифаи муқаддаси ҳар яки мо аз он иборат аст, ки бо заҳмати созанда ин пояи давлатдории миллиамонро боз ҳам таҳким бахшем» , — ин суханони пур аз ҳикмати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳар фарди ватандӯсту худогоҳро водор менамояд, ки Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботро дар саросари кишвари зебоманзари Тоҷикистон чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, баҳри расидан ба ормонҳои бузурги миллӣ ва пешрафту шукуфоии ин гӯшаи биҳиштосои олам саъю талош намояд.

Имрӯзҳо дар вилояти Суғд чун дар тамоми гӯшаву канори мамлакат мардум бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдат ва суботу оромӣ, ки бо талош ва ҷоннисориҳои Сарвари муаззами кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, ҳарф мезананд. Ифтитоҳи нақбҳои «Истиқлол» ва «Шаҳристон», ки ҷануб ва шимоли Тоҷикистонро пайванди ҷовидонӣ бахшиданд, орзу ва ормони мардуми азизи Тоҷикистон буд ва ҳатто дар замони шӯравӣ иҷрои ин тарҳро ғайриимкон медонистанд. Бунёди ин ҷодаҳо равуои шаҳрвандонро ба манотиқи гуногуни кишвар вусъат бахшида, боиси таҳкими ваҳдати сокинони мамлакат гардид.

Шоир Ният Ҳаёт бо таъкиди аҳамияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ  дар Тоҷикистон дар роҳи рушд ва пешрафти Тоҷикистон, нақши таърихӣ ва мондагори Сарвари давлати Тоҷикистон дар ба даст овардани сулҳи саросарӣ мегӯяд: «Бо ташкил шудани Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон, ки ҳадафи асосии он расидан ба сулҳи комил буд, бо роҳнамоии Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳ ба сӯи Ваҳдати миллӣ ва мусолиҳа ҳамвор гардид.Тавассути хиради оламгир ва дурандешии Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон моро сулҳи комил насиб шуд ва он рӯзи саид дар тақвими давлатдории мо чун Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад».

Баъди имзои ҳуҷҷати бахту саодати  миллат — Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон марҳилаи сифатан нави нусратҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву маънавӣ  дар Тоҷикистон оғоз шуда, кишвари мо аз вартаи зарбаҳои муҳлики сарнавишт бо ҳидояту роҳнамоии Роҳбари давлат наҷот ёфт.

Қобили зикр аст, ки дар  вилояти Суғд садҳо иншооти муҳими истеҳсолию иҷтимоӣ, роҳу пулҳо, корхонаҳои муштараку биноҳои баландошёнаи замонавӣ бунёд гардиданд, ки самараи Ваҳдати миллӣ аст. Бунёди шаҳраки нави Сайҳун, ки санги асоси он аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд ва имрӯзҳо корҳои сохтмонӣ таври бесобиқа пешрафт доранд, намунаи беҳтарини самараи Ваҳдат ва истиқлолияти комили кишвар мебошад.

Бо ибтикори бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Суғд маҳфили «Адибони ваҳдатсаро» амал дорад, ки ҳар моҳ бо ҳузури адибони вилояту ҷумҳурӣ ҳамоишу анҷуманҳо доир менамоянд. Соли 2008-ум маҷмӯаи дастаҷамъии ин адибон таҳти номи «Достони ваҳдати миллат»  нашр ва дастраси дӯстдорони каломи бадеъ  гардид.

Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ санаи 16-уми июн, дар рӯзи баргузории фестивали «Гулҳо» ва «Оши палав» иштирок намуда афзуд, ки ин ҳама ибтикорот ва пайкорҳои наҷиб самараи сулҳу оштӣ ва сиёсати созандаву сулҳофари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар маҷмӯъ, Рӯзи Ваҳдати миллӣ баёнгари ҳамдиливу ҳамзистӣ ва саодати ҷовидонаи тамоми сокинони Тоҷикистони офтобист.

А. САЛИМЗОДА, «Садои мардум»