Ваҳдати миллӣ — самараи талошҳои ватандӯстона

№101 (4684) 14.08.2023

ОСОРХОНАМузаффариятҳои Тоҷикистон дар даврони баъд аз баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандии ногусастанӣ дорад. Бо талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат давлатдории миллати тоҷик аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт. Ҷаҳду талошҳои Роҳбари давлат боис гашт, ки тамомияти арзии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ягонаи мустақил ҳифз шавад.

Вобаста ба Рӯзи ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид кардаанд: «Бо итминони комил ва бо ифтихор изҳор медорам, ки ваҳдати миллӣ самараи талошҳои ватандӯстонаи хурду бузурги давлати тозабунёдамон ва хизмати таърихии халқи Тоҷикистон мебошад ва маҳз, ба ҳамин хотир мо вазифадорем, ки ин неъмати бебаҳоро мисли гавҳараки чашм азизу гиромӣ дорем ва ҳифзу нигаҳдорӣ намоем».

Бо шарофати сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ мо тавонистем дар баробари эҳёи давлатдории тоҷикон ва таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ нуфузу эътибори Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ бениҳоят баланд бардорем. Илова бар ин, барои густариши сиёсати хориҷӣ, рушди минбаъдаи кишвар ва таъмини амнияти давлату ҷомеа низ таҳкурсии мустаҳкам ба вуҷуд овард. Гузашти солҳо собит намуд, ки музокироти сулҳ роҳи ягонаи рафъи ихтилофоти дохилӣ ва асоси пешрафту ободии кишвар мебошад. Беҳуда нест, ки таҷрибаи сулҳи мо мавриди омӯзиши созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ қарор дорад.

Ваҳдат — беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзую армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, нумӯи даврон, ҳастии инсон дар ҳар давру замон аст. Ваҳдат Ватани азизамонро дар миқёси ҷаҳон овозадор намуд. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ пандест аз гузаштаи дуру пешрафти муттасили кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлолияти давлатии кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем. Мутаассифона, ҳанӯз ҳам шахсон ва гурӯҳои алоҳида мавҷуд ҳастанд, ки мехоҳанд ваҳдату суботи давлати соҳибистиқлоли моро бо ҳар роҳу васила халалдор намоянд. Созмону ташкилотҳои мамнӯъ дар сомонаҳои интернетӣ маълумоти бардурӯғро бо мақсади паст задани мавқеи давлати тоҷикон ва шаҳрвандони онро дар миқёси байналхалқӣ ва минтақавӣ паҳн менамоянд. Инчунин, барои расидан ба мақсадҳои ғаразнок табақаи аз лиҳози мағзшӯӣ осебпазирро ба содир намудани аъмоли ғайриқонунӣ даъват менамоянд. Дар робита ба ин мардум бояд ба ҳеҷ ваҷҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Фаромӯш насозанд, ки аз баррасии ваҳдати миллӣ садҳо ғояҳои бунёдкорӣ ба вуҷуд омаданд ва роҳҳои замонавӣ, иншооту коргоҳҳо, ташкилоту муассисаҳо самараи ин неъмати бебаҳоанд. Аз ин рӯ, барои ободии давлату миллат ҳар фарди ватандӯст вазифадор аст, ки саҳми худро дар пешрафти Ватан гузорад ва сулҳу ваҳдати миллиро эмин нигоҳ дорад, Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармо бошад, он давлат рӯз аз рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан афзуда, аз ҷиҳати сиёсӣ ва фарҳангӣ пеш меравад.

Ваҳдат ифодагари волотарин орзую омоли халқ гардида, дар сатҳи ғояи миллӣ ба он арҷ гузошта шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меъмори ин кохи бегазанд мебошанд. Мо онро аз касеву дигаре ба орият нагирифтаем, нусха набардоштаем, балки бо нияти неку азми қавӣ аз ҷониби фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон офарида шудааст.

Биноан, ҳифзи он вазифаи ҷомеаи ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст.

Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ,

«Садои мардум»