Аз фаъолияти вакили Маҷлиси вакилони халқ

Вакилӣ масъулият аст

№130-131 (3115-3116) 15.10.2013

Ободии маҳал ободии диёр аст. Агар чанд нафаре барои ободу зебо кардани деҳа ва ё ҷамоату ноҳияаашон камари ҳиммат банданд, ин ба он маънӣ аст, ки дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистон каме ҳам бошад, саҳм гузоштаанд. Зодгоҳ низ як гўшаи Ватани маҳбуб мебошад ва яке аз омилҳои  таконбахши рушди маҳалҳо ба фаъолияти пурсамари вакилони маҳаллӣ вобастагӣ дорад. Эшон бо салоҳият ва ваколатҳои дар ихтиёрдоштаашон метавонанд барои бартараф кардани камбудиву мушкилот саҳм гузоранд.

Узви Комиссияи маориф, тандурустӣ ва фарҳанги Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Айнӣ Илҳомқул Саидов аз зумраи онҳое мебошад, ки болотар зикрашон намудем. Ӯ аз замони вакил интихоб шуданаш то имрўз кўшидааст, ки ба мушкилоти мардум расидагӣ кунад.  Мавсуф дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки барои сохтани пули мошингузар дар болои дарёи Зарафшон дар асоси пешниҳод ва таклифи сокинони деҳаи Утоғар бо дархости вакилӣ ба муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Айнӣ муроҷиат намудааст. Дар натиҷа, бо кўмаку дастгирии роҳбарони вилояту ноҳия ва маблағгузории Фонди қарзии хурди «Рушди Зарафшон» пули мошингузар бо дарозии 34 метр сохта, ба истифода дода шуд.

Инчунин номбурда барои соҳилмустаҳкамкунии рўди деҳаи Дарғ, сохтани як пули мошингузар дар деҳаи Каздон ва таъмири роҳи мошингарди деҳаи Утоғар саҳми муносиб гузоштааст. Барои тоза намудани ҷўйҳо ва таъмири мактабҳои деҳаҳои деҳоти Шамтучи ноҳияи Айнӣ пайваста ташаббус нишон медиҳад. Ғайр аз ин, номбурда дар арафаи ҷашну идҳо дар пайравӣ ба амалҳои неку хайрхоҳонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба камбизоатону ниёзмандон дасти ёрӣ дароз менамояд. Илҳомқул Саидов иброз дошт, ки вакилӣ ва ё намояндагӣ аз халқро барои худ масъулияти бузург медонад, аз ин рў талош меварзад, ки ҳар як дархосту таклифҳои интихобкунандаҳоро сари вақт ба мақомоти дахлдор расонида, баҳри иҷрои он ҷидду ҷаҳд намояд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»