Ванҷ: соҳаи кишоварзӣ рушд меёбад

№92 (4675) 14.07.2023

Дар ноҳияи Ванҷ кишоварзон аслан ба рушди соҳаи растанипарварӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ машғул мебошанд.

Мудири бахши кишоварзии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ Ҷавҳарӣ Неъматов иттилоъ дод, ки дар ноҳия зиёда аз 85 фоизи аҳолии қобили меҳнат дар деҳот зиндагӣ дошта, бо саҳми замин таъмин мебошанд. Аҳолии ноҳия як қисми даромадро аз ҳисоби фурӯши меваю сабзавот, лӯбиёгиҳо ва чорводорӣ ба даст меоранд.

Дар соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 1458 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуд. Аз ин дар майдони 562 гектар зироатҳои ғаллагӣ, аз ҷумла гандуми тирамоҳӣ — 144, гандуми баҳорӣ — 20, ҷав — 43, лӯбиё — 353, картошка — 428, сабзавот — 129 ва дар майдони 279 гектар кишти алафҳои бисёрсола гузаронида шуд.

Дар ноҳия соҳаи боғдорӣ сол ба сол рушд намуда, майдони боғот аз ҳисоби заминҳои партов зиёд мегардад.

Бо мақсади рушди соҳаи боғу токпарварӣ соли 2023 дар ҷамоати деҳоти ноҳия дар майдони 5 гектар боғи нав бунёд шуда, майдони 18 гектар боғҳои куҳна барқарор гардиданд.

Пайшамбӣ ШОҲЗОДА,

 «Садои мардум»