Дар нақби «Истиқлол» корҳои боқимондаи сохтмонӣ босуръат идома доранд. Айни ҳол тоза кардан ва бетонрезии ҷӯйборҳои заҳкаш дар нақби ҳаводиҳӣ ва таҷдиди фарши нақб аз ҷониби паймонкори лоиҳа — Ширкати эронии «Собир» ҷараён дорад.
Бо мақсади суръатафзоӣ ва бо сифати меъёрӣ анҷом додани корҳои бозсозӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ҷаласаи васеи корӣ баргузор намуд, ки дар он намояндагони ҳамаи вазорату идораҳои марбута ширкат доштанд.
Таъкид гардид, ки ҷиҳати анҷом додани корҳои сохтмонӣ, бахусус бетонкорӣ, ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути нақби автомобилгузар маҳдуд карда шуда, гузариши мошинҳо бо ағбаи Анзоб ба роҳ монда мешавад. Бо ин мақсад тозакунии ағба аз ду тараф оғоз гаштааст. Яъне, корҳо дар нақб аз як тараф идома ёфта, ҳаракати автомобилҳо мутобиқи ҷадвали муваққатӣ ба роҳ монда мешавад.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дод, ки ҳар чӣ зудтар роҳи ағбаро барои ҳаракати бемамониати автомобилҳо омода карда, реҷаи ҳаракати онҳо тавассути нақби «Истиқлол» бе қатъи корҳои таҷдид, бо мувофиқаи вазоратҳои дахлдор ва Ҳукумати кишвар таҳия ва пешниҳод карда шавад.
Дар робита ба ин, Мудирияти корхонаҳои сохташавандаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муваззаф гаштанд, ки иҷрои ҷадвали корҳои бозсозӣ, танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёт, таъмини саривақтии масолеҳи сохтмон ва масъалаи пардохти маблағҳоро таъмин намояд.
Танзими мунтазами ҳаракати воситаҳои нақлиётро ҳамчунин Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад.
Аз ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки дар ин масъала метавонанд беташвиш бошанд. Маҳдудияти ҳаракати автомобилҳо тавассути нақби «Истиқлол» танҳо ба хотири анҷом додани корҳои бозсозист. Яъне, роҳи нақб лаҳзае баста нашуда, ҳаракати мошинҳо мутобиқи ҷадвали муваққатӣ роҳандозӣ карда мешавад.
Ҷадвали ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи воситаҳои ахбори омма пешакӣ эълон хоҳад шуд.
Ҳикмати НЕЪМАТ, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Нақлиёт»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон