Вазъиятро бояд хуб дарк кунем, вагарна…

№151 (3631) 10.12.2016

Дар илми ҳуқуқшиносӣ таъкид мешавад, ки надонистани қонун шахсро аз ҷавобгарӣ озод намекунад. Ҳарчанд ки ҷазои қонуншикании амдан аз саҳван фарқ мекунад. Вақте гурӯҳе ё гурӯҳҳое ифротгаро мавқеи муайян дар ҷомеа ба даст меоранд, онро ба беморӣ мувоҷеҳ мегардонанд. Маълум, ки табобати саривақтии ҳар гуна беморӣ хуб, вале пешгирӣ аз он боз беҳтар аст.

Дар замони муосир, ки воситаҳои техникии иттилоот хеле пеш рафтааст, ҳар шахс ба хубӣ метавонад тавассути онҳо донад, ки дар кишварҳои мухталифи дунё чӣ ҳаводисе дар ҷараён аст. Агар кишварҳои Шому Ироқ ва Украинаро як тараф гузорем, баъзе шаҳрҳои кишварҳои дигаре, ба монанди Мексика, Колумбия, Салвадор ва ҳатто баъзе аз шаҳрҳои ИМА дар рӯйхати 25 шаҳри хатарноки олам шомиланд. Бехатарии шаҳрвандони хориҷию дохилиро касе  дар он ҷойҳо кафолат дода наметавонад…

Пас, шаҳрвандони Тоҷикистонро месазад, ки шукри амну осоиштагӣ намоянд ва нагузоранд, ки дубора ақл ба фармони ҷаҳл роҳ биравад. Ҷавонони 20 — 25 — сола ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри сипаришударо тасаввур карда наметавонанд, вале насли аз 30 — сола боло метавонад он рӯзҳои даҳшатборро пеши назар орад. Мутаассифона, дар ҷомеа шахсони бузургсоле низ зиндагӣ доранд, ки  намаки Тоҷикистонро хӯрда, ба намакдон туф карда истодаанд, ба ин мазмун, ки насли ноогоҳи ҷавонро ба ифротгаройӣ, ҷудойиандозӣ, хурофотпарастӣ ва таассубпазирӣ ҳидоят мекунанд.

Солҳои 90-уми асри гузашта, бинобар сабаби сустаносириашон баъзе зиёиён ба доми макру ҳияли гурӯҳҳои ифротгаройи мутаассиб афтода буданд ва натиҷааш то ҳанӯз барои ­насли калонсол маълум аст. Онҳое, ки амдан иғво меангезанду пешвои ифротгароён ба ҳисоб мераванд, бояд хиёнаткори дину давлат арзёбӣ шаванд, зеро ба ҷойи ҷавонони ноогоҳро ба сулҳу салоҳ ҳидоят кардан, мафкураи онҳоро бо дуди ғализи таассуб пур месозанд.

Ёд меорем, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар бораи сулҳу моҷаро чӣ гуфта буд:

…Чу дидӣ надидӣ, бикун оштӣ,

Ба сулҳе ба сулҳе бибар моҷаро…

Яъне, инсон дар он сурат қавианосир ҳисобида мешавад, ки на танҳо моҷарои шоҳидбудааш ва дидааш, балки моҷарои шунидаашро низ ба сулҳ бикашад. Мутаассифона, бархе на танҳо моҷароро ба сулҳ «намекашанд», балки моҷароҳои наве меангезанд, ки бепояанд.

Фозили Довуд