Вазире, ки ошхонаи вазоратро ҳам шахсӣ кардааст

№108 (3254) 17.09.2014

Соли дуюм аст, ки баъзе гурӯҳҳо ва ашхоси алоҳида ба ҳар васила мехоҳанд моҷароҳоро даври номи маҳкумшуда Зайд Саидов болои саҳифаҳои расонаҳо нигаҳ доранд. Бо истифодаи тамоми василаҳо мекӯшанд дар симои ӯ тоҷири муваффақу саховатмандро намоиш дода, ҳабси қонунии ӯро ҷанбаи сиёсӣ бахшанд. Бо ин мақсад ниҳодҳое ҳам таъсис додаанд, мисли «Кумитаи ҷамъиятии дифоъ аз ҳуқуқҳои Зайд Саидов». Овоза паҳн карданд, ки барои ҳимояи ӯ вакилони дифоъ аз Аврупо меоянд. Вале касе наомад. Маводи зиёди таблиғотӣ навиштанду менависанд, то дар зеҳни мардум Зайдро ҳамчун инсони фурӯтану бомаърифат ва тоҷири ҳалолкору комёб ҷой  созанд. Онҳоро мехонию Ҳотами афсонавӣ пеши саховатмандиҳои Зайд Саидов баробари сифр мегардад. Ин мубаллиғон фақат омилеро дидан намехоҳанд, ки:

Харҷ агар аз кисаи меҳмон бувад,

Ҳотами той  шудан осон бувад.

Онҳо нодида мегиранд, ки он дасти бозу пайсаҳои ба ин ҷайбу он ҷайб барои даму дуою дастгирии аҳли адабу эҷоду «кушоиш»-и кору монанди инҳо сарфшуда ҳама аз ҳисоби дуздии моликияти давлатию мардумӣ будааст.

Парвандаҳои Зайд Саидов он қадар сирҳои нуҳуфтаро ошкор карданд, ки дигар дар рӯзгори ӯ пайдо кардани як қадами ҳалолу қонунӣ ҷустани сӯзанро дар ғарами коҳ мемонад.

Моҷароҷӯён акнун даври саҳмияҳои ӯ дар Маркази тиҷоратии «Пойтахт», ки аз тарафи Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ баррасӣ мешаванд, сенсатсияҷӯйӣ доранд (радиои «Озодӣ» аз 4 сентябри соли  2014 ва сомонаи «Азия Плюс» аз 5 сентябри соли 2014) . Ин расонаҳо ҳатто бо истинод ба адвокат Исҳоқ Табаров менависанд, ки яке аз чаҳор ҳамсари Зайд- Латофат Тоҳирова «талаб дорад, ки ҳиссаи ӯ дар Маркази савдои «Пойтахт», ки қарори мусодирааш ҳанӯз 25-уми декабри соли гузашта, дар рӯзи эълони ҳукм ба Зайд Саидов, содир шуда буд, дубора ба оилаи ӯ баргардонида шавад».

Яъне, ҳанӯз ҳам пой аз узангу нагирифтаанд. То ин замон фасодкориҳои Зайд дар даҳҳо иншооти бо роҳи ғайриқонунӣ азхудкардааш ошкор карда шуда бошанд ҳам, онҳо қонеъ намешаванд. Аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон айну дайн шуд, ки ширкати «Тоҷ-сохтмон байналмилал», ки ба Зайд Саидов тааллуқ дорад, ҳангоми сохтани бинои «Душанбе — Плаза» ба изофанависӣ даст зада, маблағи қариб ду миллион сомонӣ (беш аз 400 ҳазор доллари ИМА)-ро аз худ кардааст ва ин рақам метавонад афзоиш ёбад, зеро санҷиш то ҳол ба анҷом нарасидааст. Дар давраи вазири саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2006 ба Вазорати энергетика  ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдили ном кард) буданаш (солҳои 1999-2007) барои гирифтани пора дар ҳаҷми махсусан калон (қисми 4 моддаи 319), қаллобӣ бо истифодаи мақомоти хизматӣ дар ҳаҷми махсусан калон (қисми 4 моддаи 247), суиистифода аз ваколатҳои мансабӣ (моддаи 314)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳам карда шуд. Ошкор гардид, ки ҳашт корхонаи Зайд Саидов, аз ҷумла Корхонаи дӯзандагии «Гулистон», ширкати «Лаъл», Корхонаи муштараки «Тоҷиказот» ва ғайра бо роҳҳои ғайриқонунӣ ва нархи ночиз аз ҷониби ӯ хусусӣ гардонида шудаанд. Ниҳодҳои судӣ мӯйро аз хамир ҷудо кардаву ҳамаи ин корхонаҳоро ба тавозуни давлат баргардонидаанд. Зайд Саидов танҳо дар чанд амалиёти хусусигардонии ғайриқонунии молу мулки давлатӣ ва ба фурӯш баровардани саҳмияҳо, аз ҷумла зимни хусусигардонии ҶС «Абрешим»-и шаҳри Хуҷанд ба маблағи 5 млн. 234,2 ҳазор сомонӣ,  иншоотҳо дар ҳавлии бинои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 300 ҳазор сомонӣ, Иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷикзаргарсаноат» 385,5 ҳазор сомонӣ, иншооти «Ошхонаи бинои маъмурӣ»-и собиқ Кумитаи давлатии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон 74,9 ҳазор сомонӣ, Корхонаи хурди «Лаъл» (ҳозира ҶДММ «Тоҷик-Мармар») 18,5 ҳазор сомонӣ, ҶСК «Гулистон»-и шаҳри Душанбе 142,430 ҳазор сомонӣ, «Комбинати фулузоти нодири Ленинобод»-и шаҳри Қайроққум» 266100 сомонӣ ба давлат зарар расонидааст. Инчунин дар натиҷаи хусусигардонии ғайриқонунии ҶСК «Электроника — М» (ҳозира ҶСП «Табаррук»), ҶСП КМ «Тоҷиказот»-и шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон, Маркази илмии назди Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶСШК «Такобский ГОК»-и шаҳри Душанбе хисороти зиёде ба буҷети давлатӣ ворид кардааст. Ҳамаи ин далелҳо исботи худро ёфтаанд ва суд ӯро бо ҳашт намуди ҷиноят, аз ҷумла ришваситонӣ, бисёрзанӣ, суиистифода аз мансаби давлатӣ, тақаллуб, тамаъҷӯйӣ, таҷовуз ба номус ва робитаи ҷинсӣ бо фарди ноболиғ  гунаҳгор дониста, ба муддати 26 сол вориди зиндон кардааст.

Вале бо ин аъмоли ғайриқонунии Зайд ба охир намерасад. Ҳамарӯза далели наве аз қонуншиканиҳои ӯ ошкор мегардад. Аз ҷумла тақаллубкориҳои беҳисобе дар ҳуҷҷатҳои пайвандонаш ба назар мерасанд. Писараш Хайрулло Саидовро дар ҳуҷҷатҳояш чор сол калон нишон додааст. Писараш Хусрави Зайдро бо духтари ноболиғи 15-сола хонадор намуда, дар аснод ӯро се сол калон ба қайд гирифтааст. Ҳамаи ин ҳолатҳо дар асоси тахминзаниҳо не,  дар пояи аризаю шикояти ҷабрдидагон ва тасдиқномаҳои шоҳидони воқеӣ ҳуҷҷатгузорӣ шудаанд.

Албатта, ҷурми асосӣ бар дӯши идораҳои масъулу дахлдори давлатист, ки ашхосе монанди Зайд Саидов бо роҳҳои ғайриқонунӣ соҳиби молу сарвати ҳангуфт мегарданд. Бойигарии осон ба дасташон омада, ончунон пардаи чашмашонро серравған, хотираи онҳоро ғафсу кунд месозад, ки дирӯзи худро дигар намебинанд, аз ёдашон зудуда мегардад ва худро «шаҳсутуни дунё», «пуштибон»-и ягона ва «наҷотбахш»-и миллату ким-чиҳои дигар тасаввур мекунанд.

Ниҳодҳои зиддахли давлатӣ гунаҳгор бар онанд, ки ҷиноёти иқтисодии Зайд Саидовро дар вақташ пешгирӣ накарданд. Акнун думравону балегӯёнаш, комбардоштагони дастархонаш, ки намояндаи қишрҳои гуногуни ҷомеа мебошанду ба гирифтани «кумакпулӣ»-ҳояш «шарафёб» шудаанд, исботи ҳар як ҷурми аз ҷониби ӯ содиршударо бо доду вовайло пешвоз гирифта, ҳамчун иқдоми сиёсии Ҳукумат дар муқобили Зайд шарҳ медиҳанд. Вале асосаш пирӯзии ҳақиқат аст. Зайд Саидов ва ӯ баринҳо бояд дар назди қонун ва ҳамватанони худ ҳатман ҷавоб гӯянд, то барои дигарон сабақ гардад.

Зайд Саидовро ҳамчун шахси тақводор низ тавсиф мекунанд. Агар рост бошад, медонад, ки шариат низ аз ҳар як инсон шустани гуноҳҳояшро талаб мекунад. Мусулмон бояд ду чизро ба қиёмат набарад, гуноҳу қарзро.

Наҷмиддини АБДУРАУФ