Қабратро то ҳанӯз меҷӯям, Сафаралӣ!

№31 (3332) 05.03.2015

Соли 1943. Фасли баҳор. Дар талу теппаҳои деҳаи Тихорои ноҳияи Муъминобод сабзаю гулҳо рӯида, садои парандагони хушилҳом ба гӯш форам мерасид. Лекин баҳор бо ҳама рангу бӯ ва зебоиҳо ба сокинони деҳа ҳаловате намебахшид, чунки айём- айёми вазнинтарини Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд. Қариб ҳар рӯз ба деҳаҳои ноҳия аз фронт «хати сиёҳ» меомад. Нолаю шевани мардум ба фалак печида, ҷигарҳо об ва дилҳо реш мегаштанд.

Дирӯз ба номи ду нафар писарони бобои Мирзошариф- Сафаралӣ ва Маҳмадалӣ аз комиссариати ҳарбӣ даъватнома омад. Аҳли оила то пагоҳ барои ин ду нафар тӯшаи роҳ омода карданд.

Субҳи барвақт. Борон сим- сим меборид. Шамоли сард мевазид. Хурду бузурги деҳа дар ҳавлии бобои Мирзошариф ҷамъ шуда буданд. Онҳо «тӯшаи роҳ»- гӯён чизҳои овардаашонро ба борхалтаҳои наваскарон меандохтанд. Бобои Мирзошариф бо ду писараш- Сафаралӣ ва Маҳмадалӣ савори асп, пеш-пеши аҳли деҳа мерафтанд. Сафаралӣ писари  яксолааш Муродро дар бағал гирифта, бо хешу табор суҳбат дошт. Мардуми деҳа хомӯшона роҳ мепаймуданд. Нолаи ҷонхароши Холисамо-  модарашон ба фалак мерасид.

Ӯ ба тифли дӯстрӯякаш, ки ҳанӯз аз дидораш сер нашуда буд, бо ҳасрат менигарист. Ашкҳои сӯзони падар шашқатор буданд. Аз дили Сафаралии ҷавон ҳазор андеша  мегузаштанд: «Оё ман аз ҷанг зинда бармегашта бошам, дидани дидори падару модар, зану фарзандонам ба ман муяссар мешуда бошад?».

Гуселкунандагон ба шоҳроҳе, ки аз Муъминобод тарафи деҳаи Ғеш мерафт, яъне, ҷойи гусел расиданд. Сафаралӣ писарашро ба ҳамсараш Назокат дода, аз рухсораш бӯсида, дасташро ба китфи занаш гузошта гуфт:

-Фарзандҳоямро хуб нигоҳубин кун! Пас бо ҳама хурду калони деҳа хайрухуш намуда, назди модараш, ки ҳанӯз нолаю шеван мекард, омада, худро ба оғӯши ӯ партофт. Модар ду даст дар гардани писар зор- зор мегирист ва намехост, ки аз фарзандаш ҷудо шавад. Чӣ илоҷ?

«Худоё! Фарзандонамонро ба ту месупорам. Онҳоро дар паноҳат нигоҳ дор! Сиҳату саломат рафта, сиҳату саломат баргарданд!»,- дуо кард холаи Холисамо.

Сафаралӣ бо ҳама видоъ карда, ба роҳ баромад. Ӯ ба кӯҳу пуштаҳои Тихоро гоҳ- гоҳе назар карда, айёми наврасӣ, ҷавониро ба ёд меовард. Гӯё ба онҳо хайрбод мекард. Аз чӣ бошад, ки ваҷоҳаташ якбора тамоман дигар гашт. Дар чеҳраи вай ғаму андӯҳ ва ашк дида намешуд. Ҷойи ҳамаи инро қаҳру ғазаб, нафрату адоват нисбат ба фашистони хунхор гирифта буд. Вай бо худ мегуфт:«Гиряи падару модарон, зану фарзандон ва тамоми мардум аз дасти фашистони лаин аст! Онҳо сабаби марги ҳазорон ҷавонону занон, пирон, кӯдакон ва ятим мондани кӯдакон, бе шавҳар мондани арӯсон, нолаю шевани модарон, ба хок яксон шудани шаҳру деҳот ва бадбахтии аҳли башар гардиданд. Ман қасоси ин ҳамаро аз фашистони лаин хоҳам гирифт! Ман ба обу хоки муқаддаси Ватан қасам мехӯрам, ки то қатраи охирини хунам ба душман меҷангам».

Падар бо писаронаш ба бинои комиссариати ҳарбӣ расиданд. Ҳавлӣ ва саҳни он пур аз аскарбачаҳо ва хешу таборони онҳо буд. Аз дидани ҷавонони зиёд дар дили Сафаралӣ як қувваи тасаллидиҳанда ба ҷӯш омад. «Ман танҳо нестам. Мисли ман боз даҳҳо ҷавонони дигар ҳам ҳастанд-ку!»- мегуфт дар дил.

Роҳбарони ноҳия дар ҷамъомади гусели наваскарон ҳозир будаву сухан гуфтанд. Дар охир комиссари ҳарбии ноҳия Салимов суханронӣ карда гуфт:

-Шумо ба ҳимояи Ватан меравед. Душманро кӯбед! Торумор кунед! Қаҳрамонона ба Муъминободи азиз баргардед! Сиҳат рафта, саломат оед!

Сафаралӣ бо наваскарони дигар то шаҳри Сталинобод пиёда рафтанд. Дар он ҷо 5- 6 моҳ машқҳои ҳарбӣ гузаронда,  онҳоро ба фронти Белоруссия бурданд. Дар дивизияи 20- уми артиллерии армияи якуми Белоруссия далерона меҷангид. Азбаски ҷавони чусту чолок ва далер буд, аз дигар ҷанговарон ба куллӣ фарқ мекард. Барои қаҳрамонона ҷангиданаш ба ӯ Раҳматнома ва медалҳо дода буданд.

Ман барои омода кардани ин мавод ба назди бародари калонии Сафаралӣ — бобои Раҳмон, ки худ низ иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанист, рафта будам. Вақте ки ӯ мақсади бандаро фаҳмид, гуфт, ки мо аз як оила панҷ нафар ба ҷанг рафтем. Ман, Сафаралӣ, Маҳмадалӣ, Худойназар ва Мӯсо. Се нафарамон маъюб аз ҷанг  баргаштему ду нафари дигар — Сафаралӣ ва Мӯсо дар ҷанг шаҳид шуданд. Вай гуфт, ки Сафаралӣ нисбат ба ҳамаи мо ҷавони паҳлавонпайкар буд.  Чунон чобуксавор буд, ки қамчини дар замин бударо вақти давидани асп аз замин мегирифт. Ман ҳам дар фронти Белоруссия меҷангидам. Рӯзе як майор барои санҷиш ба қисми мо омад. Моро саф оростанд. Ҳамон командир ному насаби моро хонд. Вақте ки насаби маро «Шарифов!»- гуфт ба ман дуру дароз нигоҳ карда гуфт:

-Дар ҳамин дивизия, дар полки дигар ду нафар Шарифовҳо ҳастанд, ки ба шумо бисёр монандӣ доранд.

Ман дарёфтам, ки он бародарони мананд.  Афсӯс, ки ман онҳоро дида натавонистам, чунки дар он вақт имкон даст надод. Бародарам соли 1944 дар вилояти Брянск зимни озод кардани деҳаи Палчиков ҳалок гардид. Ҳамон сол ба номи падарам «хати сиёҳ» омад. Дар он чунин навишта шуда буд:

«Писари шумо Шарифов Сафаралӣ дар вақти озод кардани деҳаи Палчикови вилояти Брянск қаҳрамонона ҳалок шуд!…».

Солҳои ҳаштодум бобои Раҳмон назди ман омада, хоҳиш кард, ки ба Комиссариати ҳарбии вилояти Брянск мактуб нависам, то қабри бародарамро ёбанду ба зиёраташ равам. Мактуб навишта, фиристодем. Бо номи бобои Раҳмон ба ин мазмун аз он ҷо ҷавоб омад:

«Мо мактубатонро гирифтем, барои ёфтани қабри бародари шумо ба пайшиносони сурх супориш додем.

Агар оромгоҳи бародаратонро ёбем, ба шумо хабар медиҳем».

Дар ин байн Иттифоқи Шӯравӣ барҳам хӯрд ва ман қабри бародари шаҳидам Сафаралиро пайдо карда натавонистам. Ҳанӯз бо умедам, ки шояд касе оромгоҳашро пайдо намояд,- гуфт бобои Раҳмон.

Исмоил ҶАБИНЗОДА