Барномаи нав ба рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия мусоидат менамояд

№98 (3244) 21.08.2014

Аз таъсисёбии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бештар аз 80 сол сипарӣ мешавад. Он дар панҷсолаҳои аввали тараққиёти хоҷагии халқи СССР дар заминаи азхудкунии водии Вахш ташкил ёфт ва нахустин  фотеҳонаш намояндагони дигар миллатҳо, инчунин сокинони қариб тамоми минтақаҳои ҷумҳуриамон буданд.

Тӯли ин муддат ин гӯшаи диёрамон ободу хуррам гашт. Бахусус дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ноҳия дигаргуниҳои зиёде ба вуҷуд омаданд.

Суҳбати мо бо раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Сулаймонзода Акрам Раҳим аз хусуси  дастовардҳои имрӯзаи мардуми он сурат гирифт.

-Тавре аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 23 апрели соли 2014) бармеояд, пешрафти босуботи иқтисоди кишвар дар асоси санадҳои барномавӣ таъмин гардонда мешавад, ки  ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мебошад.Чунин барномаҳо барои ноҳия ба нақша гирифта шудаанд?

-Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ фаъолияти худро дар асоси Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва дастуру ҳидоятҳое, ки аз паёмҳои Сарвари давлат бармеоянд, ба роҳ мондааст. Бахусус иҷрои нақшаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ аз зумраи вазифаҳои асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ҳисоб мераванд.

Ноҳия аввали солҳои сиюми қарни гузашта ташкил ёфтааст. Дар ин муддат дар зиндагии мардуми деҳот пешравӣ ва дигаргунии куллӣ ба амал омадааст. Бо вуҷуди ин, ҷомеаи имрӯза тақозо менамояд, ки сатҳи зиндагии шаҳрвандон боз ҳам беҳтар бояд бошад. Барои қонеъ гардонидани талаботи ҷомеаи муосир  зарур аст, ки корҳои зиёде анҷом дода шавад. Бо ин мақсад «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия барои солҳои 2014-2018» омода шудааст, ки дар арафаи пешниҳод барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Маблағи умумии барномаи мазкур зиёда аз 200 млн. сомониро ташкил медиҳад. Ҷалби маблағҳои дохилӣ ва грантҳо дар он пешбинӣ шуда, татбиқи 147 лоиҳаро дар бар мегирад.

Ҳамзамон то охири сол таҳияи нақшаи генералии ноҳия ба охир расида, ҷиҳати тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешавад. Баъди тасдиқи он шароит фароҳам меояд, ки бо ташкилотҳои дохилӣ ва байналмилалӣ барои ҷалби сармоя ҳамкорӣ  намоем.

-Дар доираи Барномаи мазкур ва нақшаи генералии ноҳия сохтмон ва азнавсозии кадом иншоот дар назар дошта шудааст?

-Тавре зикр шуд, татбиқи чандин лоиҳа ба нақша гирифта шудааст, ки фарогири соҳаҳои гуногунанд. Чунончӣ,  системаи обу ташноби дар даврони шӯравӣ гузаронидашуда аз фаъолият мондааст. Дар ҳамкорӣ бо КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»  корҳои барқароркунии ин иншоотро ба нақша гирифтаем.

Инчунин мақсад дорем, ки дар ноҳия минтақаи саноатӣ ташкил намоем. Масоҳати ин минтақа даҳ гектарро ташкил медиҳад. Барои соҳибкороне, ки ҷиҳати ташкили корхонаҳои саноатӣ муроҷиат менамоянд, аз ин ҷо қитъаи замин ҷудо карда мешавад. Илова бар ин, дар  минтақаи мазкур корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ сохта мешаванд.

Чун сухан дар бораи саноат  рафт, зикр кардан бамаврид аст, ки корхонаҳои саноатии ноҳия дар шаш моҳи соли равон ба маблағи 28352,3 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба дурнамо 110,4 фоизро ташкил медиҳад. Тайи ин муддат соҳибкорони ноҳия даҳ адад корхонаҳои саноатӣ ва коргоҳҳои хурд, иншооти  маишию хизматрасонӣ сохта, мавриди истифода қарор доданд, ки дар онҳо бештар аз 130 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Дар ноҳия ҳоло чор корхонаи коркарди пахта фаъолият дорад ва дар муҳлатҳои наздик боз ду корхонаи дигар ба истифода дода мешавад ва иқтидори коркарди ин корхонаҳо ба 70 ҳазор тонна пахта мерасад. Дар ноҳия соҳаи  боғдорӣ низ рушд карда истодааст.Аз ин рӯ, таъсиси корхонаи коркарди мева ҳатмист.

-Иштироки соҳибкорон дар рушди минбаъдаи соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ чӣ гуна аст?

-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карданд, ки Ҳукумати мамлакат ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ пайваста чораҷӯйӣ мекунад. Ҳоло соҳибкорони ноҳия дар пешрафти тамоми соҳаҳо саҳми арзанда доранд. Дар доираи нақшаи генералии ноҳия як соҳибкори маҳаллӣ тасмим гирифтааст, ки дар шаҳраки  Абдураҳмони Ҷомӣ чор бинои панҷошёна бунёд намояд. Баъди анҷом додани корҳои озмоишӣ сохтмони ин биноҳо оғоз меёбанд. Инчунин дар назди он маркази  хизматрасонӣ ва майдони варзишӣ сохта мешавад. Ба ҷойи биноҳои куҳнаи истиқоматии маркази ноҳия низ сохта шудани хонаҳои баландошёна ба нақша гирифта шудааст.

Бо ташаббуси соҳибкори дигари  маҳаллӣ дар деҳоти «Яккатут» корхонаи қолинбофии эронӣ таъсис дода шуд. Мутахассисони эронӣ дар навбати аввал ба 20 нафар занону духтарон тарзи бофтани қолинро омӯзониданд. Онҳо ба зудӣ назокати ин касбро аз худ намуданд ва ҳоло дар ҶДММ «Гулвард» фаъолият доранд. Оянда корхона васеъ гардонда мешавад ва то 80 нафар занону духтарон ба кори доимӣ фаро гирифта мешаванд.

Ташкили ҷойҳои корӣ аз ҷониби Сарвари давлат ҳамеша таъкид мешавад ва иҷрои ин супоришҳо дар маркази диққати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад. Дар ин робита аз тарафи шуъбаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатии ноҳия панҷ маротиба ярмаркаҳои озоди ишғоли ҷойҳои корӣ гузаронда, 443 нафар шаҳрвандони корҷӯ бо кори доимӣ таъмин карда шуданд. Умуман, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия 1289 ҷойҳои нави корӣ ташкил гардид.

-Аз ҳудуди ноҳия роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта мегузаранд. Истифодабарӣ ва нигоҳдории роҳҳо дар кадом ҳолат қарор доранд?

-Роҳи миёни шаҳраки Қизилқалъа ва маркази ноҳия, ки тақрибан 13 километр масофа дорад, 20 сол боз аз сабаби хароб гаштан  истифода намешуд. Баъди таъмир ва асфалтпӯш намудан ин роҳ мавриди истифода қарор гирифт. Инчунин дар ин масир пули 18-метра аз таъмири асосӣ бароварда хоҳад шуд.

Мо ба сохтмону таъмири роҳҳо аҳамияти ҷиддӣ медиҳем. Дар ҳудуди ноҳия 227,6 км роҳҳо дар мувозинаи Муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия қарор доранд. Аз ин 45,5 км роҳи аҳамияти ҷумҳуриявидошта, 182,1 км роҳҳои дохилӣ мебошанд. Кормандони Муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия кӯшиш менамоянд, ки роҳҳо дар ҳолати хуб нигоҳ дошта шаванд.

Аз ҳисоби соҳибкорон ва кумаки аҳолӣ  низ роҳҳои дохилӣ таъмиру  асфалтпӯш карда мешаванд. Аз ҷумла дар деҳаҳои «Бӯстон» ва  «Правда» таъмири 3,2 км роҳ корҳои сохтмонӣ идома доранд.

-Дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат дар бахши сиёсати иҷтимоӣ чандин барномаҳо қабул ва амалӣ гашта истодаанд. Дар ин самт  фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро чӣ тавр метавон арзёбӣ намуд?

-Рушди бахшҳои иҷтимоӣ аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад ва ин нукта дар Паёми имсолаи Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъкид шудааст.

Дар нимсолаи аввали соли равон қисми даромади буҷети  маҳаллии ноҳия ба маблағи 9395,5 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, иҷрои он 9465,6 ҳазор сомонӣ (100,7 фоиз) расонда шуд.

Ин маблағҳо дар  навбати аввал барои пардохти музди меҳнат ва дигар  пардохтпулиҳои кормандони соҳаи буҷетӣ сарф гардид. Аз ҷумла музди меҳнати омӯзгорон, табибон, нафақахӯрон пурра пардохт шуд.

Ҳаҷми маблағгузаронӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ сол ба сол зиёд мешавад. Аз ҷумла давоми соли равон ба соҳаи маориф 13417,3 ҳазор сомонӣ сарф гардид, ки нисбат ба соли гузашта 2751,7 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Дар соли хониши 2013- 2014 дар 62 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, як литсей-интернати кӯдакони болаёқат 31996 нафар хонанда ва дар шаш муассисаҳои томактабӣ 654 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Шумораи омӯзгорон 1389 нафарро ташкил медиҳад, ки 700 нафарашон дорои маълумоти олӣ мебошанд. Барномаи компютеркунонии мактабҳо пурра иҷро гардид.

Дар ноҳия бинои  мактабҳои нав  ва синфхонаҳои иловагӣ   сохта мешаванд. Аз ҳисоби буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар деҳаи «Яккатут» сохтмони бинои нави мактаби дуошёна барои 460 ҷой ва бо маблағгузории Ҳукумати ҷумҳурӣ, инчунин вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №19 дар деҳоти «Ифтихор» барои 320 ҷой оғоз гардидааст.

Инчунин дар назди  шаш мактаб сохтмони 23 синфхонаи иловагӣ аз ҳисоби буҷети ноҳия ва саҳми сокинони маҳал идома дорад.

Вобаста  ба талаботи аҳолӣ дар ноҳия шумораи муассисаҳои тиббӣ зиёд мешавад. Дар рӯзи иди касбии кормандони соҳаи тандурустӣ дар Ҷамоати деҳоти «Дӯстӣ» бунгоҳи тиббӣ мавриди истифода қарор гирифт.Сохтан ва ба истифода додани нуқтаҳои тиббӣ дар дигар маҳалҳои ноҳия идома дорад. Танҳо дар  шаш моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҳисоби аҳолӣ ва шахсони саховатпеша чор бунгоҳи тиббӣ сохта шуд.

Бо ҷалби сармоягузории Ҳукумати Япония системаи обтаъминкунии беморхонаи марказии ноҳия пурра барқарор карда мешавад. Ҳоло корҳои сохтмон оғоз шудааст.

Дар соҳаи тандурустӣ беморхонаи марказӣ бо 11 шуъбаи муолиҷавӣ, ду беморхонаи рақамӣ, маркази саломатӣ, ҳафт маркази саломатии деҳотӣ, як беморхонаи минтақавӣ ва 51 бунгоҳи саломатӣ фаъолият намуда, дар хизмати мардум қарор доранд.

-Маълум, ки соҳаи асосиро дар ноҳия соҳаи кишоварзӣ ташкил медиҳад. Он аз бахшҳои муҳими иқтисодӣ дар ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ба ҳисоб меравад…

-Дар ноҳия ислоҳоти бахши аграрӣ идома дорад. Ҳоло дар ноҳия 2300 хоҷагии деҳқонӣ ташкил шуда, дар рушди соҳаҳои кишоварзӣ саҳм мегузоранд. Дар ҳама бахшҳои хоҷагидорӣ дар майдони 19359 гектар кишт гузаронда шуд. Аз ҷумла ғалладонагиҳо 6182 гектар, сабзавот 1172 гектар, картошка 703 гектар, пахта 9600 гектарро ташкил медиҳад.

Кишоварзон туфайли меҳнати хубашон 13233 тонна сабзавот, 16869 тонна ғалла, 9581 тонна картошка, 616 тонна мева истеҳсол намуданд.

Ҷиҳати таъмини Барномаи давлатии боғу токпарварӣ дар майдони 112 гектар боғҳои нав бунёд карда шуд. Ҷиҳати иҷрои ин Барнома солҳои 2010- 2014 бунёди боғҳо бештар аз 1000 гектарро ташкил дод. Дар ин давра аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонӣ ва идораи  маҳсулоттайёркунии ҷамъияти матлуботи ноҳия бештар аз 1350 тонна маҳсулоти  кишоварзӣ содирот шуд ва кор дар ин самт идома дорад.

Дар ноҳия  моҳипарварӣ рушд меёбад. Ба ин соҳа ҳафт хоҷагии деҳқонӣ ва ҶДММ «Моҳии хушзот» фаъолият доранд. Дар ин давра бештар аз 55 тонна моҳӣ истеҳсол шуд. Дар бозори «Шоҳмансур»- и шаҳри Душанбе ва шаҳри Қӯрғонтеппа мағозаҳои фирмавӣ ташкил шудааст, ки маҳсулоти хоҷагиҳои моҳипарварии ноҳия  фурӯхта мешаванд.

-Барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо чӣ чорабиниҳо амалӣ  мегарданд, то ки заминҳои корам васеъ ва  истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ зиёд гардонда шавад?

-Дар ҳудуди ноҳия аз сабаби тоза накардани ҷӯю заҳкашҳо майдонҳои зериобмонда, шӯру ботлоқ, гирифтори эрозия мавҷуданд, ки истифодаи  мақсадноки он ғайриимкон мебошад.

Барои бартараф намудани камбудиҳо тадбирҳо андешида мешаванд. То ҳол бештар аз 100 км заҳбуру заҳкашҳо ва каналҳои обёрикунӣ бо истифодаи техника тоза карда шуд. Барои иҷрои ин корҳо аз ду манбаи маблағгузорӣ -  буҷети маҳаллӣ 255,7 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби хизмати обрасонию худмаблағгузории хоҷагиҳо 107,4 ҳазор сомонӣ масраф гардид, ки ба беҳтаргардонии зиёда аз 318 гектар заминҳои кишоварзӣ мусоидат менамояд. Бо истифода аз техникаи мавҷуда корҳои беҳтар намудани ҳолати  мелиоративии заминҳо идома дорад.

-Ноҳия номи яке аз адибони маъруфи адабиёти тоҷику форс Мавлоно Абдураҳмони Ҷомиро дорад. Имсол 600- солагии ин адиби бузург ботантана ҷашн гирифта мешавад. Омодагиҳо дар ноҳия чӣ гунаанд?

-Барои ботантана таҷлил намудани ин санаи воқеан ҳам барои мардуми мо пуршукӯҳ дар ноҳия ҳамаҷониба омодагӣ мебинанд. Кохи фарҳанги маркази ноҳия яке аз  иншооти ҷашнӣ ба ҳисоб меравад. Он дорои 350 ҷойи нишаст буда, пурра азнавсозӣ  мешавад. Бо кумаки сокинон ва мардони саховатпеша боғи фарҳангию фароғатии маркази ноҳия обод гардонда шуд. Ин имкон фароҳам меоварад, ки  чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ баргузор гардад. Бахшида ба 600 -солагии классики адабиёти тоҷику форс  Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар ноҳия конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ доир гардид. Дар он як зумра олимону адабиётшиносон аз макотиби олии ҷумҳурӣ доир ба эҷодиёти Абдураҳмони Ҷомӣ бо маърӯзаҳо баромад намуданд. Ба осори гаронбаҳои ӯ, ки фарогири мавзӯъҳои ахлоқу  одоб, дӯстию рафоқат, масъалаҳои иҷтимоӣ ва ғайра мебошанд, баҳои баланд дода шуд.

Имсол пур аз воқеаҳои фараҳбахшу хотирмон мебошад. Рӯзи  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20- умин солгарди қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 600- солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, ки бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ЮНЕСКО пазируфта шудааст, ботантана ҷашн гирифта мешаванд. Сокинони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо рӯҳияи  болида дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ  ба корҳои  созандаву бунёдкорӣ машғуланд ва азм доранд, ки ин санаҳои муҳими сиёсию фарҳангиро сазовор истиқбол гиранд.

- Ташаккур барои суҳбат.

Ҷумъахон НАБОТОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»