Бозори «Саховат»-и Кӯлоб дубора оташ гирифт

№83 (3229) 30.07.2014

Ба қавли шоҳидон тахминан  соати яки  шаби  22 июли соли ҷорӣ  қисмати шимолии бозори марказии  шаҳри Кӯлоб  оташ гирифт. Дар ибтидо ёдовар мешавем, ки ин дуюмин ҳодисаи оташ гирифтани бозори марказии шаҳри Кӯлоб дар соли равон аст. Дар ҳодисаи аввал, ки шаби 12-уми январи соли ҷорӣ  дар қисмати ҷанубии он ба вуқӯъ пайваста буд, 60 фоизи  бозор  хароб гардида,  тоҷирон зарари калони молӣ диданд. Он вақт бо талоши дастаҳои сӯхторхомӯшкунии шаҳру навоҳии минтақа ин қисмати бозор аз оташ эмин монд. Бояд гуфт, ки ду моҳ қабл бо кумаку дастгирии  Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» тамоми дӯконҳои  қисмати офатзада таври таъҷилӣ барқарор  ва тоҷирон ба фаъолият шурӯъ намуда буданд. Вале,  новобаста ба тадбирҳои зиёди  пешгирии сӯхтор ин ҳодиса такрор ёфт.

Сардори дастаи сӯхторхомӯшкунии ноҳияи Фархор Сайдаҳмад Саидов гуфт, ки бо  се мошини сӯхторхомӯшкунӣ давоми 40 дақиқа ба макони оташ расида омадем. Дастаи мо аз қисмати даромадгоҳи бозор  вориди макони ҳодиса шуда, ба хомӯш кардани оташ шурӯъ намуд. Агар сӯхтор сари вақт хомӯш карда намешуд, он тамоми қисмати бозорро фаро мегирифт ва зарари ҳодиса садҳо баробар меафзуд.

Тибқи иттилои  сардори Ситод оид ба  ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб  полковник   Рамазон Неъматов оташ тахминан  ҳудуди 1000 метри мураббаъро фаро гирифтааст. Ҳоло  сабабу  зарари молии он муайян нашудааст. Масъулину мутахассисон дар пайи  ошкор намудани  сабабҳои сӯхтор ва миқдори зарари онанд.

Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ,  «Садои мардум»