Бозори «Саховат»-и Кӯлоб сӯхт. — Чаро?

№10 (3156) 28.01.2014

DSCN4343

Тӯли якчанд соли охир дар Тоҷикистон бозорҳои калон ба коми оташ меафтанд ва молу мулки мардум  хокистар мешавад.

Бояд гуфт, ки сохтани чунин бозорҳои муҳташам кори осону содда нест. Бозори «Саховат»-и Кӯлоб ба шарофати ҷашнвораи 2700-солагии Кӯлоби бостон ва иқдоми ватандӯстонаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва ҷалби ҷамъиятҳои матлуботи шаҳру навоҳии мамлакат бунёд ва навсозӣ гардида буд.

Дар бозор тибқи ҳисоботи расмии роҳбарони он, зиёда аз 2 ҳазору 500 нафар шаҳриён ва мардуми гирду атрофи ба шаҳр наздик ҷойи кор доштанд ва онҳо аз фаъолияти тоҷирии хеш беш аз 10 ҳазор аъзои оилаашонро мехӯронданду мепӯшонданд. Ба гуфти шоҳидон, дар бозор беш аз 5 ҳазор одам шуғли савдо дошт ва тибқи ин ҳисобот наздик ба 20 ҳазор шаҳрвандон аз баракати ин маркази савдо рӯз мегузарониданд. Азбаски бозор дар маркази серодам ва гузаргоҳи асосии шаҳр ҷойгир буд, барои афроди бозорнишин басо ҷои қулай ва сермуштарӣ мансуб меёфт, теъдоди коргаронаш рӯз ба рӯз меафзуд. Ҳар касе, ки ҳаваси кори савдо мекард, кӯшиш менамуд дар ин ҷо дӯкон кушояд ва ё якчанд метр ҷой барои тиҷораташ ба даст биёрад.

Иллат ҳамин буд, ки дар рӯзи корӣ афроди камқувват на ҳамеша аз роҳҳои танг маҷоли гузаштан мекарданд. Аз гардиши аробаҳо ҳатто дар роҳравҳои асосӣ тамбашавӣ ба вуҷуд меомад. Ҳамин бесалоҳиятӣ, яъне риоя накардани тартибу маданияти бозордорӣ ва ба қавли фаъолони асотсиатсияи соҳибкорон гурусначашмии мудирияти «Саховат», ки аз ҳар як бозорнишини ғайриқонунӣ пулҳои бедардимиён ҷамъ меоварданд, сабабгори чунин бадбахтии бузург-  сӯхта хокистар гаштани 96 мағоза, 382 нуқтаи савдо ва дар маҷмӯъ 3 ҳазору 28 метри мураббаъ фурӯшгоҳҳо гардид.

Агар низоми ҷойгиршавии нуқоти савдо мувофиқи қоидаҳои маъмули бозордорӣ аз тарафи Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва даҳҳо ташкилотҳои назоратию дастурдиҳанда, аз зумраи коргарони соҳаи стандарт, кумитаҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру минтақа, маркази давлатии назоратии дигар зери назорат қарор мегирифт, пеши роҳи бадбахтиро гирифтан мушкил набуд.

Баробари бонги хатар дар бораи оташ гирифтани бозор Хадамоти давлатии сӯхторхомӯшкунии минтақа ҳамаи имкониятҳои дар ихтиёраш бударо сафарбар намуд. Ба ҷуз мошинҳои сӯхторхомӯшкунии ду идораи бонуфузи шаҳр, аз ноҳияҳои Данғара, Фархор, Восеъ дар маҷмӯъ 16 мошини бо таҷҳизоти лозима муҷҷаҳаз бозорро дар муҳосира гирифта бошанд ҳам, вале вазифаи дар наздашон истодаро бояду шояд иҷро карда натавонистанд. Бояд тазаккур дод, ки соли гузашта фаъолони асотсиатсияи бозор бо сарварии раиси он Сафар Муродов доир ба қонуншиканиҳои дағалонаи маъмурияти бозор, ки бо ҳар баҳона таври доимӣ маблағҳои калонро  обу лой мекунанду раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот» пишаки зердастони хиёнатпешаашро пишт намегӯяд, дар мактуби дастҷамъонаи худ зери унвони «Пул дар бозору чаро бозордор қарздор?» (Ба таваҷҷуҳи раиси вилоят) мактуби фошкунандаи дастҷамъона дар рӯзномаи «Хатлон» ба нашр расонида буданд. Умед доштанд, ки ба масъалаи доғ сари вақт расидагӣ мекунанд.

Гуфтан бамаврид аст, ки солҳои охир роҳбари чунин коргоҳи бузургро тасодуфӣ, бо вайрон кардани Оинномаи ҷамъияти матлубот ва бо лағв сохтани ҳуқуқи пайчиён таъин мекунанд.

Воқеан ҳисоботдиҳанда будани роҳбари бозор дар назди пайчиён на танҳо боиси ба низом даровардани бозор, ҳамзамон боиси баланд бардоштани маданияти хизматрасонӣ ва кам намудани амалҳои коррупсионӣ низ гардида метавонад. Аммо ба бонги изтироби садҳо соҳибкорони бозор дар вилоят ва ҳам дар шаҳри Кӯлоб гӯш накарданд. Ҳамаи ин дар «Саховат» на фақат низоми бозордориро ба тамом вайрон гардонида буд, балки дар фазои роҳбарии мавзеи сердаромад миёни фармонбарони наву куҳнаи он як навъ рақобати носолим низ ба миён оварда буд.

Инак, бозор сӯхт ва соҳибкорон зарар диданд. Эшон дар навбати хеш аз даромади бадастовардаашон саноат ва кишоварзии ақибмондаи минтақаро имкони сармоягузорӣ кардан доштанд. Онҳо маблағҳои озодашонро барои бунёди корхона, обод сохтани заминҳо равона намуда, ҳам дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҳам афзун гардонидани маҳсулоти кишоварзӣ саҳми бориз доштанд. Деҳқонони камбизоати соҳиби саҳми замин ҳеҷ гоҳ ин имкониятҳои калонро молик нестанд ва соҳибмулкии онҳо мақоли «Хоҷа боғ дорӣ, дорам»-ро ба ёд меорад. Аз ин нуқтаи назар сӯхтор дар бозорҳо ба рушди хоҷагии халқ таъсири манфӣ мерасонад.

Оташ мисли заминҷунбӣ, обхезӣ, туфону вулқонҳо ҳамеша барои инсонҳо зиён ва мусибатҳои ҷуброннопазир ба дунбол дорад.  Паёмади нохуши  сӯхтори «Саховат» низ ҳамин гуна харобоварист.Хокистар гаштани молу ҳоли  аксарияти тоҷирон  ва бо ин иллат ба бемории асабу фишори хун гирифтор гаштани иддае аз ҷабрдидаҳо, вақти задухӯрд бо оташ маҷрӯҳ гаштани чанд нафар соҳибкор ҳоло оғози ин бадбахтист.

Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб доир ба таҳқиқу баррасии ин ҳодисаи мудҳиш комиссияи босалоҳият ташкил шуд, ки сабаби рух додани сӯхтор ва дигар ҳолатҳои ба он робитадор тадқиқ ва аниқ карда мешавад. Вале соҳибкорони бозор ба пурсишҳои худ:Чаро соати 11-и шаб баробари сар ба хоб гузоштани шаҳр фурӯшгоҳҳо оташ гирифтанд?  Муаммо дар чӣ буд, ки офат якбора аз якчанд нуқта ба забона задан сар кард?» ҷавоби қаноатбахш гирифтан мехоҳанд.

Шояд рафти тафтишот ба ин суолҳо посухи амиқ диҳад. Аммо чӣ суд аз он нӯшдоруе, ки баъди марги Сӯҳроб ба паҳлавони ҷигарсӯхта Рустами достон таслим карда буданд?

Мо баъди ба манзараи сӯхтор шинос гардидан аз чанд нафар соҳибкорони бозор пурсидем, ки молу мағозаҳоятонро суғурта карда будед ё не? Ҷавоб гуфтанд, ки талабу дархости фармонбарони бозор дар ин масъала вуҷуд ки надошт, мо низ дар ин кор бепарвоӣ кардем.

Оре, соҳибони бозор заррае маърифат медоштанду дилашон  барои ободии бозор  ва боигарии зердастонашон  моил мебуд, бояд ба ин масъала аҳамияти якуминдараҷа медоданд.

-Давоми сол мо якчанд маротиба коргаронамонро барои суғурта кардани мардуми бозорнишин мефиристем.Онҳо ҳамеша аз ин «корхона»-и калон дасти холӣ бармегарданд. Доир ба ин масъала шахсан ба маъмурияти «Саховат» муроҷиат кардам, вале дастгирӣ наёфтем. Фарз кардем, агар онҳо ба маблағи ним миллион сомонӣ мағозаю молҳояшонро  суғурта мекарданд, дар пайомади ин нохушӣ ширкат ба онҳо 50 миллион сомонӣ ҷуброни зарар медод,- мегӯяд сарвари филиали Ширкати «Тоҷиксуғурта» дар минтақаи Кӯлоб А.Давлатов.  Чунин муносибати бемасъулиятона худ гувоҳи он аст, ки то ба имрӯз  роҳбарон дар калонтарин  коргоҳи минтақа тасодуфан соҳиби мансаб мешаванд. Дар бозори «Саховат» садҳо соҳибкорони муваффақу соҳибфарҳанг шуғл доштанд ва ба василаи  тарғиботи солим бешаку шубҳа аз мададгории суғуртачиён ба хотири 200-300 сомонӣ худро ҳеҷ гоҳ  канор намегирифтанд.

Ғайбулло ҲАЛИМОВ, рӯзноманигор,

Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»

Аз муаллифон:

Тавре дар боло ёдрас шудем, аз бенизомиҳои бозори «Саховат» соли гузашта рӯзномаи «Хатлон» мақолаи пурмуҳтавое ба табъ расонида буд. Дар он аксарияти камбудиҳои  маъмурон аз ҷониби соҳибкорон фош шуда буданд. Ҳамчунин андешаи эшон дар дигар рӯзномаҳои ҷумҳурӣ низ ба диққати мақомоти дахлдор пешниҳод гардида буд. Мутаассифона, бонги изтироби аҳли қаламро роҳбарони шаҳру ноҳия ва мақомоти марбутаи ҷумҳурӣ нодида гирифтанд.    Агар ба дарди дили соҳибкорони бозор мансабдорон дилсӯзона гӯш медоданду сари вақт чора меандешиданд, ба ҳеҷ ваҷҳ ҳодисаи мудҳиши имрӯза рух намедод.