Аз фаъолияти мақомоти намояндагии ҳокимияти маҳаллӣ

Диққати асосӣ ба таъсиси корхонаҳои саноатӣ

№116-117 (3262-3263) 09.10.2014

Дар иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Қӯрғонтеппа даъвати чорум масъалаҳои гуногун, аз ҷумла «Дар бораи рафти иҷрои Қарори раиси шаҳри Қӯрғонтеппа аз 25 декабри соли 2005 таҳти №689 «Оид ба Қарори раиси вилояти Хатлон аз 2 декабри соли 2005 таҳти №448 «Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар солҳои 2005-2015» мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

- Барои шаҳри Қӯрғонтеппа суръати нисбатан баланди афзоиши аҳолӣ ва захираҳои меҳнатӣ хос аст, — гуфт дар гузориши худ муовини якуми раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Файзулло Баротов. — Агар дар давраи тасдиқи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар солҳои 2005-2015» аҳолии шаҳр 68500 нафар бошад, айни замон ин теъдод ба 103200 нафар расидааст.

Сол то сол шумораи корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ зиёд ва истеҳсоли маҳсулот рӯ ба афзоиш ниҳода истодааст. Яъне, ҷиҳати рушди соҳаи коркард ва истеҳсол аз ашёи хоми ватанӣ ва ба ин васила ташкили ҷойҳои нави корӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва афзун намудани содироти маҳсулот имкониятҳои мавҷуда истифода шуда истодаанд. Агар соли 2005 дар ҳудуди шаҳр 21 адад корхонаю коргоҳҳои саноатӣ ба қайд гирифта шуда бошад, айни замон шумораи онҳо ба 52 адад расидааст.

Соли 2013-ум тибқи нақша дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ресандаи Қӯрғонтеппа» хатҳои нави технологии истеҳсоли маҳсулоти калоба, матоъ, дӯзандагӣ, ҷӯроббарорӣ, нассоҷӣ ба маблағи 5,6 млн.доллари амрикоӣ васл карда, ба ин васила зиёда аз 650 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд. Айни замон дар корхонаи мазкур кор дар ду баст ба роҳ монда шудааст. Тибқи шартнома, дар ин ҷо барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсею гимназияҳо сарулибоси мактабӣ дӯзонда мешавад.

Зикр кардан зарур аст, ки соли 2013 ду адад корхонаи саноатии мавҷуда пурра азнавсозӣ ва 14 адад корхонаи хурди истеҳсолӣ ташкил шудааст.

Роҳҳои дохилии шаҳр солҳои зиёд таъмир нагардида, баъзе қитъаҳои он дар ҳолати садамавӣ қарор доштанд. Тавассути дастгирии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Амирулло Асадулло айни ҳол роҳҳои шаҳр марҳила ба марҳила бо асфалти хушсифат таъмир шуда истодааст. Танҳо дар давоми ҳашт моҳи сипаригашта 43254 метри мураббаъ роҳҳоро асфалтпӯш карданд.

Вақтҳои охир ба сохтмони биноҳои баландошёна низ диққат дода мешавад. Дар ҳашт моҳи соли 2014 ба маблағи 31 млн. 885 ҳазор сомонӣ фондҳои асосӣ истифода шудааст. Аз ҷумла бо маблағҳои ташкилот, соҳибкорон ва шахсони алоҳида ба миқдори 11099 метри мураббаъ 72 адад хонаи истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шудааст, ки нисбати ҳашт моҳи соли гузашта 5618 метри мураббаъ зиёд мебошад.

Муовини якуми раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Файзулло Баротов вазъи молиявиро таҳлил намуда, иброз дошт, ки қисми даромади буҷет 113 фоиз иҷро гардидааст, ки аз нақша 4 млн. 658 ҳазор сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 16 млн. 65 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Дар нозироти андози шаҳр 1239 адад патент ва 140 адад шаҳодатномаҳои соҳибкорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 80 адади он ба соҳибкорони ба истеҳсолот машғулбуда тааллуқ дорад.

Дар иҷлосия вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Қӯрғонтеппа Маҳтобӣ Амирова, Ҷӯрабек Шарифов ва дигарон баромад намуда, доир ба бартараф кардани камбудиҳо таклифҳои мушаххас баён доштанд.

Доир ба масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул шуданд.

Аъзам МӮСОЕВ, Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»