Фурудгоҳ имкони ба ҳоҷиён хизматрасониро дорад

№83 (3229) 30.07.2014

Кормандони ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» тӯли шаш моҳи соли равон тавассути се ширкати ҳавопаймоии хориҷиву  ватанӣ ба 91858 нафар мусофирон хизмат расонидаанд, ки 37 фоизи он мутааллиқ ба ширкатҳои ҳавопаймоии ватанист.  Алҳол дар фурудгоҳи мазкур 249 нафар дар хизмати мусофиронанд, ки музди миёнаи маоши онҳо 1498 сомониро ташкил медиҳад.

-Хуб мешуд, агар идораву ташкилотҳои масъули кишвар сафари ҳоҷиёни вилояту минтақаро тавассути фурудгоҳи байналмилалии мо иҷозат медоданд. Барои иҷрои ин амал  мо ҳама шароиту имкониятҳои хизматрасонӣ ва техникиро дар ихтиёр дорем,- иброз намуд зимни суҳбат директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» А. Комилов.

Т. ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»