Иқдоми неки соҳибкор

№87 (3072) 12.07.2013

ҚӮРҒОНТЕППА. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»)  Бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ Акбар Мирзоев беш аз 520 метр роҳи кӯчаи ба номи Зебуннисои маркази вилояти Хатлон мумфарш гардид. Барои ин амали шоиста соҳибкор 160 ҳазор сомонӣ маблағ сарф кардааст. Роҳсозони Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои шаҳр ба кӯмаки соҳибкор омада, бо истифода аз техника дар бунёди ин қитъаи роҳ иштироки фаъолона намуданд. Дар иҷрои ин амали хайр вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Раҳимҷон Ҳамдамов низ саҳми арзанда гузошт.