Шиносоӣ бо вазъи минтақа

Изҳори нигаронӣ аз камбудиҳо ва даъват ба созандагӣ

№60 (3206) 07.06.2014

Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов ба шаҳру ноҳияҳои Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Кӯлоб ва Восеъ сафар карда, бо вазъи иҷрои нақшаҳои дурнамои кишти баҳорӣ, фаъолияти муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва дигар самтҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоии онҳо аз наздик ошно шуд. Мавсуф бардоштҳояшро аз боздид дар ҷамъомадҳои васеи фаъолону сокинон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.

Раиси ноҳияи Фархор Раъно Раҳимзода дар ҷаласаи фаъолон аз бурду бохти ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ноҳия тӯли чор моҳи соли равон ҳисобот дода, ба пурсишҳои раиси вилоят посух гуфт. Давлатшо Гулмаҳмадов дар навбати аввал аз иҷро нагаштани нақшаи андоз изҳори нигаронӣ намуд. Зикр гардид, ки  ноҳия нақшаи андозро нисбати иҷрои нақшаи  миёнаи вилоят 17 фоиз кам иҷро намуда, нақшаи панҷ намуди андозро иҷро накардааст. Давоми чор моҳ  илова ба нақша ҳамагӣ 11 ҳазор сомонӣ ворид шудааст, ки бо чунин маблағу муносибат, беҳ намудани ҳаёти сокинони ноҳия аз имкон дур аст. Истеҳсол ва содироти  меваю сабзавоти барвақтӣ низ ҷавобгӯи талабот нест ва нақшаи дурнамои кишти зироатҳои баҳорӣ иҷро нашудааст.

Дар маҷлиси васеи фаъолони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ раиси вилоят ба иҷро нагардидани нақшаи кишти сабзавот, ҳосили пасти ғалладона дар заминҳои обӣ, вазъи ногувори пахтазор, сифатнок иҷро нагардидани нақшаи андоз, қарзи музди меҳнат ва саҳми на чандон назарраси соҳибкорон дар рушди ноҳия дахл намуда, баҳри бартараф кардани мушкилоти зикргашта дастуру супоришҳо дод.

Сипас, раиси вилоят дар атрофи Паёми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуда, раиси ноҳия Абдуқодир Вализода ва иштирокчиёни машваратро даъват намуд, ки баҳри амалӣ намудани нуктаҳои он талош намоянд.

Д. Гулмаҳмадов қабл аз оғози маҷлиси васеи фаъолону сокинони шаҳри  Кӯлоб аз ҳолати ногувори баъзе иншооти шаҳр дидан намуд.

Баъди ҳисоботи муфассали узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳр Абдулғаффор Раҳмонов оид ба вазъи соҳаҳои шаҳр дар моҳҳои сипаригаштаи соли равон таъкид гардид, ки ҳоло ҳам сифати ҷамъоварии андоз ҷавобгӯи талабот нест ва бақияпулиҳои  андоз дар ҳоли афзоиш қарор доранд. Ҳолати  пардохти ҳаққи хизмати коммуналӣ, барқ, газ ва об низ аз ҷониби истифодабарандагон хуб нест.

Раиси вилоят дар хусуси кишти баҳорӣ сухан ронда, минҷумла зикр намуд, ки нақшаи дурнамои кишти пахта ва сабзавот иҷро нагардидааст.

Ҳолати ба ҷойи кор ҳозир гаштани хатмкунандагони макотиби олии кишвар, ки барои фаъолият ба муассисаҳои шаҳри Кӯлоб роҳхат гирифтаанд, ҳамагӣ  43 фоизро ташкил мекунад. Аз ин сабаб алҳол дар  муассисаҳои тиббии шаҳр 126 духтур намерасад.

Д. Гулмаҳмадов зимни баррасии нуктаҳои Паём аз он изҳори таассуф намуд, ки имрӯз баъзе  аз ҷавонони  шаҳри Кӯлоб, бо иллати заъфи хештанношиносӣ ба доми гурӯҳҳои авомфиребон афтида, ҳангоми иштирокашон дар муноқишаҳои Сурия  ҷони худро аз даст додаанд.

Дар маҷлиси фаъолони ноҳияи Восеъ Д.Гулмаҳмадов оид ба суръати сусти кишти баҳорӣ, нигоҳубини бесифати зироатҳои киштшуда, сари вақт напардохтани музди меҳнати кормандони идораи барқ, мувофиқи матлаб набудани ҷамъоварии андоз дар пайдо намудани   сарчашмаҳои нави андозбандӣ, иҷро нашудани нақшаи Барномаи компютеркунонӣ дар мактабҳо, вазъи ногувори роҳҳо  ва дигар мушкилот сухан ронд.

Мавсуф дар поёни ҷаласа вобаста ба Паёми Сарвари давлат ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  андешаронӣ намуда, раиси ноҳияи Восеъ Рустам Латифзода ва масъулини ноҳияро вазифадор  намуд, ки баҳри рафъи камбудиҳо ҷаҳду талош кунанд.

Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ,  «Садои мардум»