Левакант. Дурнамои истеҳсоли пахта иҷро гардид

№ 10.10.2022

ПахтаДеҳқонони соҳибтаҷрибаи шаҳри Левакант аввалин шуда дар миқёси вилояти Хатлон 4 октябри соли равон дурнамои истеҳсоли пахтаро сарбаландона таъмин намуданд.

Ба иттилои муовини аввали раиси шаҳри Левакант Неъматулло Кабирзода, пахтакорони шаҳр ба андозаи 2524 тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ намуданд, ки беш сад фоизи нақшаро дар бар мегирад.

Гуфта шуд, ки соли ҷорӣ дар шаҳри Левакант дар майдони 1080 гектар пунбадона кишт гардид ва тибқи нақша мебоист ба андозаи 2520 тонна пахта ҷамъоварӣ мешуд. Дар натиҷаи интихоби тухмии хушсифат, дуруст ба роҳ мондани қоидаҳои коркарди байни қатораҳо ва пурмаҳсул меҳнат намудан, дурнамои ин ашёи хоми саноатӣ пурра таъмин карда шуд.

Дар шаҳр 129 хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият менамоянд, ки самти фаъоляти 58 адади он пахтакорӣ мебошад.

- Айни замон дар саҳро ҳосил фаровон аст ва деҳқонони шаҳр кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки то кӯраки охирин ашёи хоми саноатиро бе талаф ҷамъоварӣ намуда, ба нуқтаҳои пахтақабулкунӣ бисупоранд, — гуфт Неъматулло Кабирзода.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»