Марде, ки тору пудаш ватанпарварист

№104 (3250) 09.09.2014

Суҳбат бо раиси собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Кӯлоб, Корманди шоистаи Тоҷикистон Мирзо Бекматов

  -Устод, ҳамчун як таърихнигори куҳансол, арбоби шинохтаи давлатию ҷамъиятӣ бигӯед, ки расидан ба Истиқлолияти давлатӣ ин доди Худо, гардиши замон ё худ амри воқеии таърих буд?

-Бо қатъияти том иброз медорам, ки ин дастоварди бузурги миллату кишвар, ки номаш Истиқлолият аст,  пеш аз ҳама, амри воқеии таърих ва замон буд. Тоҷикистони азиз, бо ин обу хоки зархез ва сокинони гуногунзабону гуногунмазҳабаш тӯли таърих дар ҳайати давлатҳои хурду бузурги Ҳахоманишиниён, Селевкидҳо, Ашкониён,  Кӯшониён, Сосониён, Ҳайтолиён, Умавиён, Аббосиён, Тоҳириён, Саффориён, Сомониён, Ғазнавиён, Қарахониён, Салчуқиён, Хоразмшоҳиён, Темуриён, Шайбониён, Аштархониён, Манғитиҳо  ва билохира  шӯравиҳо мавқеи хосу арзандаро соҳиб буд.

-Дарвоқеъ, моҳи октябр барои Тоҷикистону сокинони он моҳи пурфайзу қисматсозе будааст…

-Бале, ҳамин тавр аст. Инқилоби болшевикон, ки дар моҳи мазкур ғалаба карда буд,  қабл аз ҳама бо номи Инқилоби Октябр шуҳрату маъруфият дошт ва сиёсати идеологии ҷаҳони асри XX ба ду қисмат ҷудо кард. Он вақт ҳазорҳо шаҳру ноҳияҳо ва мукофоту ҷоизаҳои олии давлатӣ маҳз ба номи ҳамин моҳ номгузорӣ мешуд. Дар вилояти худамон ва шаҳри Душанбе низ бо исми  Октябр ноҳияҳо доштем. Аз миёни 20 ордену медале, ки банда дар тӯли 73 соли фаъолияти ҷангию меҳнатӣ ба он соҳиб шудааст, нахустинаш ордени «Револютсияи Октябр» мебошад. Дар робита ба ин суоли шумо боз гуфтаниам, ки на моҳи октябр, балки асри ХХ, сарфи назар аз камию костиҳои аввалу охири он, дар маҷмӯъ барои миллату кишвари мо асри муносибу созгор буд.

-Бисёре аз шоиронамон тараннуми ин асру моҳро кардаанд. Пурсиданиам, ки замони истиқлолу асри нав дар ҳаёти шахсии Мирзо Бекматови 90 — сола чӣ навгонию тағйироте ворид намуд?

- Истиқлол бароям руҳу ғайрати тоза ва умеду орзуҳои дигар бахшид. Медонам, ки дар ҷараёни ин суҳбат аз тансиҳатию умри тӯлонии банда, пурсиданӣ мешавед. Гуфтаниам, ки тансиҳатию умри тӯлониам файзу шарофати Истиқлолият ва  асри нав аст. Ана ҳамин руҳу ғайрати тоза якбора водорам намуд, ки дар баробари иҷрои вазифаи ба дӯшдоштаи хеш, қаламу коғаз ба даст гирифта, васфи онҳоеро намоям, ки дар рушду нумӯи Тоҷикистони азиз, бахусус минтақаи Кӯлоб, саҳми беназири худро гузоштаанд.

-Хуб мебуд, аз номгӯйи навиштаҳоятон ёдрас мешудед.

- Ба ғайр аз силсилаи мақолаҳои таърихию ёддоштӣ, китобҳои «Таърихи ташкилёбии Ҳокимияти Шӯравӣ дар шаҳру ноҳияҳои гурӯҳи Кӯлоб», «Комбриг Томин», «Раиси ревком С.Назаров», «Ёде аз он аёми пурошӯб», «Ғолибон», «Назаре ба гузаштаи айём», «Бо даъвати замон», «Паҳлуҳои зиндагӣ» ва «Умри босамар» аз ҷумлаи навиштаҳои замони истиқлоланд.

 -Кӯлобро аз нигоҳи нуфуз шаҳри сеюми кишвар ном мебаранд ва сокинони огоҳназараш, қисмати зиёди иншооти иқтисодию иҷтимоии онро мансуби замони роҳбарии шумо медонанд.Оё ҳамин тавр аст?

-Солҳои 1960-1964 раиси Комитети иҷроияи шаҳр ва солҳои 1965-1974 ба ҳайси котиби якуми Ҳизби коммунисти он ифои вазифа доштам. Дар ин муддат вобаста ба  шароиту имконият ва  талаби замон, як қатор иншоот, аз қабили кашидани хати оби нӯшокӣ аз деҳаи Ҷангалбошӣ ва Тебалай, сохтмони кӯпруки сойи Тебалай, гузаронидани лӯлаи интиқоли газ, азнавсозии аксар кӯчаҳо, меҳмонхонаи «Кӯлоб», ҳаммоми дуошёна, роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Даҳана, азнавсозии заводи пахта ва равған, мактаб-интернат барои 400 нафар хонанда, ду мактаб бо 2400 ҷой, Омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ, варзишгоҳ ва ташкили дастаи «Равшан», бунёди 30 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ, канализатсияи шаҳр, заводи «КОЗТО», комбинати гӯшту шир, ташкили хоҷагиҳои ангурпарварӣ, чорводорӣ ва фабрикаи мурғпарварӣ дар мавзеи Муъминобод, совхози сабзавоткории ба номи С.Назаров, сохтмони фурудгоҳи нав, қасри фарҳанг, бинои нави Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ, беморхонаи чашму дил, бунёди маҳаллаҳои аҳолинишини рақамҳои 9, 10 ва ғайраҳоро бо дастгирии роҳбарони онвақтаи ҷумҳурӣ ба сомон расондем.

- Дар чорабинии бахшида ба 90-солагии зодрӯзатон баргузоргардида шоҳид будем, ки раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ бо самимияти хосса амалҳоеро, ки шумо аз қисмати камеаш дар боло ёд кардед, пурра хотирнишон намуда, иллати бардамию умри дарози пурбаракати шуморо дар дилсофию кирдорҳои шоиста ва аз парҳезкориҳои пайвастаатон аз амалҳои бад  маънидод намуд. Ин гуфтаҳо дар табрикномаҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев низ, ки аз ҷониби роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизроб Кабиров ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Гулов садо дод, таҷассуми худро ёфтанд. Суханони вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов, зимни  супоридани нишони сарисинагии «Содиқтарин шаҳрванди СССР» ва духтари қаламкашатон Лола Мерганова низ бо самимият манзури ҳозирин гашт.

-Ташаккур барои илтифотатон. Аз ин лаҳзаи мувофиқ истифода карда, ба ҳамаи он нафароне, ки ба табрики зодрӯзи банда омада ва ё худ табрикномаҳо ирсол намудаанд, изҳори сипос карда, таманнои онро мекунам, ки ҳамеша парчамбардорони шуҷои Ватан бошанд. Ҳар Ватан бо истиқлолияти комили хеш зебову обод ва пойдор аст. Ватану истиқлолиятро насле пойдор мекунад, ки хештаншиносу дӯстдори ҳар зарра хоки  Ватан  бошад. Каҷфаҳмиҳо дар ибтидои соҳиб шудан ба ин неъмати бебаҳо ва таҳаввулоти мураккаби ҷаҳони имрӯза, барои мо Тоҷикистониён дарси ибрату адаб маҳсуб меёбад.Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша сари ин мавзӯъ андешаронӣ мекунад ва сокинони кишварро ба ҳушёрию зиракии сиёсӣ даъват менамояд.

-Медонам, ки сари мавзӯи Ватану истиқлол бидуни мушкилӣ ва беохир андешаронӣ карда метавонед, зеро ватанпарварӣ тору пуди шумост. Шуморо ба сифати қомуси зиндаи Кӯлоб муаррифӣ кардаанд. Аз ишораҳои муаллифон ва навиштаҳои худи шумо бармеояд, ки воқеан ҳам ба ин шаҳри бостонӣ муҳаббати хоссаю беандозае доред…

-Ин суолро бисёр манзури банда кардаанд ва шумо ҳам қариб ба суоли худ посух гуфтед. Муҳаббати бепоёну хоссае, ки шумо мегӯед, сабаби аз Кӯлоб дур нарафтанам гашт. Сирри дигари бардамию дарозумрии ман ҳам, бидуни шак, маҳз ҳамин муҳаббати беандоза шуд. Ман  дар ин шаҳр, ки наздики 80 сол боз зиндагӣ дорам, ҳар рӯз бо диди наву  умедҳои тоза, ҳар кӯчаю бинои он нақши заҳматҳои айёми ҷавонӣ, замони шахси масъул буданам ва аз ҳама беш чеҳраи дӯстону ҳамшаҳриҳои худро дида,  як дунё лаззат мебарам. Магар аз ин дида, шаҳди лазизу болотаре мешавад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои қадрдонии  ин сифати банда, ҷоизаеро ба унвони «Шаҳрванди ифтихории Кӯлоб»  муносибам дидааст.

-Устод, посухи шумо мавқеъгирии як  шоҳи истиқлолхоҳи Хатлони  асри VII-ро ба хотирам овард. Замоне, ки истилогарони араб он шоҳро бо фиребу макр вориди хаймаи қароргоҳи ҳарбии худ кардаю аз ӯ талаби истеъфо ва шартҳои аз мулк берун рафтанро мекунанд, шоҳ дар посух ба ин тариқ мегӯяд:

-Ман дар ивази шартҳои шумо пулу мол не, танҳо ҷавониамро мехоҳам.

-Ин қиссаро шунидаам. Истилогарон дарк намуданд, ки шарти гузоштаи шоҳи ғайюри истиқлолхоҳи хатлонӣ ғайриимкону иҷронашаванда ва барои онҳо таҳқиру истеҳзо аст ва барои ҳамин ӯро хилофи аҳду паймон сар буриданд. Ин ҷо аз арабҳо талаби ҷавонӣ кардани шоҳ маънои сар бохтану таслим нашуданро дошт. Аз ин хотир, моро зарур аст, ки гузаштаи хешро ҳар чӣ бештар омӯзему пайравӣ намоем. Бинед, ки бо ин лаҳзаи ёдоваршудаи шумо умри истиқлолиятхоҳии мо ба 13 аср мерасад. Дар охир аз ин лаҳзаи муносиб истифода бурда, таманно ва дуо мекунам, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон умри ҷовидона бинад.

 - Дар орзуи он ҳастем, ки дар садсолагии зодрӯзатон, ки он ҳам чандон  дур нест, иштирок карда, баъди он дар атрофи Истиқлолияти Ватани маҳбубамон дигарбора андешаронӣ намоем.

-Ташаккур барои ниятҳои нек.

Мусоҳиб Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»