Ҷӯрахон Азизов, раиси ҷамоати деҳоти ба номи Гардӣ Гулмуродови ноҳияи Ҷиликӯл Истиқлолияти кишвари азизро сарчашмаи асосии пешравии кор дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи деҳот медонад.
Номбурда доир ба ин мавзуъ дар суҳбат бо мо чунин ибрози андеша кард:
- Пешравию инкишофи Тоҷикистони имрӯзаро мебинаму ба хубӣ эҳсос менамоям, ки ин Ватан имрӯз воқеан соҳибистиқлол асту миллати сарбаланд ва халқи бунёдкори он тақдири имрӯзу фардои дурахшони худро ба дасти ақлу андешаи солими хеш мустақилона ҳал менамояд. Дар ин гуна лаҳзаҳо вуҷудамро ифтихору фараҳмандӣ фаро мегирад. Ба тамоми вуҷуд эҳсос менамоям, ки мустақилияти комил нишони неки давлатдории имрӯзаи мо гардидаасту Тоҷикистони азизро дар қатори дигар мамлакатҳои дунё ба расмият шинохтаанд ва ин эътирофи мустақилият ҳар рӯзу ҳар соат ба пешравии кори мо, дар маҷмӯъ ба болоравии обрӯю нуфузи кишвари ҷоноҷонамон дар арсаи байналмилалӣ сабаб гардида истодааст.
Тавре Сарвари хирадманду дурандеши давлати мо Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудааст, Истиқлолияти Тоҷикистонро ҳифз намудану таҳким бахшидан вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди ин кишвар аст. Бошандагони деҳоти мо ин нишондоди Сарвари давлатро сармашқи кори худ карда, кӯшиш менамоянд дар мустаҳкам намудани иқтидори иқтисодии кишвар, ки он дар навбати худ сарчашмаи устувории сиёсии мамлакат мебошад, ҳиссагузор бошанд.
Бамаврид аст зикр намоям, ки истиқлолияти воқеии имрӯзаи кишвар на ба ҳама, чӣ дар дохили ҷумҳурӣ ва чӣ берун аз он, маъқул аст. Бахусус, дар байни сиёсатмадорони хориҷӣ пайдо мешаванд нафароне, ки пешрафти имрӯзаи Тоҷикистон устухони калони гулӯяшон гардидаасту ба ҳар роҳу восита мехоҳанд пеши роҳи ин пешравию шукуфоиро бигиранд. Дар чунин лаҳзаҳои ҳассос танҳо ягонагию якдигарфаҳмии мо, кулли шаҳрвандони Тоҷикистон ва дастгирии сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон метавонад ба нокомии ниятҳои нопоки душманони миллату кишвар сабаб гардад. Ин нуктаи муҳимро ман зимни ҳар як вохӯрию мулоқот бо бошандагони деҳот таъкид менамоям. Вақте мебинам, ки онҳо чун ватандорони ҳақиқӣ барои мустаҳкам намудани Истиқлолияти мамлакат, пешравиҳои он дар тамоми соҳаҳо кӯшиш менамоянд, сарам ба осмон мерасад. Дилпур мешавам, ки дар мисоли ҳамдиёрони ман ин Ватан созандагони некандеши ояндаи миллати хешро дорад. Ман бовар ҳам дорам, ки ин марому мақсади имрӯзаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз аст.
Ҷамоати деҳоти мо номи яке аз фарзандони фарзонаи миллат — Гардӣ Гулмуродовро гирифтааст ва мо аз ин ифтихор мекунем. Шодравон Гардӣ Гулмуродов барои ҳифзи хоки муқаддаси Ватан дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ сина сипар намуда, минбаъд дар ободонии диёри Ҷиликӯли бостонӣ ҳиссаи сазовор гузоштааст. Обрӯю кордониашро ба назар гирифта, ҳамдиёронаш ӯро депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон (соли 1963) интихоб намуда буданд. Барои муҳофизати Ватан ва меҳнати ҳалоли шоистааш ӯ соҳиби якчанд ордену медал ва дигар мукофотҳои ҳукуматӣ ва аз ҳама муҳим, сазовори ҳурмату эҳтироми зиёди ҳамдиёронаш гардида буд. Акнун он ободкориҳою бунёдкориҳои барои имрӯзиён меросгузоштаашро мардум қадру эҳтиром мекунанду номашро ба некӣ ёд менамоянд.
Аз 15 ҳазору 900 нафар аҳолии деҳоти мо 9514 ё 62,2 фоизашро тоҷикон ва 6290 ё 36,9 фоизашро туркменҳо ташкил медиҳанд. 94 нафари дигар намояндагони қавму миллатҳои гуногун, аз ҷумла ӯзбекҳо мебошанд. Дӯстии байни қавму миллатҳо сарчашмаи асосии пешравии кори мо ҳисоб меёбад. Пайванди мустаҳками решаи дӯстиро мо дар ташкилёбии оилаҳои аз қавму миллатҳои гуногун ташаккулёфта эҳсос менамоем. Чунончӣ, омӯзгори тоҷиктабор Алӣ Юсуфов ҳамсари туркман дорад. Холаи Уғулой бо ҳамроҳии ҳамсараш Алӣ Юсуфов ҳашт фарзандро нек тарбия намудаанд.
Қолинбофӣ, ки пешаи куҳани мардуми тоҷику туркман аст, дар пояи дӯстию бародарии ин ду миллат дар диёри мо рушди тоза пайдо намуда истодааст. Мо аз он ифтихор мекунем, ки Мамнӯъгоҳи машҳури «Бешаи палангон» дар ҳудуди деҳоти мо ҷойгир аст ва дар ҳифзи олами ҳайвоноту набототу дигар сарватҳои табиии он ҳамдиёрони мо ҳиссагузоранд.
Дар деҳоти мо, ки 2062 гектар майдони умумии заминҳои корам дорад, 1090 гектарашро пахтазор ташкил медиҳад. Имрӯз деҳқонон ба ҷамъоварии ҳосили дастранҷашон шурӯъ намудаанд. Хоҷагиҳои пешқадами оилавию инфиродӣ аллакай имкон доранд, ки аз иҷрои дурнамои солонаи истеҳсоли пахта дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Истиқлолият мужда расонанд.
Кишоварзони мо соли ҷорӣ ҳосилнокии ғалларо аз ҳар як гектар ба 50 — сентнерӣ расониданд, ки нисбати соли гузашта хеле зиёд аст. Ҳосилнокии ҳар як гектар майдони пиёз 400 сентнериро ташкил намуд. Деҳқонони мо ҳамчунин дар парвариши меваю сабзавот, чорво, парранда, занбӯри асал, картошка, зироатҳои полезӣ, хӯроки чорво ва ғайра низ таҷрибаи бой доранд.
Имрӯз муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг низ туфайли меҳнати ҳалоли ҳамдиёрон ба пешравиҳои назаррас ноил гардидаанд.
Мехоҳам дар бораи пешравиҳои кори ҳамдиёрони азизи худ дар арафаи таҷлили ҷашни Истиқлолият бисёр ҳарф занам, вале эҳсос мекунам, ки имкони саҳифаи рӯзномаи дӯстдоштаам « Садои мардум» дар ин рӯз камтар аст. Чунки ба ғайр аз мо дигарон низ аз дигар гӯшаю канори диёри азизи Тоҷикистон мехоҳанд чунин имконро истифода баранд. Чун фурсат муносиб аст, мехоҳам тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро ба муносибати ин иди шариф аз самими қалб табрику шодбош гӯям ва барояшон пешравиҳои азимро хоҳон шавам.
Таҳияи Давлат Султонов, «Садои мардум»