Наврӯз сараввал иди кишоварзон аст

№29 (3175) 21.03.2014

-бо ифтихори афзуда мегӯяд сардори Раёсати кишоварзии Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Абдулмуъмин ҲАСАНОВ

SONY DSC

-Наврӯз  воқеан ҳам дар навбати аввал  иди барзгару кишоварз аст. Ба ин хотир, мувофиқи матлаб мебуд, агар шумо ҳамчун  масъули  бахши кишоварзӣ ибтидои суҳбати идонаро аз тарзи истиқболи Наврӯзи    ниёгон, аз ҷониби сокинони минтақаи Кӯлоб, бахусус кишоварзони он, мухтасар ёдрас шавед.

-Наврӯз дар навоҳии ҷануби кишвар, махсусан минтақаи Кӯлоб то Инқилоби Октябр ва инчунин дар замони шӯравӣ бо номи «Иди сари сол» маъруфияти хоса  дошт. Сол ва айёми киштукор аз Наврӯз шурӯъ мешуд ва ба истиқболи он аз  ҳама пеш кишоварзон омодагӣ мегирифтанд.Омодагӣ аз ҷониби ин табақа ба худ воқеият дошт, зеро истиқболи Наврӯз аз маъракаи ҷуфтбаророн оғоз мешуд.Он замон олоти асосии кишоварзон испору барзагов маҳсуб меёфт ва ин воситаи асосии истеҳсолот аз барзгар масъулияти дучанд талаб мекард. То оғози мавсими кишт ин воситаро, яъне испору барзаговро,  барои ҷуфтронӣ ҳамаҷониба омодаю мувофиқ  мекарданд.  Сипас, куҳансолору маъруфтарин  марди деҳ, бо дуою фотиҳаи нек бо пошидани дони умед ба замин,  ба маъракаи кишти баҳорӣ ифтитоҳ мебахшид.

-Алҳол ин анъанаи неки бобоӣ дар кадом ҳол аст?

-Наврӯз бо анъанаҳои неки худ умри тӯлонию ҷовидона дорад.Ҳоло ҳам тамоми ҳамон расму русуми неки бобоён бо тамоми ҷузъиёти хеш, аммо  дар шакли наву замонавӣ, зиндаву побарҷост.Сокинони минтақаи  мо ба анъанаҳои неки аҷдодони худ эҳтирому таваҷҷуҳи хоса доранд, зеро иҷрои ҳамаи онҳо, дар навбати аввал ин рамзи баракату фаровон ҳосилӣ маҳсуб меёбад. Агар рафту тавассути симо мушоҳида карда бошед, ин гуна  мардони ба қавле соҳиббаракат дар лаҳзаи оғози маъракаи кишт фотеҳаи кор дода,  пас аз он  пушти тухмипошак менишинанду  ба замин  нахустин  дони умед  мекоранд.

-Яъне, шумо бештар ин ҷо  оғози кишти пахта ва дигар зироатҳоро дар назар доред, зеро кишти дон ё худ маҳсулоти ғалладонагӣ, қабл аз Наврӯз дар фасли тирамоҳу зимистон  шурӯъ мешавад.Вобаста ба ин пурсиданиам, ки маъракаи кишти зироатҳои тирамоҳӣ дар майдонҳои навоҳии минтақа чӣ  гуна сурату анҷом гирифт?

-Навоҳии минтақаи мо воқеан табиати аҷибу гуногун дорад. Масалан, дар як  қисмати манотиқи Шӯроободу Сарихосор ҳатто кишти ғалладонагиҳо баъди фарорасии Наврӯз шурӯъ мешавад. Дар хусуси   кишти тирамоҳии ғалладонагиҳо гуфтаниам, ки алҳол ғаллакорони минтақа дар майдони 85856 гектар  маҳсулоти ғалладонагӣ кишт намуданд, ки ин рақам нисбати нақшаи дурнамо 830 гектар зиёд мебошад.Дар маъракаи кишти тирамоҳии ғалладонагиҳо саҳми ғаллакорони ноҳияҳои Данғара,Фархор, Темурмалик, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Восеъ боиси зикр аст. Ноҳияҳои номбурда дар майдони аз 11784 то 20472 гектар тухми маҳсулоти ғалладонагӣ кишт намуданд.

-Дастовардҳои кишоварзони навоҳии минтақа дар соли сипарӣ чӣ гуна буд?

-Соли сипарӣ барои кишоварзони навоҳии минтақаи мо соли дастовардҳои шоистаи меҳнатӣ буд. Масалан, аз майдони 93732 гектар замин 281038 тонна маҳсулоти ғалладонагӣ рӯёнида шуд, ки ин миқдор ба ҳар гектар ба ҳисоби миёна 30 сентнерӣ рост меояд ва ин нишондод  нисбати соли қаблӣ 4 сентнер зиёд аст.

Дар минтақа 68396  тонна пахта истеҳсол гардид. Ҳамаи ноҳияҳои пахтакори он, ғайр аз ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, аз иҷрои нақшаи дурнамо сарбаландона баромаданд. Истеҳсоли сабзавот ба 86394 тонна, шолӣ ба 1832 тонна, картошка ба 55529 тонна  ва полезиҳо ба 49347 тонна  расид. Тавассути  ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 2680 гектар боғҳои нав бунёд шуданд.

- Нақшаҳоятон дар соли ҷорӣ чӣ гуна аст? 

-Дар маҷмӯъ ва ба таври хулоса  гуфтаниам, ки кишоварзони минтақаи мо имкониятҳои дар ихтиёрдоштаашонро  ба инобат гирифта, қарор додаанд, ки ҳамаи нишондиҳандаҳоро нисбати соли гузашта афзун намоянд. Талош мекунем, ки натиҷаҳои дилхоҳро соҳиб шуда, дар  самти таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми назаррас дошта бошем.

Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»