Дар лавҳаи фахрии ба шарафи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар саҳни бинои маъмурии хоҷагии як вақтҳо овозадори ба номи Куйбишеви ноҳияи Бохтар хеле зебову мунаққаш бунёдгардида ному насаби даҳҳо нафар аз ҳамин хоҷагӣ сабт гардидааст. Рӯзе, ки мо аз ин ҷойи муқаддас дидан намудем, як гурӯҳ кормандони масъули деҳоти «Бохтариён»-и ноҳия дар тараддуди таъмиру тармими ин лавҳаи ёдгорӣ буданд, то ба муносибати 70-солагии Рӯзи Ғалабаи бузург бар Германияи фашистӣ ин макони ёдгориро тозаву озода ва омодаи ҷашн намоянд.
Имрӯз аз он диловарони майдони ҷангу нанг аксарашон дар қайди ҳаёт нестанд. Бо захму дарди ҷанг ва заъфи пирӣ аз ин дунё реҳлат кардаанд.
Ба мо имкон даст дод, ки аз он диловарон танҳо бо ду нафар бобои Султоналӣ Корчаеви 93 — сола ва бобои Маҳмадсодиқ Розиқови 90 — сола дар арафаи таҷлили Рӯзи таърихии 70 -умин солгарди Ғалаба бар Германияи фашистӣ суҳбат намоем.
Бобои Султоналӣ дар шуъбаи сеюм ва бобои Маҳмадсодиқ бошад, дар шуъбаи якуми хоҷагӣ дар ҳалқаи фарзандону наберагон ва ҳамдеҳаҳои бонангу номуси хеш давлати пирӣ меронанд.
Ин ду нафар аз ҷумлаи он диловарони арсаи майдони ҷанганд, ки бо корнамоиҳои худ номашон абадан дар саҳифаҳои таърихи мардуми озодидӯст қатори ҳазорҳо нафар фарзандони тоҷики иштирокчии ин ҷанги ваҳшатбор сабт шудааст.
Захмҳои сахти солҳои ҷанг ва заъфи пирӣ имкон намедиҳад, ки мисли солҳои пешин сари ҳар чанд вақт аз аҳволи ҳамдигар воқиф шаванд. Вале имкониятҳои техникии солҳои охирро истифода бурда, бо кумаки фарзандону наберагон тариқи телефонҳои дастӣ доим аз якдигар ҳолу аҳвол мепурсанд. Солҳои ноорому серташвиши ҷавонии хеш, ҳамяроқони дар майдони набардҳои ҷанг қурбоншуда ва он нафаронеро, ки зиндаву саломат баргаштанд, вале имрӯз бо тақдири Илоҳӣ паҳлуяшон нестанд, бо некӣ ёд мекунанд. Ба рӯҳу арвоҳашон фотиҳаи нек мефиристанд.
Бобои Султоналӣ ва бобои Маҳмадрозиқро тақдири нек будааст, ки дар таҷлили пешинаи ҷашнҳои Ғалаба ва дигар чорабиниҳои аҳамияти тарбиявӣ, ҳарбию ватандӯстидошта байни меҳмонони фахрӣ иштирок дошта бошанд. Ҳамчунин он рӯзҳое, ки ҳанӯз бардам буданд, қувваю неруи ҷавониро ҳанӯз гум накарда буданд, дар таҷлили чунин тантанаҳо дар шаҳри Москва байни дигар ҳамяроқони хеш иштирок мекарданд. Вале имрӯз заъфи пирӣ имкон намедиҳад, ки то ба он ҷои муқаддаси маркази хоҷагӣ — назди лавҳаи хотиравӣ раванду ному насаби ҳамяроқонро хонанд.
- Ҳарчанд мушкил бошад ҳам,- мегӯяд бобои Маҳмадсодиқ, ки дар синну сол нисбат ба бобои Султоналӣ ҷавонтар аст,- кӯшиш менамоям бо кумаки фарзандону наберагон дар рӯзҳои таҷлили 70 — умин солгарди Ғалаба бори дигар ба хотири пос доштани ҳамяроқони аздастрафта ба назди ин лавҳаи ёдгорӣ равам, ба рӯҳи поки ёрони ҷавонӣ дуои нек фиристам. Ҳамчунин мекӯшам, ки бобои Султоналиро зиёрат намоям. Ӯро ба ду ҷашн, ҳам 70-умин солгарди Ғалаба ва ҳам ҷашни зодрӯзаш, ки 9 май аст, табрик намоям. Воқеан, тавре дар шиносномааш дидем, бобои Султоналӣ рӯзи 9 майи соли 1922 таваллуд шудааст. Аз ин рӯ, барояш ҳамасола рӯзи 9 май ҳам рӯзи фархундаи Ғалаба ҳисоб меёбаду ҳам ҷашни зодрӯз.
Дар байни ҳуҷҷатҳои зиёди бо мурури замон зардшудаи таърихии ордену медалҳо ва дигар мукофотҳои давлатии ин ду мард номи орденҳои «Байрақи Сурх», «Ситораи Сурх», «Ҷанги Бузурги Ватанӣ» дараҷаи III, медалҳои ҷашнию меҳнатиро вохӯрдан мумкин аст.
Дар солҳои баъди истиқлолият низ бо имзои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин ду ҷанговар медалҳои ҷашнӣ тақдим шудааст.
- Ба бахти мо,- мегӯянд онҳо, имрӯз чунин шахси хирадманду ғамхор бори душвор — масъулияти роҳбарии давлатро ба дӯш дорад. Мо баробари нафақаи хуб ҳамчунин ба кумакҳои пайвастаи Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлили ҷашну маросимҳои таърихӣ сазовор мегардем. Ин имкон медиҳад, ки дар давраи пирӣ муҳтоҷу дастнигар набошем.
Бобои Султоналӣ ҳангоми муҳорибаҳои хунини Ҷанги Бузурги Ватанӣ чор бор сахт захмдор шудааст. Аз се панҷаи дасти чапаш низ маҳрум гардидааст. Ӯ асосан дар ҳайати фронти сеюми Беларус ҷангидааст. Бисёр корнамоиҳои ӯ дар озод намудани вилояти Смоленск, гирду атрофи он, шаҳрҳои ҷумҳурии Беларус сурат гирифтаанд.
Моҳи декабри соли 1942 ба фронт рафта, соли 1946 ба Тоҷикистон баргаштааст. Солҳои баъдиҷангӣ ҳалолу покиза кор карда, қадршиносӣ низ гардидааст. Маъюби гурӯҳи дуюм аст.
Бобои Маҳмадсодиқ бошад, соли 1944 ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда, моҳи майи соли 1950 ба диёраш баргаштааст. Ӯ баробари бар зидди фашистон ҷангидан, инчунин дар муҳорибаҳои зидди давлати миллитаристии Япония иштирок намудааст. Сабаби аз фронт дертар, яъне соли 1950 баргашта омаданаш низ ҳамин аст, зеро ӯро зарур омада буд, ки дар мустаҳкам намудани мавқеи мудофиавии Иттиҳоди Шӯравӣ дар мавзеи Шарқи Дур саҳм бигирад. Барои ҳамин муддати хизмати ҳарбии ӯ панҷуним сол тӯл кашид.
Имрӯз ин пирони хирад шукри тинҷиву осоиштагии диёри азизи хеш ва сериву пурии хони рӯзгорро менамоянд. Вале баробари солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ рӯзҳои таҳлукаангези ҷанги шаҳрвандиро дар Тоҷикистони азиз фаромӯш карда наметавонанд ва бо дарду алам ёд меоранд. Ҳамин тавр шуд, ки манзилҳои истиқоматии онҳо дар хоҷагии ба номи Файзалӣ Саидов дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба мавзеи асосии даргириҳо табдил ёфт. Қатори ҳазорҳои дигар онҳо низ фирорӣ шуданд. Баробари бисёр ашёҳои заруртарини рӯзгор имкон пайдо накарданд, ки ордену медалҳои ҷангии хешро бо худ гиранд. Гарчанде ҳуҷҷатҳои онҳоро дар даст дошта бошанд ҳам, худи мукофотҳоро баъди бозгашт дигар пайдо карда натавонистанд. Бо вуҷуди ин шукрона мекунанд, ки дар ин ҷанги бемаънӣ сиҳату саломат мондаанд.
Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»