Ёде аз вакили мардумӣ

Рӯзгори ибратомӯзи қаҳрамон

№108 (3254) 17.09.2014

ё идомаи сатрҳои сиву се сол қабл иншошуда

Дар нахустин рӯзи моҳи шарифи Рамазон яке аз фарзандони барӯманду соҳибэҳтироми миллати тоҷик, нафаре ки ҳамчун қаҳрамону диловару фидокор эътироф гардида буд, Талбак Садриддинов дар синни 94-солагӣ оламро падруд гуфт. Нишонаи эҳтирому дӯстдории мардум буд, ки дар рӯзи ҷанозаву ба хок супориданаш дар ноҳияи Шаҳритуз нафарони зиёде ҷамъ омада буданд. Танҳо аз некию накукорӣ ва некандешию хизматҳои арзандааш ба мардуму Ватан ҳарф мезаданд.

Ҳамчунин гуфтанд, ки бобои Талбак марди Худододу биҳиштӣ будааст. Аввал ин ки дар ин моҳи шарифи Рамазон, яъне моҳи раҳмату махфирати Парвардигор сафари охират намудааст. Дувум ин ки умри пурбаракатро танҳо дар хизмати халқу Ватани азизи хеш қарор додаву бо инсонҳо некӣ кардааст.

Ҳангоми видоъ бо марҳум Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҳамдардию таъзияи амиқи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба аҳли оила ва сокинони ноҳия расонида, ҳамзамон аз роҳи тайкардаи ин Қаҳрамони меҳнат ёдовар шуд. Ӯ таъкид дошт, ки Талбак Садриддинов барои таъмини сулҳу салоҳи кишвар, баргардонидани гурезаҳо ба Ватан, тарғиби корҳои бунёдкорӣ дар байни ҳамдиёрон низ хизматҳои шоистаю арзандаеро ба анҷом расонидааст.

Воқеан, ӯ инсоне буд, ки танҳо бо заҳмати пайваставу меҳнати ҳалол ризқу рӯзии худ ва аҳли оилаашро таъмин менамуд. Ҳар як сухану андеша ва рафтору кирдораш боиси ибрати дигарон, бахусус ҷавонон аст. Баробари пешаи ҳалоли омӯзгорию деҳқонӣ боз қариб 30 соли умри бобаракати хешро ба ҳайси роҳбар дар яке аз хоҷагиҳои калону овозадори ҷумҳурӣ-колхози ба номи Ломоносови ноҳияи Шаҳритуз сарфи хизмати халқи азизаш намуд. Колхозе, ки бо туфайли кордонию роҳбарии оқилонааш баъдан ба яке аз хоҷагиҳои бою овозадори на танҳо ҷумҳурӣ, балки умумииттифоқ табдил ёфт. Танҳо овардани як- ду рақам кофист, ки хонандаи азиз то дараҷае аз натиҷаи заҳмати ҳалоли ин абармард воқиф гардад. Тӯли роҳбарияш барои аъзои хоҷагӣ беш аз 1000 хонаи истиқоматӣ бунёд ва ба онҳо тибқи қарори правленияи колхоз бепул ҳадя намуд. Боғчаю мактабҳо, муассисаҳои зиёди фарҳангию тандурустӣ, ки туфайли кори ҳалоли ӯ ва аъзои хоҷагӣ бунёд гардидаанд, имрӯз ҳам дар хизмати одамон қарор доранд.

Роҳбарони имрӯзаи ноҳияи Шаҳритуз кордонию дурандешии ин марди шарифро бо некӣ ба ёд оварда, иброз медоранд: -Дар он ҳудуде, ки хоҷагии ба номи Ломоносов ҷойгир буду роҳбарии онро Талбак Садриддинов ба уҳда дошт, то имрӯз мушкилоти норасоии иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ эҳсос намегардад. Маълум мешавад, ки ин марди оқил андешаи солҳои баъдро карда, чунин иншоотро бунёд намудааст. Хизматҳои Талбак Садриддинов дар баргардонидани гурезаҳо аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ, ҳамчун аъзои комиссияи ҳукуматӣ, ки бо пешниҳоди Сарвари мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта буд, назаррасу арзандаанд.

Барои меҳнати ҳалолаш  ӯ соҳиби унвони баланди Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, 5 ордени Ленин, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, унвони Устоди пахтаи ҷумҳурӣ, даҳҳо медалу ифтихорномаҳо, бисёр мукофотҳои дигари баландарзиш гардид. Чор даъват депутати Совети Олии ИҶШС буд. Як даъват депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон низ интихоб гардидааст. Ин нишони ҳурмату эҳтироми мардум нисбати фарзанди шоистаи миллат Талбак Садриддинов аст.

Ёдам меояд аз тантанаи ҷашни 80- солагии зодрӯзи Талбак Садриддинов, ки бо дастгирии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳритуз хеле хотирмону бошукӯҳ таҷлил гардид. Он ҳангом муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев, ки ба ҳайси раиси вилояти Хатлон иҷрои вазифа менамуданд, барои дар сатҳи олӣ гузаронидани ин ҷашн корҳои назаррасеро ба сомон расонида буданд.

Ҳамсолону ҳамкасбони Талбак Садриддинов, аз ҷумла собиқ раиси хоҷагии «Якуми май»-и ноҳияи Панҷ, собиқ депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон Болта Нидоев рӯзгори ибратомӯзи қаҳрамонро бо некӣ ба ёд оварда, минҷумла гуфта буд:

-Талбак Садриддинов ва ӯ барин шахсон натанҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар сатҳи умумииттифоқ ҳам туфайли заҳмати ҳалолу фидокориашон ҳурмату эҳтироми бузургро сазовор буданд. Аз ин рӯ, роҳбарони вақти давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳарфу суханашон гӯш мекарданду хоҳишашонро иҷро менамуданд. Тоқии чустии чоргули Талбак Садриддинов, ки ҳангоми ба иҷлосияҳои Шӯрои Олии ИҶШС рафтанаш ба сар мекард, таҷассумгари симои аслии тоҷиконаи ӯ буд. Вай соле ду маротиба барои иштирок дар иҷлосияҳо ба шаҳри Москва мерафт. Баробари иҷрои вазифаи пурмасъулияти вакилӣ масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷумҳуриро барои ҳал намудан назди роҳбарон ва вазоратхонаҳои умумииттифоқ мегузошт. Хато намекунам, агар гӯям, ки Талбак Садриддинов баробари шахсиятҳои дар арсаи умумииттифоқ маълуму машҳур дар кори банақшагирию маблағгузории неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Роғун» барин иншооти азими барои Тоҷикистону мардуми он басо зарур ҳисса гузоштаанд. Бо мақсади ҳалли ин гуна масъалаҳо аз ваколати депутатии худ оқилона истифода кардаанд.

Ба банда, хушбахтона, муяссар гардид, ки ҳангоми дар қайди ҳаёт буданашон борҳо бо ин марди шариф суҳбат дошта бошам. Заҳмати ҳалол, чашмикордоноию ғамхориаш нисбати халқу Ватан водорам сохт, ки ҳанӯз соли 1981, ҳангоме ки соҳиби унвони олии Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ гардид, дар борааш очерке зери сарлавҳаи «Кашфи ситора» иншо карда, дар матбуоти даврӣ нашр намоям. Лозим медонам чанд сатреро аз он очерк, ки симои қаҳрамонро то дараҷае барои хонанда мекушояду 33 сол қабл иншо шудааст, пешкаши хонандагони азизи имрӯза гардонам:

«Бо ишораи раис -Талбак Садриддинов ронанда мошинро дар назди яке аз хонаҳои навбунёд қарор дод… Ронанда бе ишораи раис ҳам, албатта, мошинро нигоҳ медошт. Зеро то ҳол кампири Ҳоҷигулро зиёрат накарда, гузашта рафтани раисро ба хотир надорад. Кампир солҳост, ки дар ин ҳавлӣ зиндагӣ мекунад. Айёми ҷавонӣ, хубиҳои умрашро пайи кори колхоз гузаронд. Акнун солаш ба ҷое расидааст. Нафақаи хуб мегирад. Давлати пирӣ меронад. Аз хӯроку пӯшок камбудие надорад. Вале дили холӣ дорад. Сутуни хона- фарзандаш нест. Танҳоӣ гоҳ-гоҳ озурдааш месозад. Дар ҳамин мавридҳо гӯё аз дарди дилаш бохабар шуда, раис дарашро мекушояд. Чанд муддат дар ҳузураш нишаста, ғубори хотирашро мебарорад. Талбак-ака агар ба тӯю маъракаи сокинони ин деҳа равад, пеш аз ҳама, мепурсад, ки модархонди ӯ- кампири Ҳоҷигулро овардаанд ё не? Чанде пеш колхоз барои кампири Ҳоҷигул хонаи нав сохт.

Ин дафъа ҳам суҳбати онҳо гарму самимӣ, суҳбати модару писар гардид. Раис ба нею нестони модархондаш нигоҳ накарда, куртавории аз Тошкент ба номи ӯ овардаро ҳадя кард. Талбак-ака чандин сол боз депутати Совети Олии ИҶШС аст. Гоҳе барои фарзандони худ ҳадя гирифтанро фаромӯш мекунад. Вале ҳеҷ гоҳ модархондашро аз ёд набаровардааст (Аз китоби «Чеҳраи Хатлон», Душанбе,  с.2013, саҳ. 413).

«Мавҷи таҳнияту табрикҳо гӯё интиҳо надорад. Аз гӯшаю канорҳои гуногуни республика ва берун аз он телеграммаҳои табрикӣ меоянд. Телефон беист занг мезанад. Шуъбаи алоқаи район давоми ду рӯзи баъди унвони қаҳрамонӣ гирифтани Талбак-ака унвонии ӯ телеграммаҳои зиёд гирифт. Ҳамон миқдор, ки дар давоми ду моҳ мегирад.

Дар байни табрикномаҳои зиёд раис телеграммаи Зоҳир ном шахсро дида, бештар хушнуд шуд. Сабаб пурсидем. Вале чизе нагуфт. Сарзоотехники хоҷагӣ Нусрат Шашаев ҳайронии моро пай бурда, шарҳи ҳол кард. Зоҳир аз хурдӣ ятиму бекас монд. Раис ӯро қатори ҳашт нафар фарзанди худ тарбия кард, хононд, ба воя расонд. Техникумро хатм кард. Ҳоло хизмати Ватанро ба ҷо оварда истодааст. Сабаби хурсандии раис ҳамин аст, ки писархондаш камол ёфтааст. Посбонии халқу Ватан мекунад. (Аз китоби «Чеҳраи Хатлон», с. 2013 саҳ. 417).

Баробари иншои ин сатрҳои бо меҳру муҳаббату ҳамзамон дардолуд ба шумо ҳамчунин сурати ёдгории Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ бобои Талбак Садриддиновро, ки бо ҳамроҳии набераи дӯстрӯякаш Дилшод аз ҷониби банда дар ҳавлиаш чанд сол пеш аксбардорӣ шудааст, мехоҳам пешкаш созам.

Ҳеҷ аз хотирам намеравад суханони ҳамонвақта бо лаҳни гуворою ширини кӯдакона баёншудаи набераи бобои Талбак: «Мехоҳам мисли бобоям қаҳрамон бошам». То ҷое воқифам, ин набераи дӯстрӯяк имрӯз хубу аъло мехонаду мисли бобояш соҳиби ахлоқи ҳамида аст. Шояд замоне хизматҳои ҳалоли ӯ ҳам назди халқу Ватан мисли бобои қаҳрамонаш қадрдонӣ гардад. Зиндагии қаҳрамононаи бобояш дар симою кору рафтори ӯ такрори худро ёбад. Сарвари хирадманди Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон борҳо таъкид кардаанд, ки корнамоию қаҳрамонии фарзандони далеру шуҷои Ватан боиси ибрати ҷавонони имрӯза аст. Аз ин рӯ, то Тоҷикистони азиз чунин фарзандони фарзона дораду насли ибратомӯзи он пойдору ҷовидон боқӣ мемонад.

Раиси ноҳияи Шаҳритуз Исмоилзода Абдуалим Абдулло иброз намуд, ки марги фарзанди фарзонаи миллат — Талбак Садриддинов на танҳо барои бошандагони ноҳияи мо, балки барои кулли мардуми Тоҷикистон талафоти вазнин аст. Ҳамчунин дар ин нишаст ба роҳбарияти рӯзномаи ноҳиявии «Субҳи Шаҳритуз» тавсия доданд, ки бо мақсади тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи шуҷоату ватандӯстӣ аз рӯзгори ибратомӯзи Талбак Садриддинов ва ӯ барин шахсони обрӯманди ноҳия мунтазам маводи хонданибоб дарҷ намоянд. Ӯ инчунин иттилоъ дод, ки бо мақсади абадӣ гардонидани хотираи неки фарзанди қаҳрамони халқ -Талбак Садриддинов чанд кори шоистаеро ба анҷом расониданианд.

Дар ҳақиқат меарзад, ки ба номи ин қаҳрамон кӯчаю маҳал, ҷамоат, мактабе, ки бо дастгирию заҳматаш бунёд ёфтааст, гузошта шавад ва ҳамчунин  бо номаш мукофот таъсису мусобиқот доир гардад.

 Давлати Султон, «Садои мардум»