Шаҳритус ё Шаҳритуз?

№133 (3118) 19.10.2013

Чанде пеш, зимни сафар ба навоҳии Қубодиён, Шаҳритуз (Шаҳритус) ва Носири Хусрав дар мавриди номи яке аз ин ноҳияҳо баҳс ба миён омад, зеро вақтҳои охир дар матбуоти даврӣ ва воситаҳои ахбори электронӣ, инчунин миёни мардум номи як ноҳия ба ду тарз истифода мегардад – Шаҳритус ва Шаҳритуз. Кадомаш дуруст аст?

Барои ба ин савол ҷавоб пайдо кардан ба «Қоидаи имлои забони тоҷикӣ»(бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 октябри соли 2011 таҳти №458 тасдиқ шудааст ва ба таври китобчаи алоҳида ҳамон сол ба табъ расидааст) назар кардем. Дар «Эзоҳ»-и қисми 18-и боби «Имлои исм» омадааст: «Агар ҳар ду ҷузъи чунин исмҳо задаи ягона дошта бошанд, якҷо навишта мешаванд: Конибодом, Шаҳринав, Шаҳрисабз, Шаҳритус, Даштиҷум ва ғ.».

Аммо вақте ба ин ноҳия расидем, мушоҳида кардем, ки дар пештоқи идораю ташкилотҳо ва ҳуҷҷатҳои расмӣ номи ноҳия Шаҳритуз зикр ёфтааст. Зимни вохӯрӣ бо роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Нурмуҳаммад Очилдиев эшон боқатъият изҳор дошт, ки мафҳуми дурусти он Шаҳритуз аст, на Шаҳритус ва ҳамзамон гуфт, ки раиси ноҳия муҳтарам  Ҷумъахон Сафаров дар ин бора  унвонии рӯзномаҳои расмии кишвар номае омода кардааст. Баъди чанд лаҳза ин номаро ба мо супурданд, ки дар он зикр ёфтааст:

«Ба маълумоти Шумо эҳтиромона мерасонем, ки ноҳияи Шаҳритуз соли 1930 таъсис  ёфта, то кунун аз рӯйи  ҳуҷҷатҳои расмӣ номи он тағйир наёфтааст. Новобаста ба ин, вақтҳои охир дар расонаҳои ахбори омма, рӯзномаю  маҷаллаҳо, намоишҳои телевизион ва мактубу қарорҳои мақомоти гуногун номи ноҳия  «Шаҳритус» навишта мешавад, ки мутлақо хато мебошад.

Мавриди зикр аст, ки аз давраи таъсисёбӣ то ҳол вобаста ба номи ноҳия ҳамчун  «Шаҳритус» ягон санади меъёрӣ қабул нашудааст ва тағйир додани номи аслӣ, дар қатори хато будан, ҳамчунин бисёр шаҳрвандонро сарсону саргардон намудааст. Худи калимаи «Туз» маънои ҷамъкунанда, бароваранда, кашида, ҳосилкунанда, ҳамчунин маънои кашидан, дӯхтан, андӯхтан ва ҷӯяндаро дорад. Аз рӯйи маълумоти фарҳангӣ  ва таърихӣ  «Туз» калимаи паҳлавӣ буда, ифодаи «он шаҳр дар аҳди Қубод буда» нишонаи таърихии мардуми мост ва он дар шеър ва достонҳои бостониамон  бештар дучор меояд.

Маънои дигари он дар «Бурҳони қотеъ» чунин оварда шудааст: «Туз-пӯсти дарахти хаданг аст, ки камонҳо ва сипарҳоро бад-он мепӯшиданд ва он пӯстро «Туз» меномиданд».

Бо дар назардошти гуфтаҳои боло ва бо мақсади роҳ надодан ба хатоӣ аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки минбаъд номи ноҳия «Шаҳритуз» ифода карда шавад.»

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»