Даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ

Шумораи ихтиёриён меафзояд

№130-131 (3115-3116) 15.10.2013

Далер Наимов аз ҷумлаи он ихтиёриёне аз деҳаи Лолазори ноҳияи Данғара аст, ки дар даъвати навбатии тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати Модар-Ватанро мақсади асосии худ қарор додааст. Зимни суҳбат бо Далер фаҳмидам, ки ихтиёран ба хизмати Модар-Ватан рафтан дар оилаи онҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Пеш аз Далер бародари ў Ҷонмаҳмад Наимов низ ихтиёран ба аскарӣ рафта, дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат хизмати хешро содиқона ба анҷом расонид. Инак, бори масъулияти ҳимояи хоки муқаддаси Ватанро Далер бо даъвати виҷдон ва меҳру муҳаббате, ки ба Тоҷикистони азиз дорад, ба дўши хеш гирифтааст.

Дар саҳни Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон ман ин ҷавони ҷасури деҳотиро бо лаби пурхандаю қалби саршор аз меҳру муҳаббати Ватан дарёфта, бори дигар боварӣ ҳосил намудам, ки имрўз муҳофизати хоки муқаддаси Ватани азизи мо ба дўши ҷавонони бонангу ори Тоҷикистон вогузор шудааст.

Дар ҷамъомади тантанавие, ки ба муносибати оғози маъракаи тирамоҳии наваскарон барпо гардид, дар байни ихтиёриён Далер Наимов танҳо набуд. Дар ин рўз беш аз 60 нафар ихтиёриён аз дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ ҳузур доштанд. Зимни баромадаш дар ин ҷамъомади пуршукўҳ даъватшаванда аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Парвиз Шарифов зикр намуд, ки дар деҳот тамоюли дигаре низ пайдо шудааст, ки ҷавононро ба хизмат ҳавасманд месозад. Яъне, ҷавонон то дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат накунанд, оиладоршавиашон душвор аст. Волидайни духтарон барои ба домодӣ қабул намудан бештар он ҷавононеро интихоб менамоянд, ки хизмати Модар- Ватанро бо сари баланд ба иҷро расонидаанд.

Дар ин ҷамъомади пуршукўҳи гусел ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал баромад намуда, ҷавонони даъватшавандаро ба муносибати ин рўзи фархундаи умрашон табрику таҳният намуд. Ҳамчунин комиссари ҳарбии ноҳияи Ховалинг Сайдаҳмад Амиршоев, сержант аз қисми низомӣ Сорбон Тилавов, муовини аввали комиссари ҳарбии вилояти Хатлон Искандар Назаров низ онҳоро барои хизмати содиқона ва муҳофизати марзу буми Тоҷикистони азиз даъват намуданд.

Дар вазъияти тантанавӣ ҳамчунин ба ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ ва ба ҳамаи ихтиёриёни хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон супорида шуд. Дар ин рўзи фаромўшнашаванда ҳамчунин барномаи ҷолиби консертие, ки аз ҷониби идораи фарҳанги вилояти Хатлон пешниҳод гардид, басо хотирмону фаромўшнашаванда буд.

Оғози маъракаи навбатии даъвати тирамоҳӣ нишон дод, ки дар вилояти Хатлон сол то сол шумораи ихтиёриёне, ки хизмати Модар-Ватанро қарзи муқаддаси хеш медонанд, дар байни ҷавонон зиёд мешавад. Ин падидаи неку шоистаи таҳсин аст.

Давлат Султонов, «Садои мардум»