Навиштам номае...

Сипоси бепоён

№102 (3087) 12.08.2013

Ҳафт моҳ пеш писари яккаву ягонаамон — Илҳомҷон баъди бозгашт аз муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Россия ранҷур буду ӯро барои табобат ба Муассисаи тиббии шаҳри Душанбе «Пайванди бофтаҳои узви инсон» (Аллортранспортология) овардем.

Баъди ташхис ӯро директори муассисаи мазкур, профессор, муҳтарам Ашур Раҷабович Достиев  қабул карда, дар беморхона бистарӣ намуд.

Барои табобати шабонарӯзӣ ва нигоҳубини писарам ба ҷарроҳи варзида, профессор Саймаҳмуд Исмоилов, духтури калони шуъбаи ҷарроҳӣ Оқилҷон Одинаев, духтури табобатӣ Акрамҷон Самадов, духтури донор, ҷарроҳ Муҳаммадҷон Сатторов, ҷарроҳ Файзалӣ Мавлонов, инчунин табибон Бозоралӣ Назаров, Ситорабону  Гулшанова, Нигина Тағоева, Замира Ғиёсова, Шаҳноза Алматзода арзи сипоси бепоёни хешро тавассути рӯзномаи «Садои мардум»  иброз менамоем. Онҳо барои барқарор намудани саломатии писарам саъю талош намуданд.

Таманнои онро дорем, ки чунин табибони ҳозиқ ҳаргиз дасти камро набинанд, саодати пирӯзӣ дар хонадонашон ҳукмфармо бошанд.

Бо камоли эҳтиром ва самимияти беандоза волидони Илҳомҷон Бӯрихонов.

Ҷумъа БӮРИХОНОВ, Ойбаланд ҶИЯНАЛИЕВА,

деҳаи Заркамари ноҳияи Восеъ