Соҳибкорони Олтой дар вилояти Хатлон

№134-135 (3280-3281) 15.11.2014

Чанде пеш мулоқоти  гурӯҳи  соҳибкорони кишвари Олтойи Федератсияи Россия  ва намояндагони  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ  ва соҳибкорони  вилояти Халтон  баргузор гардид.

Зимни мулоқот дурнамои  ҳамкориҳои дуҷонибаи соҳибкорони ҳар ду кишвар  мавриди муҳокима қарор гирифт.  Намояндагони  кишвари Олтой ҳамзамон  аз Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» дидан намуда, бо роҳбарияти он мулоқот  анҷом доданд.  Дар охир  меҳмонон намоишгоҳи маҳсулоти муассисаҳои саноатии вилояти Хатлонро аз назар гузарониданд.

Давлати СУЛТОН, «Садои мардум»