Вусъати корҳои бунёдкорӣ

№18 (3319) 10.02.2015

Дар  ноҳияи Носири Хусрав, ки  дурдасттарин минтақаи ҷануби вилояти Хатлон аст, корҳои бунёдкорию созандагӣ рӯз то рӯз вусъати тоза мегиранд.

Тибқи иттилои  масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатии ноҳия имрӯзҳо корҳои  сохтмонӣ  дар бинои 12- ҳуҷрадори истиқоматӣ ва варзишгоҳи марказии ноҳия, ки  дорои се ҳазор ҷойи нишаст мебошад, бомаром идома доранд. Ин нахустин бинои сеошёнаи истиқоматист, ки дар маркази маъмурии ноҳия- шаҳраки Баҳор бунёд меёбад. Мутахассисони варзидае, ки барои кор ба ин гӯшаи дурдаст даъват шудаанд, аз ин бино соҳиби манзили зист мегарданд.

Ин ду иншооти ҳаётан муҳим соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт. Ҳамчунин дар соли 2015  сохтмони якчанд корхонаҳои хурди истеҳсолӣ ва иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ низ пешбинӣ шудааст.

Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»