андеша ва хулосаҳо перомуни маъракаи кишти такрорӣ дар навоҳии минтақаи Кӯлоб
Дар авҷи маъракаи кишти такрорӣ ҳамроҳи сардори Раёсати кишоварзии навоҳии минтақаи Кӯлоб Абдулмумин Ҳасанов ба ноҳияи Фархор омадем. Мақсад шиносоӣ ба рафти ин маъракаи муҳим буд. Дар Ҷамоати деҳоти «Гулшан» шоҳиди он гардидем, ки раиси он Ҳомуддин Одинаев канори роҳ истода, ба рафти кори трактори озуқадиҳанда назора дорад. Аз мақсадамон огоҳ шуда, филҳол аз нарасидани оби полезӣ дар ҳудуди деҳот гила намуд. Гуфт, ки мавзеи Уртабуз, ки тамоми заминҳои кишоварзии деҳоти мазкур дар он ҷойгир аст, пурра тавассути пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ карда мешаванд.
Мо ба калонтарин пойгоҳи обкашии минтақа омада, дидем, ки он дар ҳолати корӣ ҳасту раиси ноҳия Раъно Раҳимзода бо мутахассисону коргарон машғули суҳбат.
-Мақсад дорем, ки дар майдони 5755 гектар кишти такрорӣ гузаронем ва алҳол дар арафаи анҷоми ин маъракаи муҳим қарор дорем,- иттилоъ дод Р. Раҳимзода.
Сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Н. Валиев арз намуд, ки то имрӯз дар майдони 5130 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст ва ин 89 фоизи иҷрои нақшаи дурнаморо ташкил мекунад. Сипас, ба киштзори хоҷагиҳо рафта, бо раванди корҳо шинос шудем.
Вақте ба деҳаи Наврӯзи деҳоти «20-солагии Истиқлолият» омадем, дар канори ин деҳа 3-4 майдони пахтазореро, ки ниҳолҳояш ду-се барга шуда буданд, мушоҳида намудем. Дар ин ҷо маданияти зироаткории заминдорон он қадар писандамон наомад, зеро майдонҳои мазкур ба қавли мутахассисони соҳаи кишоварзӣ нигоҳубину коркарди агротехникӣ мехостанд.
Баъдтар, ба ноҳияи Восеъ омада, дар деҳоти «Тугарак» ҳолати кишти такрориро дар хоҷагии деҳқони асил Сафар Маҳмадов, ки дар канори рости роҳи Душанбе-Кӯлоб қарор дорад, лаҳзае мушоҳида кардем. Аз дидани самараи кишти такрорӣ ва маданияти баланди зироаткории ӯ ҳаваси кас меояд. 4-5 гектар замини баъди дарави гандум озод шуда, ки дар он тарбуз корида шудааст, каб- кабуд ва лабрез аз ҳосил аст. Дар паҳлуи рости ин хоҷагӣ, боз хоҷагии деҳқонии дигареро дидем, ки дар заминҳои аз кишти аввал холигашта, шолӣ коридаанд. Ҳамсуҳбатон ин қитъаи кишти такрориро мансуб ба омӯзгори собиқадор Ҷонвалиев арзёбӣ намуданд. Аммо на дар ҳама ҷо мақоли халқии «харбуза аз харбуза, ҳамсоя аз ҳамсоя ранг мегирад» ба воқеият рост меомадааст, зеро дар наздикию атрофи ин ду хоҷагии намунавӣ, даҳҳо қитъаҳои аз ғалла озодшударо дидем, ки дар онҳо на танҳо кишти такрорӣ нагузаронидаанд, балки то ҳол коҳҳояшонро аз рӯйи замин набурдаанд.
Бо мақсади дар бораи хоҷагиҳои дидаамон маълумоти саҳеҳ пайдо кардан, ба идораи ҷамоати деҳоти мазкур омадем ва аз ҷонишини раис Раҳматулло Юсуфов хоҳиш кардем, ки барои бо масъулони соҳаи кишоварзӣ суҳбат кардан мусоидат намояд. Ҷонишин бо раису масъулони соҳа телефонӣ дар тамос шуд. Аз оҳанги тамос ва тӯл кашидани интизориамон хуб ҳис намудем, ки масъулон хоҳиши сари ин мавзӯъ суҳбат карданро надоранд.
Вақти бозгашт канори росту чапи шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб, бахусус миёни деҳаҳои Тугараку Навободро мушоҳида кардем, ки қитъаҳои зиёде аз кишти такрорӣ дур мондаанд. Ин дам ба хотирам ҳамон суоли доимии яке аз ҳамкоронамон, ки худ сокини деҳаи Навобод асту фарзандаш пешаи деҳқонӣ дорад, ба хотирам расид, ки онро ҳамеша зимни нишастҳои матбуотӣ ба роҳбарони муассисаҳои масъул такрор ба такрор ба ин тариқ медод: «Сокинони деҳа ҳар баҳор бо умед пахта мекоранд, вале аз сабаби бемасъулиятии кормандони хоҷагии об ва дигар муассисаҳои вобаста оби Кӯлобдарё сари вақт ва дар ҳолатҳои зарурӣ ба деҳа намерасад.Майдонҳои пахта аз беобӣ сӯхтаю пажмурда гашта, деҳқонон зарари калони молӣ мебинанд.Пас ин зарари доимии деҳқононро кӣ мепардозад?»
Шояд натиҷаи ҳамин гуна муносибати масъулони соҳа аст, ки ду сол қабл яке аз роҳбарони хоҷагии деҳқонӣ, аз деҳоти ба номи Худоёр Раҷабов, хоҷагии оби ноҳияро барои рӯёнидани товони зарари беобӣ ба суд кашид. Суди иқтисодӣ хоҷагии обро дар ин зарар муттаҳам дониста, вазифадор намуд, ки ба ин хоҷагии деҳқонӣ ба андозаи беш аз 400 ҳазор сомонӣ товон пардозад.
Раёсати кишоварзии минтақа, дар ихтиёрамон маълумотномаро «Дар бораи кишти такрорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба 1 августи соли 2014» вогузор намуд. Аз таҳлили ин маълумотнома дар ҳайрат мондем. Зеро вобаста ба ин маълумотномаи Сарраёсати Агентии омори минтақаи Кӯлоб ноҳияҳои Кӯлоб, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Фархор нақшаи дурнаморо аз 100,1 то 102,4 фоиз иҷро кардаанду ноҳияи Восеъ, ки нақшаи дурнамоаш 5289 гектарро ташкил мекунад, дар ҳама самтҳо натиҷаҳояш сифр нишон дода шудааст. Сабабашро аз Манучеҳр Сафаров, — сардори собиқ идораи таҷдидгаштаи омори минтақа пурсон шудем. Ӯ гуфт: -Бо сабаби сари вақт маълумотро пешкаш накардан, натиҷаҳои кишти такрории хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Восеъ дар маълумотнома нишон дода нашудааст.
-Набояд ин хел бошад, ҳоло ман ин масъаларо дида, ба шумо занг мезанам,-гуфт дар посухи пурсиши мо сардори Идораи омори ноҳияи Восеъ. Ва дигар занг назад…
Аз чунин тарзи коргузории кормандони омори ноҳияву минтақа ва дигар масъулон хулоса баровардем, ки шояд сабаби тағйир додани мақоми расмии омори минтақа маҳз ҳамин сифрҳои қатори барои мо номаълуму асроромези оморӣ бошанд.
Дар ин маврид ёдрас шуданием, ки раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ аз оғози фаъолияти хеш оид ба масъалаи омор ва маълумотҳои оморӣ ҷиддӣ муносибат карда, таври воқеӣ баҳогузорӣ мекунанд.Натиҷаи чунин муносибат аст, ки дар як муддати кӯтоҳ нафарони зиёде бо иллати бемасъулиятиву хунукназарӣ, дар муносибат ба масъалаҳои оморӣ, аз вазифаҳо сабукдӯш шудаю ҷазоҳои маъмурӣ гирифтанд. Хуб мебуд, ки аз ин пас бо мақсади шаффофият ҳамаи маълумотҳои оморӣ, шурӯъ аз ахбори ҳаррӯзаи ҷамъоварии ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ ва рафти киштукори он тавассути матбуоти маҳаллию ҷумҳуриявӣ манзури масъулону аҳли ҷомеа гардонида шавад. Мо метавонем ба ин васила бозорҳоямонро аз маҳсулоти фаровони кишоварзӣ ғанӣ созем ва содиротро низ вусъат бахшем.
Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»