Ба истиқболи 20-умин солгарди қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

Заминаи ҳуқуқии рушди устувори кишвар

№63 (3209) 14.06.2014

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари моро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақили дорои низоми мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ муаррифӣ намуд, ки дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ буда, барои зиндагии арзанда ба ҳар шахс заминаҳои устувори иҷтимоиву иқтисодӣ гузошта шудаанд.

Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба Истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз вартаи нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик ва тоҷикистониён асос гузошт. Ба ибораи дигар, Қонуни асосӣ бо иродаи мардуми кишвар сохти давлатдории нави тоҷиконро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян намуд.

Конститутсия нишонаи нахустин ва муҳимтарини соҳибистиқлолии давлат буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои дигар эътироф гардидани соҳибихтиёрии он аз ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз сарчашма мегирад.

Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар худ муҳимтарин принсипҳои демократии аз ҷониби ҷомеаи башарӣ эътирофшударо таҷассум намуда, баробарии ҳамаро дар назди қонун эълон дошт.

Маҳз бо риояи қатъии меъёрҳои конститутсионӣ мо имрӯз барои расидан ба ҳадафҳои пешгирифтаи ҷомеаи кишварамон дар самти эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор мегузорем. Дар ин самт ҷой ва нақши  Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои конститутсионӣ хеле муҳим ва муайянкунанда мебошанд. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳурӣ эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Тамоми санадҳои ҳуқуқӣ бояд дар асоси меъёрҳои Конститутсия таҳия ва қабул карда шаванд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои низоми махсуси худ буда, ҳар як санад дар ин ҷода дорои ҷойгоҳи хос мебошад. Дар ин низом қонунҳои конститутсионӣ ҷой ва нақши хоси худро доранд.

Мувофиқи талаботи меъёри Конститутсия ва дигар қонунҳои конститутсионӣ қонунҳо бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон қабул мегарданд ва Маҷлиси миллӣ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои худ онҳоро ҷонибдорӣ мекунад.

Боби асосии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои инсон ва шаҳрвандро дар бар мегирад. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд.

Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд.

Маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бунёди ҳокимияти судӣ нақши муҳимеро бозидааст.

Ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд. Ҳеҷ касро бе асоси қонунӣ дастгир, ҳабс кардан мумкин нест. Ҳар шахс аз лаҳзаи дастгир шуданаш метавонад аз ёрии ҳимоятгар истифода намояд. Ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад. Аз лаҳзаи дастгир кардани шахс оиди гумонбар будан дар содир намудани ҷиноят иштироки воқеии ҳимоятгар бояд таъмин карда шавад.

Мақсаду мароми ҳар як давлати муосир ва миллати соҳибтамаддун дар заминаи пойдории сулҳу субот сохтани ҷомеае мебошад, ки дар он эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар мадди аввал буда, амалишавии онҳо кафолат дода мешавад.

Воқеан, қабули Конститутсия имкон фароҳам овард, ки низоми мукаммали ҳуқуқиву сиёсӣ ташаккул ёбад.

Аскаралӣ АМОНОВ, судяи Суди вилояти Хатлон