Қайдҳо дар ҳошияи семинар-машварати ҷумҳуриявӣ
Имсол ҷамъомади матлуботчиёни кишвар ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи пешқадам аз шаҳри Турсунзода оғоз гардида, чанде қабл дар шаҳри Истаравшану ноҳияи Ғончии вилояти Суғд идома ёфт.
Семинар-машварати навбатӣ дар шаҳри Истаравшан 30 июн оғоз гардида, дар он меҳмонони зиёд, аз ҷумла муовини мудири шуъбаи кишоварзӣ ва истифодаи замини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳор Ойматов, раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Сироҷиддин Валиев, иддае аз муовинон ва кормандони масъули ин ташкилот ва раисони иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилояти Хатлону Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иштирок доштанд.
Дидорбинии меҳмонон бо кормандони масъули шаҳри Истаравшан ва ҷамъияти матлубот дар даромадгоҳи нуқтаи забҳи чорво, ки дар қисмати шимолу шарқии шаҳр, паҳлуи рости «Зарринрӯд» ҷойгир шуда, ба муносибати ташрифи меҳмонон ба ифтитоҳ омода шуда буд, сурат гирифт.
Раиси шаҳри Истаравшан Иброҳим Абдуллоев, меҳмонону иштирокдоронро ба ҳозирини ҷамъомад муаррифӣ намуда, оид ба вазъи иқтисодию иҷтимоии шаҳр, дар бораи моҳияти таъсиси қароргоҳи забҳи чорво, ки дар асоси Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2013 №2 таъсис ёфтааст, ибрози андеша намуд.
Сипас, меҳмонон дохили бинои истеҳсолӣ гардида, бо тамоми протсесҳои забҳи чорво ва тайёр намудани маҳсулоти ниҳойии он шинос шуданд. Раиси ҷамъияти матлуботи шаҳр Камол Абдуллоев роҷеъ ба ин муассиса, ки қаблан низ нуқтаи қабули маҳсулоти чорво ва забҳи он буд, маълумот дод.
Баъдан, ҳозирин роҳи ноҳияи Ғончиро пеш гирифтанд. Меҳмононро раиси ноҳияи Ғончӣ Зуфар Исмоилов ва раиси ҷамъияти матлуботи ноҳия Ҳамроқул Қӯлдошев раҳнамойӣ карда, оид ба дастовардҳои соҳа маълумот доданд.
Солҳои охир гардиши савдои чаканафурӯшӣ якҷо бо фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия хеле афзоиш ёфта, ҳаҷми он дар соли сипаригардида 4171,0 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба панҷ сол пеш зиёда аз 3 миллиону 300 ҳазор сомонӣ афзоиш ёфтааст. Иҷрои нақшаи шашмоҳаи аввали соли равон 5160,0 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 123 фоиз зиёд мебошад.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишоварзон таъкид кардааст, ки масъалаи маданияти заминдорӣ, истифодаи васеи тухмиҳои хушсифат, ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳои холимондаи партов, азхудкунии заминҳои нави обӣ, бунёди боғу токзорҳои нав ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи онҳо ба ҳисоб меравад.
Хоҷагии ёрирасони ҷамъияти матлуботи ноҳияи Ғончӣ, ки иштирокчиёни семинар-машварат ба он ҷо ташриф оварда буданд, 20 гектар заминро ташкил медиҳад.
-Ин ҳама замини лалмӣ буд. Мо ба масофаи ду километр лӯла хобонида, об овардем ва 13 гектари онро обӣ сохтем ва аз ҳар ваҷаби он босамар истифода мекунем. Кишти такрорӣ ҳатман гузаронида мешавад ва гирифтани ду ҳосил дар хоҷагӣ кайҳо инҷониб ба роҳ монда шудааст. Дар масоҳати ҳафт гектар токзор ва 2,2 гектар боғ бунёд кардем. Ҳамасола дар майдони чор гектар зироатҳои ғалладонагӣ, пиёзу картошка, нахӯду сабзиву анвои дигари зироатҳоро кишт карда, ҳосили хуб ҷамъоварӣ мекунем. Порсол 4,4 тонна ғалладона, 62,3 тонна маҳсулоти хӯрокаи чорво, 70 тонна пиёзу 340 тонна картошка ба даст овардем, — гуфт зимни суҳбат раиси Ҷамъияти матлуботи ноҳияи Ғончӣ Ҳамроқул Қӯлдошев.
Майдонҳои сарсабз, дарахтони ғарқи ҳосили боғот, боғоти хуч таваҷҷуҳи ҳозиринро ба худ ҷалб кард. Ду молхона, ҷойи нигаҳдории чорво ва бошишгоҳи саҳройӣ дар хизмати аҳли хоҷагӣ қарор ёфтаанд. Бино ба гуфтаи масъули хоҷагӣ, нархи маҳсулот назар ба бозор хеле арзон аст. Хоҷагӣ аз асалпарварӣ низ даромади хуб мегирад.
Ду сол пеш дар ноҳия бозори нави мол бо харҷи маблағи 60 ҳазор сомонӣ ташкил шуд. Дар зарфи ду сол бозор пурра хароҷоти худро пӯшонида, аллакай фоида меорад.
Таваҷҷуҳи меҳмононро мағозаи китобфурӯшӣ дар маркази ноҳия ҷалб намуд. Бояд гуфт, ҳама муассисаҳои савдои ин ноҳия, ки меҳмонон аз онҳо дидан карданд, нуқтаҳои ободу зебою пур аз маҳсулот буданд. Мағозаи китоб низ ҳамчунин. Дар он зиёда аз панҷ ҳазор нусха адабиёти бадеӣ, мактабӣ ва бачагона ботартиб чида шудааст. Анвои гуногуни молҳои конселярӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои тозанашри кишвар мавриди таваҷҷуҳи сарвари матлуботчиёни Тоҷикистон қарор гирифт ва С.Валиев барои афзоиш додани шумораи китобҳо ба мағоза даҳ ҳазор сомонӣ ҷудо кард.
- Боз даҳ ҳазор сомонии иловагӣ ирсол мекунем, шумо ба он маблағ китобҳои дарсию бачагона харидорӣ карда, ба мактаббачагони ноҳия тақдим кунед,-супориш дод ӯ ба раиси ҷамъияти матлуботи ноҳия.
Фурӯшгоҳи «Садаф», ки дар маркази ноҳия қарор гирифтааст, мағозаҳои замони Шӯравиро мемонад. Бино тозаю озода, молҳо ба тартиб чида шудаанд. Дар ошёнаи якум тӯйхона барои 150 нафар ташкил шудааст.
-Шумораи ҷойҳои нишасти тӯйхона пештар зиёд буд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» моро водор кард, ки толорро хурдтар кунему дар ҷойи боқимонда сехҳои дӯзандагию қаннодӣ ташкил намоем, -гуфт раиси ҷамъияти матлуботи ноҳия.
Дар ошёнаи дуюми ин бино шаш шуъба: либосворӣ, пойафзол, хӯрокворӣ, атриёт, бозичаҳо амал карда, мағоза 15 нафар корманд дорад. Сехи дӯзандагӣ бошад, 16 нафар духтарони маҳаллиро ба кор ҷалб кардааст.
Дар маркази ноҳия соябон гузошта, ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишварзиро ба роҳ мондаанд. Чуноне гуфтем, нархи маҳсулот назар ба бозор хеле арзон аст.
Дар ҷамъбасти семинар-машварат раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Сироҷиддин Валиев ба кори матлуботчиёни шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Ғончӣ баҳои баланд дода, барои дастгирии ҷамъияти матлуботи ноҳияи Ғончӣ аз буҷети ташкилот 100 ҳазор сомонӣ ҷудо кард.
Иштирок дар семинар-машварати матлуботчиёни кишвар маро бори дигар муътақид намуд, ки ҳамаи ин дидорбинӣ, омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар, рӯзгори муфиду манфиатбахш буда, омили муҳими пешрафти кор хоҳад шуд. Беҳуда Мавлонои Балхӣ нагуфтааст:
Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад,
Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»