Баррасии масъалаҳои муҳим

№34 (3180) 08.04.2014

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят даъвати чаҳорум баргузор гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки 9 феврали соли равон дар ҳавзаҳои интихоботии «Драмтеатр» № 37, «Овчӣ»  № 47 ва «Қистақӯз» № 63 интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи вилоят ба ҷойи вакилони хориҷшуда барпо гардида буд.

Дар иҷлосия ваколати вакилии вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаҳои интихоботии «Драмтеатр» № 37 — раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ, «Овчӣ» № 47 — сардори бахши омори ноҳияи Ғончӣ Тоҳир Назаров ва «Қистакӯз» № 63-сардухтури Маркази саломатии «Тоҷикистон» Давронҷон Болтуев   эътироф карда шуд.

Вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 феврали соли 2014 № 140 «Дар бораи раиси вилояти Суғд таъин намудани Абдураҳмон Қодирӣ»-ро ба маълумот гирифтанд.

Сипас, Абдураҳмон Қодирӣ ба интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии «Драмтеатр» № 37 миннатдорӣ баён намуда, арз дошт, ки тамоми дониш, малака ва неруяшро барои амалӣ гардонидани барномаҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, сиёсати хирадмандонаи Сардори давлат ва беҳдошти ҳаёти мардуми вилоят истифода ҳоҳад кард.

Дар иҷлосия ҳамчунин аз рӯйи масъалаи сеюми рӯзнома — «Дар бораи рафти татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2005 № 422 дар бораи «Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» дар вилоят муовини раиси вилоят Хайрулло Амонулло суханронӣ намуд.

Вай зимни таҳлили рафти иҷрои барномаи номбурда бештар дар хусуси камбудию нуқсонҳои ҷойдошта таваққуф намуд. Зикр гардид, ки дар вилоят 79 корхонаи саноати сабук мавҷуд аст, ки  бар пояи таҳлилҳо дар ду моҳи соли 2014 истеҳсоли маҳсулот дар ин корхонаҳо коҳиш ёфтааст ва роҳбарияти корхонаҳо барои бартараф кардани камбудиҳо тадбирҳои мушаххас намеандешанд.

Хайрулло Амонулло фаъолияти корхонаҳои азими саноати сабук,  аз ҷумла «Спитаментекстайлз»-и ноҳияи Спитамен, «Олим-текстайлз»-и ноҳияи Мастчоҳ, «Кабоол-текстайлз», «ВТ- силк», «Текстил — сити», «Нассоҷи Хуҷанд»-и маркази вилоят, «Қолинҳои Қайроққум», «Фарзона»-и шаҳри Исфара, «Ресмон» ва «Ҳусноро»-и шаҳри Конибодом, «Суруш»-и шаҳри Истаравшан ва ғайраро таҳлил карда, таъкид кард, ки дар соҳаи саноати сабук аз 15 банди «Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015», ки ба вилояти Суғд мутааллиқ аст, ҳамагӣ 8-тояш иҷро шудааст.

Дар иҷлосия вакилон ҳамчунин доир ба масъалаҳои навбатии рӯзномаи иҷлосия – тасдиқи Барномаи вилоятии «Соли 2014 — соли роҳҳои обод», номгузории иншооти физикӣ қарорҳо қабул карда,  якчанд қарорҳои раиси вилоятро, тасдиқ намуданд.

Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум»