Бонувон ҳунар меомӯзанд

№153-154 (3299-3300) 26.12.2014

Дар Маркази эҳёи ҳунарҳои миллии «Зарёб», ки бо ташаббуси зани соҳибкор Оиша Сатторова дар Хонаи фарҳанги  деҳоти «Унҷӣ»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташкил  шудааст, 22 нафар занону духтарони хонашин асрори ҳунарҳои қадимаи сӯзанидӯзию занҷирадӯзиро меомӯзанд.

-Мақсад аз таъсиси чунин маҳфил эҳё намудани ҳунарҳои мардумии аз ёдҳо фаромӯшшуда аст,- мегӯяд сарвари он Оиша Сатторова.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»