Бунёди шаҳри нав оғоз ёфт

№67 (3368) 12.05.2015

Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар вилояти Суғд бо иштироки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дашти Сомғор ба сохтмони як шаҳри нави замонавӣ асос гузошта шуда буд. Инак, бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ин минтақа оғоз гардида, рӯз то рӯз вусъат меёбанд.

Якуми майи соли равон бо ҳузури муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар ҳудуди шаҳри навбунёди Сайҳун ба 771 оилаи эҳтиёҷманд аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Истиқлол, Чкалов ва Қайроққум қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуд. Зикр гардид, ки  дар ин минтақа зиёда аз 40 ҳазор оила ё худ беш аз 250 ҳазор аҳолии шаҳри Хуҷанд ва шаҳру ноҳияҳои Чкалов, Истиқлол, Қайроққум ва Бобоҷон Ғафуров бо манзилу  шароити муосири зиндагӣ таъмин мешаванд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд, зимни мулоқоти гарму самимии Абдураҳмон Қодирӣ бо сокинони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истиқлол, Чкалов, Қайроққум ва Бобоҷон Ғафуров дар  шаҳри навбунёди Сайҳун таъкид шуд, ки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пайваста кӯшиш намуда, барои беҳтар намудани шароити манзили зисти сокинон тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Ба ин манзур, бунёди шаҳри замонавии Сайҳун, ки дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон бори нахуст сурат мегирад, маҳз ба таъмини сокинон бо шароити беҳтари зист нигаронида шудааст. Абдураҳмон Қодирӣ зимни суҳбат изҳор дошт, ки бунёди шаҳри наву замонавӣ бо сарварии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гувоҳи баромадани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сатҳи нави рушди иқтисодӣ мебошад.

Ин иқдоми наҷиб, ки аз сиёсати бунёдкоронаву созандаи Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, мавриди истиқболи сокинони вилояти Суғд қарор гирифт.

- Мо қишри ҷавони ҷомеаи навини Тоҷикистон сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Тоҷикистонро таҳти сарварии Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мардумсолорӣ дар меҳвари он қарор дорад, бо тамоми неру ҷонибдорӣ мекунем ва баҳри пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз саъю талош хоҳем кард,- гуфт зимни суханронӣ дар ин маросим  мутахассиси ҷавон Мамнури Нурзод .

Дар ин рӯз ба сохтмони даҳ бинои истиқоматии 12 ошёна санги асос гузошта шуд.

Тавре зимни муаррифии лоиҳаҳои биноҳои баландошёна таъкид гардид, як қисми ин биноҳои истиқоматӣ то арафаи ҷашни Наврӯзи соли 2016 ва қисми дигар то моҳи сентябри соли 2016 аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии ҶДММ «Стройкомплекс», ҶДММ «ПМК — 115», ҶДММ «КММ-44», ҶДММ «Тиниал» ва ғайра бунёд карда мешаванд. Биноҳои истиқоматӣ бо тарҳу намуди муосир бунёд гардида, тибқи нақша дар онҳо ҷойгирсозии марказҳои хизматрасонӣ ва таваққуфгоҳи нақлиёт низ дар назар дошта шудааст.

Мутобиқ ба тарҳи пешниҳодшуда  дар шаҳри Сайҳун 19 микрорайон, 17 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 31 кӯдакистон ва ширхоргоҳ, 140 маркази савдою хизматрасонӣ, 40 майдонча ва толорҳои варзишӣ, терминали нақлиёти мусофиркаш ва бозору дигар иншооти зарурӣ бунёд хоҳанд шуд.

Ин мавзеи фарох дорои 14000 гектар заминҳои хушку ташналаб аст, ки мавриди обёрию ободонӣ қарор гирифта, дар 3000 гектари он маҳаллаҳои истиқоматӣ бунёд меёбанд. Дар марҳилаи аввали бунёди шаҳр дар 1010 гектар замин биноҳои истиқоматӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва маъмурӣ сохта мешаванд.

Абдувосит Салимзода