Мушкилот ва пешниҳод

Чаро ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ рӯй медиҳанд?

№136 (3282) 18.11.2014

Дар сероҳаи назди мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Айнии шаҳри Истаравшан ду мошинаи сабукрав пеши назари мо ба ҳам бархӯрданд. Ду ронанда ба ҳам гапгузаронӣ мекарданд, вале айб дар чароғаки роҳнамо буд. Бино ба сабаби техникӣ фаъолияти равшанидиҳии фурӯзонакҳои чароғак муддате шах шудаву аз ҳар ду ҷониб ҳам ранги сабзу зард фурӯзон буд.

Мутаассифона, бо чунин нуқсон кор кардани чароғакҳои роҳнамо дар шаҳри Истаравшан ба ҳолати муқаррарӣ табдил ёфтааст.

Аз ҳафт адад чароғаки чорроҳаю сероҳаҳои муҳимтарини шаҳр тӯли панҷ -шаш соли охир ҳамагӣ сетояшон фаъол аст ва онҳо ҳам замоне фаъол мегарданд, ки масъулини шабакаҳои барқ ҳиммат карда, онҳоро ба кор дароранд.

Бо сардори идораи сохтмонӣ, ки имрӯз номи ҶДММ «Бунёдкор ва К»-ро гирифтааст, Абдусамад Ғафуров вохӯрдам. Ӯ узви комиссияи доимӣ оид ба тараққиёти саноати маҳаллӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, хизматрасонии иҷтимоӣ ва маишии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр мебошад.

- Аз тарафи вакилони халқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва идораи Бозрасии давлатии автомобилӣ ба хотири ҳалли масъалаи мазкур борҳо таври хаттӣ муроҷиат шудааст. Вале, бо сабаби набудани маблағ, иҷро нашудани қисми даромади андоз ҳалли ин масъала аз як шашмоҳа ба шашмоҳаи дигари сол мавқуф гузошта мешавад. Дар ноҳияи ҳамшафати мо -Спитамен кайҳо чароғакҳои роҳнамои куҳна ба чароғакҳои ҳозиразамони рақамӣ иваз карда шудаанд.

Дар натиҷаи мувофиқат накардани роҳҳо ба миқдори зиёди мошинҳо ва корношоям будани чароғакҳои роҳнамо мо сари чанд вақт чунин ҳодисоти нохуши садамавиро шоҳид мешавем. Бо вуҷуди он ки масъулини Бозрасии давлатии автомобилӣ алоқадри имконашон чораҷӯйӣ мекунанд, дар Истаравшан аз ҷониби аксари ронандагон одитарин қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя намешавад, -гуфт ӯ.

Тайи нуҳ моҳи сипаригаштаи соли равон дар шаҳри Истаравшан 19 адад садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо нуҳ нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расида, 27 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Дар миёни ҳалокшудагон ва ҷароҳатгирифтагон ҷавонону наврасон низ ҳастанд.

Соли гузашта бошад, 23 садама рух дода буд, ки дар натиҷаи он чор кас ҳалок гардида, 19 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Яке аз сабабҳои ба садама дучор гардидани ноболиғон маълумоти кофӣ надоштанашон оид ба қоидаҳои одии ҳаракат дар роҳ, беназоратии волидайн ва масъулини муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ нисбати равуои онҳо дар кӯча ва роҳҳои автомобилгард мебошад. Гузашта аз ин, бачаҳои хурдсол дар шафати роҳҳо ба шустушӯи воситаҳои нақлиёт ва велосипедронию аробакашӣ машғул мешаванд, ки ин сабаби садамаҳои роҳу нақлиёт мегардад.

Бо тақозои рушди ҷомеа ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандон аз соли 2007 инҷониб Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди амал қарор дорад. Аммо бисёре аз шаҳрвандон хилофи қонуни мазкур амал намуда, дар тӯйҳо шумораи автомашинаҳоро аз меъёри муқарраршуда зиёд истифода мебаранд. Қисме дар ҳолати мастӣ бе хуҷҷати ронандагӣ нақлиётро идора менамоянд, қоидаи ҳаракат дар роҳро риоя намекунанд, ҳангоми сурх будани чароғаки роҳнамо чорроҳаро мегузаранд ва ба самти муқобили ҳаракат баромада, ҳолатҳои садамавиро ба вуҷуд меоранд.

Имрӯзҳо вазъият дар назди бозори марказии шаҳр бисёр ташвишовар гаштааст. Ронандагони воситаҳои нақлиёти хурди мусофиркашии самти ҳаракати Истаравшан-Хуҷанд, Истаравшан-Зафаробод, Истаравшан- Душанбе, Истаравшан-Панҷакент ва дохилишаҳрӣ талаботи қоидаҳои ҳаракати роҳро сарфи назар намуда, нақлиёти худро дар ду тарафи роҳ дуқатораю сеқатора нигоҳ дошта, ба ҳаракати бонизоми нақлиёти дигар халал мерасонанд.

- Вақтҳои охир, бинобар коста гардидани вазъи интизоми нақлиётӣ дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ» ва роҳҳои дохилӣ рӯй додани ҳодисаҳои нақлиётӣ бо оқибатҳои вазнин зиёд шудааст,- мегӯяд нозири калони БДА-и шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан майори милитсия Каримбой Ҷумъаев.

Дар ҳақиқат, дар кӯчаю паскӯчаҳои шаҳр кас бо бисёр ронандагони наврасу ҷавоне вомехӯрад, ки роҳро бо мошин бо суръати баланд убур ва ҳамзамон   «болои сӯхта намакоб» бо телефони мобилӣ гуфтугӯ мекунанд.

-Ҳоло аз рӯи маълумот, ки кормандони БДА-и шаҳр ба мо додаанд, шумораи умумии мошинҳо дар шаҳру деҳоти Истаравшан дар таърихи 1 январи соли 2014-ум 17016 ададро ташкил медиҳад, ки зиёда аз 14 ҳазори он мошинҳои сабукрав мебошанд. Шумораи мошинҳое, ки давоми соли 2014 ба шаҳр ворид гаштаанд, ҳанӯз дақиқ нест, шояд дар якҷоягӣ аз 15 ҳазор адад гузашта бошад, — мегӯяд мудири бахши нақлиёт, саноат ва  энергетикаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан Фурқат Азимов.

Тавре аз идомаи суҳбат бо Фурқат Азимов бармеояд, Истаравшан ҳамагӣ ду роҳи асосии дохилишаҳрӣ дорад, ки хеле танг буда, масофаи он 108 км-ро ташкил медиҳад. Аз рӯи ҳисобҳо дар ҳар як километр роҳи шаҳр наздик ба 170 адад автомобилҳо равуо менамоянд. Дар роҳҳои танги шаҳри Истаравшан, ки 40-50 сол пештар сохта шудаанд, ғунҷоиши ин қадар нақлиёт имконнопазир аст. Ҳарчанд мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр барои ба тартиб даровардани роҳи назди бозори марказӣ, коҳиш додани шумораи мошинҳо якҷо бо БДА, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт соли гузашта зиёда аз 6-7 моҳ ҷиддан ба кӯчонидани таксиву масиргардҳо ба автовокзали шаҳр (терминал) машғул шуда бошанд ҳам, натиҷа надодааст. Аз ин рӯ, терминал имрӯз холӣ, вале тамоми воситаҳои нақлиёт, дар ҳамин мавзеъ қарор доранд.

Барои дарёфти роҳҳи ҳалли ин масъала бо сардори шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии шаҳр Азизмурод Турдиев ҳамсуҳбат шудам.

- Мо ҳам ба чунин хулоса омадем, ки барои ҷорӣ кардани тартиботи ҷамъиятӣ, ҳаматарафа ба роҳ мондани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва танзими ҳаракати нақлиёт шомил шудан ба лоиҳаи инноватсионии «Шаҳри бехатар» роҳи ягона ва илоҷи берун шудан аз ин қазия мебошад, -гуфт сардори шуъбаи БДА-и шаҳр. -Аз ин рӯ, бо дастгирии Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан сардори он генерал-майори милитсия Саидзода Муҳаммадсаиди Борон асноди заруриро таҳия карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол кардем.

Шояд баъди таҷдиди чароғакҳои роҳнамо ва гузошта шудани камераҳои наворбардор ҳаракати нақлиёт дар шаҳри Истаравшан ба танзим дарояд, вале, сарфи назар аз ин, ба андешаи мо аз истифода берун кардани мошинҳои куҳнаю фарсуда дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ низ зарур аст. Имрӯз дар бозорҳои мошинфурӯшии шаҳру навоҳии кишвар ба маблағи 4000-5000 сомонӣ ҳам мошин харидан мумкин аст. Магар бо ин гуна маблағи ночиз мошини аз назари техникӣ бенуқсро дастрас кардан мумкин аст? Сари ин масъала месазад, ки андеша кунем.

Ҳусейни Назрулло,  «Садои мардум»