23 феврал - Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар тарбияи насли наврас ҳама масъул бояд бошем

№18 (3164) 21.02.2014

Ба истиқболи Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ғончӣ озмуни ҳарбию ватандӯстии «Сипар» доир шуд, ки он бо ибтикори мактаби варзишии бачагона ва шуъбаи маорифи ноҳия сурат гирифт.

Дар ин чорабинӣ намояндагони ҳашт мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия оид ба сафкашӣ, тирпарронӣ, давидану ҷаҳидан, гулӯлапартоӣ, расонидани ёрии аввалияи тиббӣ мусобиқа карданд. Дар мусобиқа наврасони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №43-и шаҳраки Даштикони деҳоти «Яхтан» ғолиб омаданд.

-Дар ноҳияи мо ба масъалаи тарбияи ҳарбию ватандӯстии мактабиён таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Беҳуда нест, ки ҳар сол нақшаи даъвати наваскарон ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳия дар вақташ иҷро мешавад. Яке аз сабабҳои асосии пурраю барзиёд иҷро шудани нақшаи даъватҳои баҳорию тирамоҳии наваскарон дуруст ба роҳ мондани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ дар байни ҷавонону наврасон аст,-гуфт роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Атахон Қаюмов.

-Махсусан дар ин ҷода саҳми раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Даврон Эргашев калон мебошад. Маҳз бо пешниҳоди ин ташкилот ва дастгирии раиси ноҳия З.М.Исмоилов соли гузашта «Соли бузургдошти куҳансолон» амалӣ гардид ва ба шарофати ин чорабиниҳо дар тӯли як сол дар маҳаллаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва корхонаю муассисаҳо маъракаҳои  зиёди хотирмон  доир карда шуданд.

Аксари иштирокчиёни ҶБВ-и ноҳия имрӯз аз 90-сола боло мебошанд, вале, ҳоло ҳам аз ҷамъият ҷудо нагардида, бо мактабиён робитаи зич доранд, бо онҳо вохӯриҳо мегузаронанд, аз кору пайкору корномаҳояшон дар ҷабҳаҳои ҶБВ қиссаҳо мекунанд ва аз хонандагон даъват ба амал меоранд, ки ба хидмати Модар-Ватан ҳамеша омода бошанд.

Масалан, Усмонов Қурбон 93- сола, дорандаи орденҳои «Ситораи Сурх», «Ҷанги Бузурги Ватанӣ дараҷаи 2», Қодиров Маҳмуд  98-сола, дорандаи ду ордени «Ҷанги Бузурги Ватанӣ», Баротов Муҳиддин 92- сола, дорандаи ду ордени «Ситораи Сурх» ва «Ҷанги Бузурги Ватанӣ дараҷаи 2», Ҳотамов Нозим 91- сола, дорандаи ордени «Ҷанги Бузурги Ватанӣ дараҷаи 2» аз фаъолони Шӯро ба шумор мераванд ва тарбияи насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва муҳофизати он вазифаи муқаддаси калонсолон мешуморанд.

Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Ғончӣ Даврон Ашӯров, мегӯяд, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» саривақтист. Ин қонун ҳамчунин масъулияти мо — калонсолонро низ дар кори таълиму тарбияи наврасону ҷавонон дучанд мекунад. Мо бояд ҷавононро ба роҳи дуруст ҳидоят кунем. Яъне, таълиму тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандориву ватанпарастӣ ва фидокориҳо дар роҳи Ватан вазифаи ҳамагонист.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»