Эҳёи касбҳои аҷдодӣ — тақозои замон

№153-154 (3299-3300) 26.12.2014

«Ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи занон ва оила, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бори дигар супориш дода мешавад, ки доир ба тақвияти низоми ягонаи омӯзиши касбии шаҳрвандони бекор, бахусус муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳунарҳои дастӣ ва дигар намудҳои косибӣ, барои занону духтарони хонашин ва бо ҳамин роҳ пас намудани шиддати бекорӣ чораҳои зарурӣ андешанд».

Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 апрели соли 2014.

хунари мардуми

-Эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон дарёфти беҳтарин ҳунармандон, аз қабили қолинбофон, сӯзанидӯзон, бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон аз дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд ва аз масъалаҳои ниҳоят муҳими қобили таваҷҷуҳи масъулини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ба ҳисоб мераванд,-гуфт зимни суҳбат муовини раиси шаҳри Панҷакент Маҳбуба Ҳабибӣ.

Дар шаҳру деҳоти Панҷакент қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ ва аз қуроқ омода намудани ашёҳои рӯзгор,ба монанди кӯрпачаю дастархон ва ғайра як рукни анъанаҳои мардуми водии Зарафшон ба ҳисоб мераванд. Яке аз ҳадафҳои асосии Иттифоқи ҳунармандони шаҳри Панҷакент дарёфти ҳунармандони асил аст. Бо ин мақсад  Иттифоқ ҳунармандону косибонро аз шаҳру деҳот пайдо намуда, миёни онҳо ба хотири равнақи ҳунарашон ва эҳёву омӯзондани ҳунарҳои асили бобоӣ ба шавқмандон курсҳои омӯзишӣ, семинарҳо ва силсилаи машғулиятҳои гуногунро роҳандозӣ намудааст. Дар шаҳри Панҷакент имрӯз занону духтарон ба омӯзишу аз худ намудани тақрибан 60 намуди ҳунарҳои қадимӣ машғул мебошанд. Масалан, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент соҳибкор Сабоҳат Бобоёрова коргоҳи қолинбофӣ ташкил намудааст. Дар ин коргоҳ 30 нафар занону духтарон бо кор таъмин мебошанд.

-Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ба дигар соҳибкорон, махсусан занони ҳунарманд қитъаи замин барои сохтмони коргоҳҳои дӯзандагӣ, қолинбофӣ ва намудҳои гуногуни бофандагӣ ҷудо намудааст. Бо занони деҳот ҳамкорӣ дошта, якҷоя бо онҳо намудҳои гуногуни қолинбофиро эҳё намуда истодаанд. Барои ҷалби занони деҳот ба ин ҳунарҳои халқӣ дар ҷамоатҳои деҳоти «Саразм», «Хурмӣ», «Шинг», «Моғиён», «Косатарош», ба номи Рӯдакӣ, «Фароб» ва  ба номи Халифа Ҳасан кор бурда, намудҳои гуногуни қолинбофиро ба онҳо омӯзониданд. Қолинҳо аз масолеҳи худӣ — пахта ва пашм тайёр карда мешаванд. Ҳоло занону духтарони ҷамоатҳои деҳоти «Саразм»,  ба номи Рӯдакӣ, «Шинг», «Хурмӣ», «Амондара», «Ворӯ» ба бофтани қолинҳои шол ва ҷулварақ машғуланд,-мегӯяд мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент Гулбаҳор Иноятова.

Бояд гуфт, ки яке аз самтҳои дигари фаъолияти Иттифоқи ҳунармандон дар водии Зарафшон ҳамкории зич бо маъюбон мебошад. Онҳо пайваста бо маъюбон ҳамкорӣ намуда, бо ин роҳ ба маъюбон ҳунар омӯзонида, маҳсулоти истеҳсолкардаи онҳоро ба фурӯш бароварда, ба онҳо кумак мерасонанд.

Барои дастгирӣ ва рушди фаъолияти ҳунармандони маъюб як гурӯҳи онҳо бо мошинаи дарздӯзӣ ва мизу асбобҳои корӣ таъмин карда шудаанд. Қобили зикр аст, ки шумораи занону бонувони хонакор ва маъюбони ҳунарманд зиёда аз 30 нафарро ташкил медиҳад ва ҳамаи онҳо ба бофандагӣ, ресандагӣ, дӯзандагӣ, кашидадӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, қуроқдӯзӣ ва ғайра машғул мебошанд.

Яке аз чевароне, ки ба ҳунари кашидадӯзӣ машғул аст, Матлуба Аминова ном дошта, ба наврасону ҷавонон ҳунари сӯзанидӯзии қадимаро омӯзонида истодааст. Ӯ дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Бухоро ва Ҷумҳурии Исломии Покистон доир гардид, иштирок намудааст. Мавсуф маҳфили сӯзанидӯзони Кохи фарҳангро роҳбарӣ менамояд ва дар он 35 нафар занон ва ҷавондухтарон ин ҳунари қадимаи аҷдодиро меомӯзанд.

Бино ба гуфтаи муовини раиси шаҳри Панҷакент Маҳбуба Ҳабибӣ ширкати бонувону духтарони шаҳр дар Маркази таълимӣ-истеҳсолии «Шероз»-и шаҳри Хуҷанд хеле фаъол мебошад. Масалан, моҳи марти соли равон даҳ нафар занони қолинбоф ва сӯзанидӯз аз шаҳр ва ҷамоатҳои деҳоти Панҷакент дар даври аввали курси омӯзишии Маркази таълимӣ-истеҳсолии «Шероз» барои омӯхтани ҳунари қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор доштанд.

-Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон ва корҳои хонагӣ, дарёфти беҳтарин ҳунармандон ва бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон озмуни «Меҳнати хонагии занону духтаронро эҳё менамоем»  баргузор гардид.

Дар оянда низ ба нақша гирифтаем, ки барои бонувон ва ҷавондухтарони шаҳри Панҷакент атлас ва адрасбофиро ба роҳ монем. Кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бе чуну чаро иҷро шаванд,-гуфт дар фарҷоми суҳбат Маҳбуба Ҳабибӣ.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»