Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи тозаеро дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, маънавию фарҳангии мамлакат оғоз бахшид.
Талошҳои пайгиронаи Роҳбари давлат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки аз минбари Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифта, то ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ расиданд, дарахти пурбаракоти сулҳу Ваҳдатро барои тоҷикистониён чун неъмати бузург ба сабзиш овард. Ҳосили талошҳои Роҳбари сулҳофар ва меъмори Ваҳдати миллӣ Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар баробари эҷоди равобити густурдаи Тоҷикистон бо мамолики олам дар ҷаҳони муосир сулҳи тоҷиконро ҳамчун таҷрибаи бузургу мондагори давлатдорӣ муаррифӣ сохт. Бузургтарин сиёсатмадорони ҷаҳонӣ таҷрибаи сулҳи тоҷиконро намунаи ибрат номида, дар симои Сарвари давлати Тоҷикистон паёмовари воқеии сулҳ ва меъмори ваҳдатро шинохтаву барои ҷаҳони муосир муаррифӣ намуданд.
Мардуми тоҷик саодатёр аз он ҳастанд, ки бо шарофати таҳкими сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ имрӯз Тоҷикистони азиз рӯ ба марҳилаи нави тараққиёти хеш гузошта, маҳз бо иқдомоти созандаи Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишварамон ободу зебо мегардад. Боиси ифтихор аст, ки ташаббусҳои Сарвари давлати тоҷикон дар сатҳи ҷаҳонӣ истиқбол ва ҳамовозӣ ёфта, имрӯз кишвари мо ба маркази баргузории чорабиниҳои бузурги фарҳангиву сиёсии сатҳи байналмилалӣ табдил ёфта истодааст.
Ин иқдом ва ташаббусҳои Роҳбари сулҳофар ва меъмори Ваҳдати миллии мо акнун баҳри таҳкими пояҳои дӯстии тоҷикон бо тамоми мардуми олам ва таъмини ваҳдати халқҳо замина мегузорад.
Имрӯз шароити таърихии таҳқиқи аҳамияти сулҳи тоҷикон ва мақоми ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз пеш омадааст ва бояд онро ҳамчун натиҷаи тафаккури созандаи тоҷикон маънидод кунем. Бо таъкид ба ин омил Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби хеш «Тоҷикон дар оинаи таърих» навиштаанд: «Таҷрибаи нодири Ҳукумати Тоҷикистон дар масъалаи баргардонидани фирориён ва дар мамлакат фароҳам омадани фазои сулҳу оштӣ чун сиёсати беназири давлатдорӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва бисёр мамлакатҳои ҷаҳон мавриди омӯзиш ва табодули назар қарор гирифтаанд».
Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки бо заҳмату талош ва ибтикороти беш аз панҷсолаи Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад, ормоншиносӣ ва сабақгирӣ аз сарнавишти таърихии тоҷикон маҳсуб мешавад. Маҳз эътиқоду эътимод ба ибтикороти давлатмардону абармардони миллати тоҷик ва такя ба қудрату тафаккури зеҳнӣ ва маънавии тоҷикон, ки ба фитрати олии инсонии ин миллати созандаву бунёдкор марбут аст, ба Сарвари давлат эътимоду боварӣ бахшид, то аз минбари Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон башорате аз расидани сулҳи деринтизор ба сарзамини Тоҷикистон диҳад ва бо ҳиммати баланди инсонӣ аз миёни он гирудорҳову сангарҳои хунрез сулҳ, ваҳдату ҳамдилӣ ва ягонагиро барои миллат дастовез орад. Ҳамин эътиқод ва боварии том буд, ки миллати моро аз парешонии навбатии таърихӣ наҷот бахшид ва роҳи ормонҳои маънавии тоҷиконро дар марҳилаи нав муқаррар намуд.
Мо -сокинони шарафманди вилояти Суғд ҳамеша ифтихорманд аз он ҳастем, ки дар заминаи таҳкими пояҳои давлатдории миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол бузургтарин дастовардҳо насибамон гардид. Ифтитоҳи нақби Шаҳристон кишвари моро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо бахшида, ба сарзамини воҳид табдил дод.
«Идеали сиёсии мо, — фармудаанд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, — Ваҳдати миллист». Халқ, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон тибқи ҳамин идеал саъю талош намуда, давоми соҳибистиқлолӣ ба ваҳдати сиёсӣ, ваҳдати маънавӣ, ваҳдати иқтисодӣ, хулоса ба якпорчагии ватани азизи худ муваффақ гардид.
Соли 2009 бо иштироки Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонони сершумори ҷашни 12 – солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ пули нав дар болои дарёи Сир, бинои чойхона дар Боғи миллии Ваҳдат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, бинои нав дар Маркази эҳёи беморони дил ва шараёни хун, бинои ҳаштошёнаи истиқоматӣ, корхонаи ресандагии «Нику – Хуҷанд», варзишгоҳ барои 25 ҳазор нафар дар шаҳри Хуҷанд бо кортҳои теннис, литсеи президентӣ дар шаҳри Чкалов, корхонаи маъдантозакунии Олтинтопкан (ҳоло Зарнисор) дар шаҳри Қайроққум, Маркази тиҷоратӣ дар шоҳроҳи Хуҷанд-Ғафуров ва бинои иловагии мактаби деҳаи Иторчии ноҳияи Ғончӣ мавриди истифода қарор гирифтанд, ки ба рушди минбаъдаи хоҷагии халқи вилоят заминаи устувор гузоштанд. Варзишгоҳи нави шаҳри Хуҷанд бо пешниҳоди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номи «20 – солагии Истиқлолият»-ро гирифт.
Тирамоҳи ҳамон сол хатти баландшиддати Ҷануб – Шимол бо иштироки Сарвари давлат мавриди истифода қарор гирифта, шабакаи барқи шимоли Тоҷикистон бо шабакаи умумиҷумҳуриявӣ пайваст гашт ва дар таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар қадами ҷиддӣ гузошта шуд.
Ҳамрадиф бо ин дастовардҳо дар ноҳияи Спитамен корхонаи коркарди пахта «Спитамен текстайлз» ба истифода дода шуд.
Тобистони соли 2010 силсилаи корхонаҳо, аз қабили корхонаи истеҳсоли орд, маҳсулоти нонӣ, маводи тиббӣ ва ғайра дар ширкати «Бародарони саховатманд»-и шаҳри Қайроққум мавриди истифода қарор гирифт, ки ба беҳшавии шароити иҷтимоиву иқтисодии сокинони вилоят ва муҳайё гардидани ҷойҳои нави корӣ мусоидат намуд.
Соли 2011 иншооти бузурги истеҳсолӣ, ба монанди фабрикаи ресандагии «20 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» дар ноҳияи Мастчоҳ, фабрикаи ҷӯроббофӣ дар ноҳияи Зафаробод бо номи «Наврӯз», корхонаҳои истеҳсоли шиша ва зарфҳои шишагии ширкати «Бародарони саховатманд» ва ордбарории «Фаровон» дар шаҳри Қайроққум мавриди истифода қарор гирифтанд.
Барои ҳифзи саломатии аҳолӣ осоишгоҳи «Баҳористон» дар соҳили «Баҳри тоҷик» бо имкониятҳои нави табобатӣ пас аз таъмири куллӣ дари худро барои муштариён боз карда, дар ноҳияи Мастчоҳ бинои мактаби асосии №5 барои 240 нафар хонанда бо толори варзишӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ, васеъ намудани имкониятҳои содиротии меваҷот дар ноҳияи Зафаробод ба боғи нави «20 – солагии Истиқлолият» асос гузошта шуд.
Тайи солҳои 2012-2014 як қатор иншооти бузургу муҳим, аз қабили Парчами миллӣ, Кохи матбуот, Қасри варзиш, фаввора ва гулгашт дар хиёбони Раҳмон Набиев, маҷмааи фаввораҳо ва ҳавзи шиноварӣ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, корхонаи истеҳсолии қуттиҳои пластикии ҶДММ «Сир-пласт», сехи истеҳсоли маҳсулоти қаннодии ҶДММ «Маишат»-и шаҳри Хуҷанд, муассисаи солимгардонӣ ва истироҳатии «Уқобча» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, беморхонаи №1 ва чойхонаи миллӣ, варзишгоҳ, мактаби хонандагони лаёқатманд дар деҳоти «Хистеварз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, коргоҳи истеҳсоли профилҳои алюминий дар КМ «Алфапет», истеҳсоли макарон дар «Ширкати ғалла»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, корхонаҳои истеҳсолӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», хатти барқии 220 кВт-и Хуҷанд – Айнӣ бо зеристгоҳи барқии 220/110/10 дар деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ ва даҳҳо иншооти дигар ба истифода дода шуданд.
Беҳуда нест, ки Сарвари давлат соли гузашта дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон густариш додани фарҳанги сулҳ ва таҳким бахшидани ваҳдату ризоияти миллиро ҳамчун дастоварди нодиртарини мардуми Тоҷикистон аз муҳимтарин ҳадафҳои давлатдории навини Тоҷикистон муқаррар намуда, таъкид бар он доштанд, ки халқи тоҷик сулҳу ҳамдигарфаҳмиро ба ивази азияту заҳмати сахту сангин ва муҳимтар аз ҳама, ба баҳои ҷони даҳҳо ҳазор қурбониёни ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба даст овардааст. Бинобар ин, мо вазифадорем, ки ба хотири тарбияи насли наврас ва ҷавонони имрӯза дар рӯҳияи ватандӯстиву сулҳхоҳӣ ва ободкориву созандагӣ, инчунин барои наслҳои ояндаи халқамон ба мерос гузоштани ин дастоварди муқаддасу нодир фарҳанги сулҳро ҳамчун ҷузъи доимии фарҳанги зиндагии мардум густариш бахшем.
Мардуми сарбаланди вилояти Суғд дар радифи тамоми сокинони шарафманди мамлакат бо сарфарозӣ аз сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат баҳри татбиқи он аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода менамоянд.
Ҷумъабой САНГИНОВ, муовини якуми раиси вилояти Суғд