Навгонӣ

Ҳиммати Ҳоҷӣ Саидусмони 70-сола

№64 (3210) 17.06.2014

Дар деҳаи Хӯҷаҳои Ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонии ноҳияи Ғончӣ, ки дар масофаи 30 километр дур  аз маркази  ноҳия қарор дорад, бо ҳиммати  сокини деҳа Ҳоҷӣ Саидусмон ва писаронаш бинои боҳашамати дуошёна бо номи «Маркази ташхисию табобатӣ» мавриди баҳрабардорӣ  қарор гирифт. Бояд гуфт, ки ин иншоот дар муддати ду сол бунёд гардида, барои сохтмонаш зиёда аз 850 ҳазор сомонӣ маблағ сарф гардидааст.

Марказ дорои 21 кати табобатӣ буда,  бо таҷҳизоти замонавии сӯзандармонӣ, парафин, ампилапулс, ҳуҷраҳои ташхисӣ,  сабти барқии дил, доругузаронӣ, таҷҳизот барои гузаронидани таҳлилҳо (ИФА) таъмин аст.

Рӯзҳои якшанбе ба маркази мазкур табибону  мутахассисони варзида аз маркази вилояти Суғд даъват  шуда,  беморонро  муоина намуда, ба онҳо маслиҳатҳои зарурӣ медиҳанд.

Аслан касби Ҳоҷӣ Саидусмон Санавбаров муҳандис буда,  ӯ солҳои дароз дар хоҷагии ба номи Карл Маркс фаъолият намуда, айни ҳол   нафақахӯр  мебошад. Ду сол пеш бо фарзандонаш Собирxон, Шоҳидxон, Умедҷон, Зоҳирxон ва Хайриддин, ки дар Федератсияи Россия ба соҳибкорӣ машғуланд, маслиҳат карда,  қарор доданд, ки ба кори хайр ҳиммат банданд.

Дар маросими тантанавии ифтитоҳи ин иншоот раиси ноҳияи Ғончӣ Исмоилзода Зуфар Муртазохон, собиқадорони меҳнат Абдулатиф Садриддинов, Ҷумъабой Рӯзибоев, сардухтури беморхонаи ноҳиявии №2 Шералӣ Машарифов ва дигарон ба сухан баромада, ба соҳибкорон изҳори сипос карданд.

- Ниҳоят ташвишу саргардонии беморон ва сокинони деҳа аз байн меравад. Пештар беморон барои ташхис  ба маркази ноҳия мерафтанд ва  роҳи беморхонаҳои ноҳиявӣ ё табобатгоҳҳои шаҳри Истаравшану Хуҷандро пеш мегирифтанд. Акнун ин мушкилӣ аз байн меравад, -  гуфт раиси ноҳияи Ғончӣ З.М. Исмоилзода

Бино ба гуфтаи сардухтури Маркази ташхисию табобатӣ  Бурҳониддин Амонов, ба ин васила боз 15 нафар кормандони соҳаи тиб соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.

Ҳусейни  Назрулло,  «Садои мардум»