Истаравшан: дастовардҳои назарраси саноатчиёну сохтмончиён

№2-3 (3303-3304) 06.01.2015

Саноатчиён ва сохтмончиёни шаҳр бо дастовардҳои назаррас соли 2014-ро ҷамъбаст намуданд. Корхонаҳои саноатии ҶСК «Оби зулол», ҶСК «Садафи Суғд», ҶДММ «Покиза», ҶДММ «Ситораи Шарқ» ва ҶДММ «Рахшон» ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро дар ин сол ба зиёда аз 242 миллиону 636 ҳазор сомонӣ расониданд, ки баробар ба 127,7 фоизи нақшаи солона мебошад.

Сохтмончиёни шаҳр бошанд, дар ин давра ба маблағи 18 миллиону 762 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонию васлкуниро иҷро намуданд, ки ин ба 122,3 фоизи нақшаи дурнамо баробар аст.

Ҳ.Назрулло, «Садои мардум»