Ҳунар мардумӣ бошад...

Кашфиёти нуҳуфта

№17 (3163) 18.02.2014

асрори рангу ҷилоҳои кошинҳои қадимаро кӣ медонад?!

Сирру асрори рангу ҷилоҳои кошинҳои ёдгориҳои таърихии дар марказҳои илмию фарҳангии Осиёи Марказӣ, аз қабили Бухорою Самарқанд, Хеваю Урганҷ, Панҷакенту Исфара ва Истаравшани бостон, ки тайи 1000-1200 сол инҷониб маҳфуз мондаанд, солҳои зиёд инҷониб таваҷҷуҳи олимону мутахассисони соҳаро ба худ ҷалб менамоянд. Сабаб дар чист, ки рангу ҷилои хишту кошинҳои мадрасаҳои Бухоро, мақбараҳои Самарқанду Панҷакент ва Исфараю Истаравшан, ба қавли Фирдавсии Тӯсӣ «аз боду борону тобиши офтоб» газанде наёфта, асрҳо аст, ки ба чашмони бинандагон нуру ба дилҳояшон сурур мебахшанд. Вале имрӯз чун дар пайравӣ ба ҳунари волои гузаштагони ҳунармандашон устоҳои имрӯза иншоотеро рангу наққошӣ мекунанд, онҳо дар зарфи ҳамагӣ 30-40 сол ранги рӯ бадал карда, хароб мегарданд.

Нависандаи сатрҳо чанде қабл (аниқтараш 22 октябри соли 2013, дар шумораи 134-уми рӯзномаи «Садои мардум») бо номи «Кошини қадимаи замони Сомониён аз нав эҳё шуд» матлаберо ба таваҷҷуҳи хонандагони арҷманд пешниҳод карда будам, ки дар бораи аз ҷониби касбомӯзони литсейи касбию техникии №14-уми шаҳри Истаравшан бори нахуст дар таърихи Осиёи Миёна мавриди истеҳсол қарор гирифтани нахустин намунаҳои кошини тоҷик қисса мекард. Дар ин мақола гуфта мешуд, ки кошинҳои ихтироъкардаи ҳунаромӯзони ин боргоҳи ҳунар таҳти сарварии устодашон Абдулло Ҷумъабоев аз нигоҳи тобоварию мустаҳкамӣ ба ҳар гуна гармию сардӣ қобили таваҷҷуҳ буда, аз кошину хиштҳои одии имрӯза ба дараҷаҳо тафовут доранд.

Пас аз чанд муддат бо мақсади таҳияи мақола аз кору рӯзгори мардуми ноҳияи Ғончӣ озими ин ноҳия шудаму бо раиси он Зуфар Исмоилов ҳамсуҳбат гаштам. Номбурда аз чопи он мақола, ки дар боло ишора рафт, изҳори сипосу қаноатмандӣ карда, чунин гуфт: «Он омӯзгори гурӯҳи кошинсозони ин литсей аз Ғончӣ буда, солҳои 70-уми қарни гузашта кашфиёти илмии ӯ дар бобати рангу ҷило ва ба гармию сардӣ тобоварии кошинҳои қадима диққати на танҳо олимону мутахассисони ин соҳаи Осиёи Марказӣ, балки Иттиҳоди Шӯравиро ба худ ҷалб карда буд».

Ин гуфтаҳо маро ба ҳайрат овард. Ҳарчанд дар литсейи номбурда бо роҳбари гурӯҳи кошинкорӣ Абдулло Ҷумъабоев ҳамсуҳбат шуда будаму ӯ ба ман намунаҳои кори шогирдони худ, аз ҷумла кошинҳои дар рӯзи зодрӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон     Эмомалӣ Раҳмон истеҳсолшуда, ки дар рӯяш акси Сарвари давлати тоҷикон таҷассум гардида, атрофи онро нишони қадимаи ориёиҳо зеб додааст, нишон дода, оид ба сифати рангу ороиш, пухта гардидан ва тобоварии онҳо маълумот дода буд.

-Барои он ки шумо чӣ гуна шахсият будани Абдулло Ҷумъабоевро фаҳмед, ман як мулоқотамро бо як тан аз масъулини ҳизбии баландмақоми шӯравӣ, ки дар фурудгоҳи «Домодедово»-и шаҳри Москва сурат гирифта буд, нақл менамоям,- гуфт Зуфар Муртазоевич ва ба варақгардон кардани хотироташ оғоз кард.

-Моҳи ноябри соли 1994 дар Москва дар сафари хидматӣ будаму бояд ба шаҳри Ленинобод (ҳозира Хуҷанд) парвоз мекардам, вале бо номусоидии обу ҳаво парвози тайёраҳо қатъ шуда буду дар толори интизории фурудгоҳ мардуми зиёд ҷамъ омада, бо ҳам суҳбат мекарданд ва гӯш ба қимори радиои толор ниҳода буданд, ки кай хатсайри онҳоро эълон мекунад. Дар ҳамон ҷо як марди солхӯрдаи босалобати хушкалому хушлибоси рус бо ман ҳамсуҳбат шуд. Аз ман пурсид, ки ба куҷо парвоз мекунам? Ҷавоб додам, ки ба Тоҷикистон, ба шаҳри Ленинобод.

-Ҳа Ленинободро ман хуб медонам. Борҳо ба Тоҷикистони офтобии шумо сафар кардаам. Аҷаб кишвари зебо ва мардуми меҳнатқарину меҳмондӯст доред,- гуфт марди ношинос ва илова кард: -Дар ҳамин вилояти шумо як ноҳияе буд бо номи Ғончӣ, ман аз он ҷо як нафарро мешинохтам.

Баробари шунидани номи зодгоҳам хеле хурсанд шудам ва гуфтам, ки ман дар он ҷо ба дунё омадаам,- ва гӯш ба суханони ӯ додам, ки боз чӣ мегӯяд.

-Дар ҳамон Ғончии шумо як марди олиму ҳунарманд аст, ки дар вақташ метавонист барандаи Ҷоизаи ҷаҳонии «Нобел» шавад,- гуфт ҳамсуҳбатам.

Ин гуфтаи ӯ маро дучанд ба ҳайрат овард.

-Номи ӯ Абдулло Ҷумъабоев, рассом, кошифи асрори рангу ҷилои кошинҳои қадима. Як вақт аз Тоҷикистони шумо ҳуҷҷатҳо ва маълумоти заруриро оид ба кашфиёти илмии ӯ дар ҳамин бора ба Кумитаи давлатии СССР оид ба ихтирооту кашфиётҳо ирсол карданд. Баъд мо ӯро ба шаҳри Москва даъват намудем, дар лабораторияҳои махсус кашфиёти ӯро олимону мутахассисони соҳа санҷиданд, Кумитаи давлатии СССР оид ба ихтирооту кашфиётҳо ба ӯ шаҳодатномаи муаллифӣ дод. Чун  диданд, ки кашфиёти ӯ дар ҳамон вақт аз ихтирооти нодири замон ба ҳисоб мерафт, шӯрои олимони ин соҳа ба ҳамшаҳрии шумо пешниҳод кард, ки ду нафар аз олимони варзидаи соҳаро аз шаҳри Москва ба худ ҳаммуаллиф созад. Он вақтҳо ҳамин хел як қоидаи нонавишта вуҷуд дошт, ки ихтироотро олимони номаълуми музофотӣ кашф мекарданду барои он ки он тасдиқи ҷаҳонии худро ёбад, бояд чанд тан аз олимони дар ин соҳа машҳур ба ӯ шарик мешуданд. Маслиҳат чунин буд, ки ҳамин кашфиёт дар ҳайати ҳамон олимони сенафара барои гирифтани Ҷоизаи ҷаҳонии «Нобел» пешниҳод мешуд, вале ҳамшаҳрии шумо розӣ нашуд. Гуфт, ки ин ихтироъ кашфиёти ман аст, он моли мардуми Тоҷикистон аст, бояд аз номи Тоҷикистон пешниҳод шавад.

-Абдулло Ҷумъабоев як навъ ғуруру ифтихори миллие дорад, ки он фаҳмиданашаванда аст. Ӯ намехоҳад, ки аз паси истеъдоду ҳунари модарзодӣ соҳиби пулу молу давлату сарват шавад. Кашфиёти илмии ман моликияти давлати Тоҷикистон аст ва ман онро бояд дар Ватани худ амалӣ намоям,- ин аст мақсади ягонаи ӯ мегӯяд рӯзноманигори шинохта Эгамназари Соҳибназар ва боз илова мекунад:

-Ман худ шоҳиди он будам, ки солҳои 70-уми қарни гузашта овозаи кашфиёти илмии Абдулло Ҷумъабоевро шунида, аз кишвари ҳамсоя харидорони зиёд ба Ғончӣ омаданд ва ҳатто дар ҳамон замоне, ки доштани автомобили «Волга» ба ҳар кас насиб намекард, бар ивази кашфиёти илмиаш ба Абдулло Ҷумъабоев калиди мошини нави «Волга»-ро пешниҳод карда буданд, вале ӯ натиҷаи дастранҷи тӯли солҳои зиёд бадастовардаашро нафурӯхт…

Ин ҳарфҳо мароқи маро барои аз наздик ошно гаштан бо ин марди дорои ҳунари аҷдодӣ бештар намуд.

Маълум шуд, ки Абдулло Ҷумъабоев дар шаҳраки Ғончӣ дар оилаи деҳқон ба дунё омада, пас аз хатми мактаби миёнаи №1- и ноҳия ҳуҷҷатҳояшро ба факултети шарқшиносии Университети  давлатии Тоҷикистон (ҳозира ДМТ) супоридааст, вале дохил шуда натавониста, чанд муддат дар Комбинати коркарди чӯби пойтахт кор кардааст.

Ӯ, ки аз хурдӣ ба расмкашиву наққошӣ ҳаваси калон дошт, солҳои 1974-1978 дар Омӯзишгоҳи рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимови шаҳри Душанбе таҳсил карда, соҳиби касби рассомӣ шуд ва баъдан шуъбаи ғоибонаи факултети иқтисодии Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро хатм карда, соҳиби маълумоти олӣ ва пешаи иқтисодшинос гардид.

-Асрори рангубор ва сирдиҳии кошинҳои ёдгориҳои таърихии қадима, хишту сафолакҳои 1000-1500 сол пеш истеҳсолшуда, ки то ба ҳол сифату кайфияти худро гум накарда, мақбараву мадрасаҳо ва дигар осорҳои таърихиро оро медиҳанд, шавқу завқи маро аз хурдсолӣ ба худ ҷалб карда буд. Аз ин рӯ, ин ковишу ҷустуҷӯҳоро ҳанӯз аввали солҳои 70-уми қарни гузашта дар деҳаи худ сар карда будам. Дар ин бобат асарҳои зиёди таърихӣ, энсиклопедӣ, илмӣ, маҷаллаҳои гуногуни илмию техникиро мутолиа кардам, ба асрори гиёҳҳои табиии дар кӯҳҳои Истаравшану Ғончӣ мавҷуда ошно шудам. Садҳо бор дар лабораторияи шахсии худ санҷишҳо гузаронидам ва ниҳоят ба дарёфти сирри ин қазия муяссар гаштам.  Олимони соҳаи химияи кишварамон кашфиёти илмии маро соли 1985 тасдиқ карданд,- мегӯяд Абдулло Ҷумъабоев.

Дар ҳақиқат мавсуф дар ин бора дар даст санад ҳам дорад. Инак, нусхаи он хулосаи илмӣ бо имзои декани факултети химияи Университети  давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, доктори илми химия, профессор Х.М. Яъқубов, аз таърихи 13 ноябри соли 1985 №319. Дар он гуфта мешавад, ки намунаи рангҳо ва тарзи сирдавонии кошинҳое, ки аз ҷониби рассоми кошинкор А.Ҷумъабоев якҷо бо олимони факултети химияи ин донишгоҳ ихтироъ кардаанд, аз рӯйи таркиб, хусусият, мустаҳкамиву пояндагиашон ба кошинҳои ёдгориҳои таърихии шаҳри Самарқанд наздикӣ доранд.

Баъдан А.Ҷумъабоев дар асоси ин кашфиёти илмӣ ва ихтирооти нодираш соҳиби шаҳодатномаи муаллифии №1413098-и Кумитаи давлатии СССР оид ба ихтирооту кашфиётҳо (1-уми апрели соли 1988), барандаи Ҷоизаи комсомоли ленинии Тоҷикистон (соли 1990), Шаҳодатномаи иштирокчии намоиши Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод  ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (моҳи октябри соли 2013) ва бисёр ифтихорномаву сипосномаҳои дигар шуд.

-Барои шаҳодатномаи «Ихтироъкори СССР»-ро гирифтан роҳбарони илмии ман- академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми химия, профессор Яъқубов Ҳамид Муҳсинович, мудири ҳамонвақтаи лабораторияи химия — доктори илми тиб, профессор Елизаветта Калонтарова, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Иосиф Калонтаров, нависанда ва рӯзноманигори шинохта — шодравон Отахон Латифӣ ва дигарон ёрии калон расониданд. Ниҳоят соли 1988 Шаҳодатномаи «Ихтироъкори СССР»-ро гирифтаму соли 1990 Корхонаи «Глазурь» (дар луғати русиву тоҷикӣ вожаи «глазурь» ҳамчун «сири зарф» шарҳ дода шудааст)-ро ташкил кардам. Дар як мавзеи қумзори шаҳраки Ғончӣ аз бонк қарз гирифта, завод сохтам, пас аз як сол он ба кор даромад. Дар ин ҷо ба ҷуз истеҳсоли кошин истеҳсоли хиштҳои бобоии ба ҳазор дараҷа гармӣ тобоварро ба роҳ мондем. Дар соли аввал зиёда аз як миллион дона хишт истеҳсол кардем. Вале завод ду сол кор накарда, ин мавзеъ хусусӣ шуд ва онро аз ман кашида гирифтанд, зеро корхонаи мо дар баланси «Селхозтехника» қарор доштааст ва онро фурӯхтанд,- бо ҳасрат мегӯяд Абдулло Ҷумъабоев.

Абдулло Ҷумъабоев аз чунин нобаробариҳои кор рӯҳафтода нашуд. Ӯ ба ман лоиҳаҳои чандин нақшаҳои соҳибкорӣ (бизнес-план)-ро нишон дод, ки ҳамаашон дар асоси дастуру роҳнамоиҳои Сарвари давлатамон     Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмҳои ҳарсола ва суханрониҳояшон дар ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти хоҷагии халқи кишвар бармеоянд, таҳия гардидаанд. Лоиҳаҳо оид ба ташкили истеҳсоли кошинҳои сафолӣ аз ашёҳои хоми табиии маҳаллӣ (соли 2008), истеҳсоли семент ва сементи сафед дар ноҳияи Ғончӣ (соли 2008), фармоиши лоиҳавӣ оид ба обёрии заминҳои минтақаи доманакӯҳи ноҳияи Ғончӣ (соли 2009), лоиҳаи сохтмони обанбори хурд дар шаҳраки Ғончӣ, фармоиши лоиҳавӣ оид ба татбиқи истеҳсоли маводи сафолии сохтмониву саноатӣ аз ашёи хоми маҳаллӣ (соли 2013) ва ғайра аз ин ҷумлаанд. Мутаассифона, ягонтои ин лоиҳаҳо амалӣ нашуданд.

-Масалан, барои сохтмони заводи хурди истеҳсоли маводи сафолии сохтмонию саноатӣ ташкилоти ҷамъиятии мо, ки «Глазурь» ном дорад, ҳамагӣ 150000 сомонӣ маблағгузориро талаб менамояд ва ин корхона дар зарфи 3-5 моҳ бунёд гардида, дар ду сол хароҷоти худро пурра пӯшонда, баъдан ба дараҷаҳо фоидаовар мешавад. Дар ин ҷо ба корҳои сирдоркунӣ ва пухтани ашёҳое машғул мешавем, ки аз гилу реги мавҷудаи ин қаламрав ҳосил мешаванд. Чунин маҳсулот ва гиёҳҳои табиӣ, ки барои сохтану рангубору сирдиҳии маҳсулоти саноатию сохтмонӣ истифода мешаванд, ин ҷо захираҳои тамомнашаванда дорад,- мегӯяд Абдулло Ҷумъабоев.

Мо метавонем, дар ҳамин корхона истеҳсоли кошинҳои сирдор, плитаҳо ва маҳсулоти фаянсӣ, хишти бобоии сирдор, чиннӣ, черепитса, хиштҳои ба оташ тобовар, тавлиди рангҳои гуногуни табииро, ки ҳазорсолаҳо умр доранд, ба роҳ монем. Ин гуна маҳсулот ниҳоят бозоргир буда, харидори зиёд дорад.

Муҳимаш он, ки рангу ҷилоҳо (сир)-е, ки мо  истеҳсол хоҳем кард, то ба ҳол ба ин тарзу таркиб ва тоқатоварӣ, мустаҳкамӣ, гармитобоварӣ, аз ҷиҳати экологӣ тозаю безарар ва дарозумриашон дар дунё қиёс надоранд,- мегӯяд Абдулло Ҷумъабоев.

Ӯ ба ман аз киса ду адад кулӯлаи чормағзмонандро бароварда нишон дод ва гуфт:

-Ин яке санги киёҳ аст, ки онро дар мамолики Ғарб «онекс» («чашми гурба») ва дуюмиро «бирюза» (фирӯза) меноманд. Якумин мисли санг аст ва дуюмин сафол. Ҳар дуи онҳоро ман дар натиҷаи дар ҳарорати баланд пухтан аз гилу гиёҳҳои маҳаллӣ истеҳсол кардаам. Ин ҳар ду аз нигоҳи сахтӣ, тобоварӣ ва дарозумриашон аз сангҳои табиии ҳамсонашон ягон фарқ надоранд. Ба изофа ин ҳар ду ҳам дар ҷаҳон қиматбаҳотарин сангҳо ба шумор мераванд. Мо метавонем истеҳсоли бемаҳдуди онҳоро бо хароҷоти ночиз дар ҳамин ҷо ба роҳ монем.

Ман пас аз шунидани ин андешаҳо ба ҳайрат меафтам, ки чаро чунин кашфиёти нодири илмӣ, ки садсолаҳо инҷониб инсоният роҳи ҳалли онро меҷӯяд, мавриди дастгирӣ қарор нагирифта, чунин нақшаҳои соҳибкорӣ амалӣ нашуда мондаанд?

-Ҳазор раҳмат, ба сарвари литсейи касбию техникии №14-и шаҳри Истаравшан Нуриддин Тӯйчиев, ки бекор гаштани маро фаҳмида, даъват намуда, ба ин коргоҳ ҷалб карданд. Мо дар ин ҷо нахустин маротиба гурӯҳи толибилмони кошини тоҷикро ташкил карда, ба даҳ нафар ҳунаромӯзон нозукиҳои ин касбро омӯзонида истодаем,- мегӯяд Абдулло Ҷумъабоев.

-Синни ман имрӯз аз 60 гузаштааст. Метавон гуфт, ки тамоми умри босамарамро ман дар ковишу ҷустуҷӯ ва дарёфти асрори ҳамин касб сарф кардам, вале аз натиҷаҳои кори худ чандон қаноатманд нестам. Дар дил ягона орзу дорам, ки раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ва раиси шаҳри Истаравшан муҳтарам И.Ғ. Абдуллоев ин ибтикори моро дастгирӣ намоянду дар пояи ҳамин таълимгоҳамон, яъне литсейи касбии техникии №14 як миқдор маблағ ва қитъаи замин ҷудо кунанд ва ба мо ёрӣ расонанд, ки ҳамин заводи хурди истеҳсоли маводи сафолии сохтмонию саноатиро дар шаҳри бостонии Истаравшан бунёд намоем,- мегӯяд Абдулло Ҷумъабоев ва дақиқае ба сукут рафта (шояд андешаҳояшро дар мизони ақл бармекашад) ва баъд аз он мегӯяд:

-Дар Италия 315 адад корхонаю муассиса ба истеҳсоли кошинҳои сафолӣ машғуланд ва дар онҳо зиёда аз сӣ ҳазор ҳунармандон машғули кор мебошанд. Чанде пеш дар маҷаллаи «Группа керама»-и Федератсияи Россия хондам, ки дар шаҳри Орёл нахустин маротиба бо истифода аз таҷҳизот ва технологияи итолиёвӣ ба истеҳсоли кошинҳои сафолӣ барои фарши хонаҳо сар кардаанд ва ин маҳсулот хеле зуд ба фурӯш рафта истодааст. Чаро мо дар Тоҷикистони худ, ки захираҳои бою номаҳдуди ашёи хоми маҳаллиро дорад, ин корро ба роҳ намонем? Оё барои мо фурсате фаро нарасидааст, ки истеҳсоли фаянси тоҷикро нахустин маротиба ба роҳ монем?- мегӯяд Абдулло Ҷумъабоев ва меафзояд:

-Мардуми мо ба як чизи оддӣ имрӯз эътибор намедиҳад. Агар дар ёд дошта бошед, аксари одамони пештара хӯрокро дар зарфҳои сафолӣ мехӯрданд, гӯшту ба ҳамин монанд дигар маҳсулоти рӯзгорро дар зарфҳои сафолии сирдор маҳфуз медоштанд. — «Эй хуми шароб, зи куҷо меоӣ?!»,- ба ёд оред ин мисраи Хайёмро,- мегӯяд Абдулло Ҷумъабоев. -Зеро сафоли сирдор бо истифода аз рангҳои аз гиёҳҳои табиӣ истеҳсолшуда хосияти табобативу зиддизаҳрӣ ва дар як ҳарорати сарди муайян нигоҳ доштани ашёҳоро дорад. Ҳоло ҳам баъзе одамони рӯзгордида  сафолакҳои қадимаро кӯфта, ба ҷойи ҷароҳат пахш мекунанд ва он зуд сиҳат меёбад.

Ба ин суханон боз чӣ метавон илова кард? Оё дар ҳақиқат барои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз вақти он фаро нарасидааст, ки ба чунин кашфиёти нодири илмии Абдулло Ҷумъабоев таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, ба амалишавии он мусоидат намоянд?!

Соли сипаригашта яке аз дастовардҳои бузурги кишвари мо ин ворид шудани Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо мебошад. Оё ин моро водор намекунад, ки ба истеҳсоли маҳсулоти нодири аз ашёҳои хоми маҳаллӣ бо сатҳу сифати олӣ, ки дар бозори ҷаҳонӣ харидорони бисёр доранд, таваҷҷуҳ бикунем? Ташкили корхонаву муассисаҳое, ки аз ҷониби Абдулло Ҷумъабоев барин афроди ватандӯсту дилсӯзи миллат пешниҳод мешаванд, оё вазифаи ҷонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату корхонаҳои ба ин кор масъул ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Истаравшан нест? Аз суҳбату мулоқоти зиёд бо Абдулло Ҷумъабоев ҳангоми таҳияи мақола ба чунин хулоса омадам, ки ӯ аз нобарориҳои кору рӯзгори хеш ноумед нест:

-Мо бояд шукрона гӯем, ки дар болои сарамон Эмомалӣ Раҳмон барин Сарвари давлат дорем. «Бунёдкориву созандагӣ, ободии Ватан мароми миллати тоҷик аст»- бо ифтихор ба забон меорад ин суханони Сарвари давлатро Абдулло Ҷумъабоев ва табассум мекунад. Ман эҳсос мекунам, ки ин табассумаш самимӣ, вале дардолуда аст…

Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»