Муноқиша-сабаби нохушӣ

№52 (3037) 29.04.2013

Аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар шаҳри Исфара ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, шаҳрванд Бафохуҷа Почоев дастгир шуд.  Ӯ дар ҳавлии истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи ба миёномада, бо мақсади қасдан расонидани зарар бо корди хоҷагии дар дастдоштааш, як маротиба ба тарафи чапи қафаси синаи ҳамсараш Мубина Шарифова ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ расонидааст. Аз рўйи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Аъзам МӮСОЕВ,

«Садои мардум»