Ниҳолҳои пахта хуб нашъунамо доранд

№81-82 (3066-3067) 01.07.2013

СПИТАМЕН. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО,  «Садои мардум») Бино ба иттилои котиби матбуотии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Пирмуҳаммад Пиров, саҳмдорони хоҷагии «Қизилйер» аз Ассотсиатсияи хоҷагиии деҳқонии «Тоҷикистон» дорои 86 гектар замин буда, ба 47 гектар пахта ,11 гектар гандум, 2,70 гектар пиёз, 3 гектар беда, 22 гектар шолӣ ва дигар зироат кишт намуда, аз аввали саршавии кор аҳлона меҳнат мекунанд. Деҳқонон якчанд маротиба қаторҳои 47 гектар пахтаро коркард карда, обу ғизо доданд. Дар натиҷа, ниҳолҳои пахта хуб нашъунамо доранд.